Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуҳ кишвари ҷаҳон дар "TajikBuild"


Дар намоишгоҳи севвуми байнулмилалии масолеҳи сохтмони «TajikBuild», ки рӯзи сешанбе (19 сентябр) дар пойтахти Тоҷикистон шурӯъ шуд, беш аз 30 ширкати тавлидотӣ аз нуҳ кишвари ҷаҳон маҳсулоти худро ба маърази намоиш гузоштаанд.


Ирина Данилова, раҳбари намоишгоҳи «TajikBuild» гуфт, дар намоишгоҳ ширкатҳои бузурги тавлидоти масолеҳи сохтмон аз кишварҳои Утриш (Австрия), Олмон, Донморк (Дания), Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Русия, Укроин ва ҳамчунин чанд ширкати сохмонии Тоҷикистон ширкат доранд. Хонум Данилова гуфт, ҳузури ширкатҳои маҳаллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи «TajikBuild» ба рушди нирӯи тавлидотӣ ва муъаррифии ин ширкатҳо дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард. Бар гуфтаи бону Данилова, баргузории ин намоишгоҳ ҳамчунин мушкили ҷойгузинии маҳсулоти воридотӣ бо фаровардаҳои худиро ҳал хоҳад кард.


Матлуб Халифаев, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд, дар намоишгоҳи масолеҳи сохтмони «TajikBuild» дар соли гузашта 44 дарсади ширкатҳои ҳозир ҷиҳати воридоту содирот ва тавлиди маҳсулот тавофуқномаҳоеро имзо карданд. Ӯ ҳамчунин афзуд, баргузории чунин намоишгоҳҳо боъиси афзоиши мизони тавлидоти ширкатҳои сохтмонсозии дохилӣ шудааст.


Фаридун Маҳмадов, мудири бахши тиҷории ширкати «DIFAD», ки дар намоишгоҳ аз ширкатҳои бузурги «BOSH»-и Олмон ва «Devi»-и Донморк намояндагӣ мекард, гуфт, дар намоишгоҳ маҳсулоти барқӣ барои сохтмонсозии калон ва маҳсулоти гармизо барои манзилҳо аз ин ду ширкатро ба маърази дид гузоштаанд.


Намоишгоҳи масолеҳи сохтмони «TajikBuild» аз сӯи ширкатии тоҷикии «ITECA Osiyo» ва ширкати бритониёии «ITE group» барпо шудааст. Ширкати «ITE» аз бузургтарин созмондиҳандагони намоишгоҳу ҳамоишҳо дар бозорҳои кишварҳои мустақилли ҳамсуд ва Урупои Шарқӣ аст. Ин ширкат солона ҳудуди 200 намоишгоҳи бузурги байнулмилалӣ дар кишварҳои Осиёву Урупоро созмон медиҳад.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG