Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими дафни Слободан Милошевич


Ҷанозаи раҳбари собиқи Югославия Слободан Милошевичро дирӯз дар зодгоҳаш шаҳри Пожареваци Сербия ба хок супурданд. Қаблан дар пойтахти С ербия шаҳри Белград дар маросими видоъ бо ҷанозаи Милошевич ҳудуди 50 000 нафар ширкат варзиданд. Муовини раиси Ҳизби сусиёлисти Сербия Милорад Вучелич ба издиҳоми гирдиҳамомада гуфт, таҳдиди мақомот боиси аз ширкат дар ин маросим сарфи назар кардани аъзои хонаводаи Слободан Милошевич шудааст.

Милошевич рӯзи 11 март дар боздоштгоҳи додгоҳи байналмилалии Лоҳа дар асари сактаи қалб вафот кард. Муҳокимаи парвандаи ӯ бо иттиҳомоти наслкушӣ, ҷиноёти алайҳи башарият ва ҷиноёти ҷангӣ аз соли 2002 ба ин тараф дар додгоҳи Лоҳа идома дошт.
XS
SM
MD
LG