Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омрико: Исроил бумбборонро қатъ мекунад


Иёлоти Муттаҳидаи Омрико гуфт, Исроил ризоият додааст, ки бумбборони Лубнонро барои 48 соъат муттавақиф кунад, то ки ҳамлаи хунин ба деҳаи Қоно, ки дасти кам 54 нафар, аксаран занону кудаконро кушт, таҳқиқ шавад. Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо судури як баёния доир ба ҳамла ба Қоно ибрози нороҳатии фавқуллода ва андӯҳ намуда, аммо артиши Исроилро маҳкум накардааст. Бо вуҷуди он ки Куфӣ Аннон - дабири кулли Созмони Милал хостори оташбаси фаврӣ шуда буд, аммо дар баёнияи Шӯрои Амният ба оташбаси фаврӣ даъват нашудааст.


Дар изҳороти Шӯрои Амният доир ба эълон дар мавриди қатъи 48 соатаи бумбборони Лубнон аз тарафи Исроил зикре нарафтааст, зоҳиран ба хотири онки ҳанӯз Тел Авив ин хабарро таъйид накардааст.
Ҳамлаи Исроил ба биное, ки мардуми бегуноҳ онро паноҳгоҳ интихоб карда буданд, хашму эътирози мардум ва иддае аз кишварҳои дунёро барангехт. Нахуствазири Лубнон Фуод Синиора ва раиси ҷумҳури Сурия Башшор Ассад ҳуҷумро ҳамчун "тероризми давлатӣ" ва шоҳи Ӯрдун Малик Абдуллоҳ онро "ҷиноят зишт" хонданд.


Исроил гуфт, ки аз марги шаҳрвандони бегуноҳи Қоно таасуф мехӯрад, аммо ба гуфтаи мақомоти ин кишвар онҳо ба сокинони Қоно ҳушдор дода буданд, ки аз минтақа берун раванд. Ба қавли Исроил, сабабгори ин фоҷиа созмони Ҳизбуллоҳ будааст, зеро аз ин деҳа ба Исроил мушак меандохт. Вазири умури хориҷаи Лубнон гуфт, то кунун дар ин кишвар 750 нафар кушта шудаанд, ки ҷасади қисме аз онҳо ҳанӯз ҳам зери харобаҳост. Низоъи миёни Исроилу созмони Ҳизбуллоҳ тақрибан 20 рӯз пеш баъд аз он сар шуд, ки ду сарбози Исроилиро размандагони Ҳизбуллоҳ асир гирифтанд.
XS
SM
MD
LG