Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси порламони Қирғизистон мехоҳад истеъфо диҳад


Н.Х

Омурбек Тикебоев-раиси порламони Қирғизистон дар Бишкек ба таври расмӣ эълон кардааст, ки мехоҳад аризаи истеъфои худро пешниҳод кунад. Оқои Тикебоев гуфтааст, вай рузи душанбе, 13-уми феврал дар иҷлоси порламон низ истеъфои худро эълон хоҳад кард. Ба гуфтаи оқои Тикебоев, истеъфои вай сабабҳои хусусӣ дорад. Ин хабар дар ҳоле дар Қирғизистон пахш шуд, ки 3-юми феврал Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури ин кишвар порламонро барои бесалоҳиятӣ интиқод кард. Тикебоев дар посух гуфт, интиқоди раиси ҷумҳур появу асос надорад.
XS
SM
MD
LG