Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳ дар баробари афсарони ришватхор


Додгоҳи низомии вилояти Суғд се афсари баландрутба -- кормандони комиссариати низомии ноҳияи Исфараро дар кӯшиши ришваситонӣ бо роҳи фишор ба як шаҳрванди синни хидмати ҳарбӣ айбдор донист ва барои 3 то 4 сол зиндонӣ кард. Ба гуфтаи Муслим Худойбердиев, додвари Додгоҳи низомии Суғд ва раиси муҳокимаи парванда боздошти ин гурӯҳи сенафара дар мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хидмати низомӣ дар поёни соли 2005 сурат гирифт: Вай гуфт, ки кормандони комиссариати низомии шаҳри Исфара бо сӯиистифода аз ваколатҳои хидматӣ даъватшаванда Акмал Ҳомидовро дар назди бозор боздошт карданд, дар ҳоле ки номи ӯ дар рӯйхати нафарони саркаш ҷой надошт ва ӯ бо қарори комиссияи тиббии Исфара аз хидмати ҳарбӣ озод шуда буд. Аммо кормандони комиссариати низомӣ Ҳомидовро бо роҳи фишор водор мекунанд, ки ба онҳо 500 сомонӣ пардохта, худро наҷот диҳад.
Дар муҳокима ҳар се афсар амали худро иштибоҳи хидматӣ хонда, ба гуноҳи худ қисман иқрор карданд. Имсол бори дуввум аст, ки кормандони комиссариатҳои низомии Суғд барои ҷалби маҷбурии ҷавоно ба артиш ва тамаъҷӯӣ аз онҳо аз сӯи додгоҳи низомӣ маҳкуми зиндон мешаванд. Дар аввали сол комиссари низомии ноҳияи Ғончӣ бо чунин айбнома ба се соли ҳабс маҳкум шуд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG