Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нарзулло Латифов - аз ҷумлаи хабарнигорони беҳтарини Тоҷикистон


Нарзулло Латифов, хабарнигори радиои Озодӣ аз ҷониби кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ҷумлаи панҷ хабарнигори беҳтарини риштаи варзиши Тоҷикистон дониста шуд. Дар хабаре, ки аз номи кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон нашр шудааст, омадааст, Нарзулло Латифов барои инъикоси фаъолонаи варзиши Тоҷикистон ва тарғиби тарзи ҳаёи солим аз ҷониби кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Шореҳи шинохтаи варзиши кишвар, Нарзуллоҳ Латифов беш аз се сол аст, ки дар радиои Озодӣ ба ҳайси хабарнигори риштаи варзиш фаъолият менамояд. Ва ин барои аввалин бор нест, ки исми ӯ ба ҳайси беҳтарин хабарнигори риштаи варзиши Тоҷикистон садо медиҳад.
XS
SM
MD
LG