Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Гурҷистонро аз лаҳни таҳдиду зӯргӯӣ ҳушдор додааст


Сарвазири Гурҷистон Зураб Ноғайдели гуфт, таҳримоти ҷорикардаи Русия таъсири чандоне ба иқтисоди Гурҷистон надорад. Раҳбари Бонки Миллии Гурҷистон Роман Гоцитидзе гуфта, ки то замони дар маърази иҷро қарор доштани ин таҳримот Тифлис ба вуруди Русия ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат мамониат хоҳад кард. Бо ин ҳол имрӯз дар Гурҷистон интихоботи маҷлисҳои маҳаллист. Раисиҷумҳур МС ин маъракаро як имтиҳон барои Гурҷистон дар аснои танишҳои уфтода бо Русия ба қалам дода, аз мардум даъват кардааст дар интихобот фаъолона ширкат варзанд.


Бо вуҷуди раҳоии ҳамаи 4 афсари дар Гурҷистон бо иттиҳоми ҷосусӣ боздоштшудааш Русия ҳар навъ иртиботи нақлиётиву пчтаиро бо он кишвар қатъ кардааст. Дирӯз раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ягон кишвар ҳаққ надорад бо Русия бо забони зӯр ва таҳдид сӯҳбат кунад. Дирӯз Думаи давлатии Русия қарореро қабул кард, ки дар сурати ба гуфтааш идомаи сиёсати зиддирусии Гурҷистон иттихози тадобири шадидтар алайҳи он кишварро тақозо мекунад.


Вазири дифоъи Русия Сергей Иванов, ки бо сафаре дар Қирғизистон ба сар мебарад, дар Бишкек низ ба масъалаи равобити кишвараш бо Гурҷистон дахл карда ва гуфтааст, артиши дарёии Русия бо вуҷуди шикоёти Гурҷистон ба машқҳои низомиаш дар обҳои баҳри Сиёҳ идома хоҳад дод. Оқои Иванов гуфт, Русия нақшаҳояшро ба муҷарради, ба гуфтаи вай, "ҳар бор атса задани Саакашвили" тағйир намедиҳад.


Ва раҳбари идоари сиёсати хориҷии ИА Хавйер Солана эътироф карда, ки сарнавишти Косово метавонад барои Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ ду вилояти ҷудоиталаби Гурҷистон як намуна шавад. Солана дирӯз ба кумитаи равобити хориҷии парлумони Аврупо гуфт, ба эълони истиқлолияти Косово мунҷаир шудани музокироти зери назари СММ барои тамоми арзии Гурҷистон таъсири манфӣ мерасонад.
XS
SM
MD
LG