Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи додгоҳи 8 нафари муттаҳам ба ҳамалот болои муҳоҷирони тоҷику узбак дар Новосибирск


Дар додгоҳи вилояти Новосибирски Русия баррасии парвандаи ҷиноии як гурӯҳ ҷавонони миллатгарои маҳаллӣ, ки дар ҳамлаи мусаллаҳона болои шаҳрвандони муҳоҷири Тоҷикистону Узбакистон муттаҳам дониста шудаанд, идома дорад. Додситон Василий Мусаткин тақозо кардааст, муҷримон аз 5 то 10 сол зиндонӣ карда шаванд.

Василий Мусаткин дар сӯҳбати тахассусӣ ба радиои Озодӣ дар Маскав гуфт, бозрасӣ исбот кардааст, ки ин гурӯҳи 9 - нафарии ҷавонони шаҳри Новосибирск тобистону тирамоҳи соли 2002 бар зидди мардумони Осиёи Миёна як силсила ҳамлаҳо анҷом дода, 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистонро бо корд захмӣ карда ва пулу либоси онҳоро ба яғмо бурдаанд. Додситон афзуд: "Ин гурӯҳ аз сӯи Михаил Родошкевич ном ҷавони маҳаллӣ ташкил шуда, ба он бародари вай ва 7 тани дигар шомил будаанд. Онҳо дар маҳалҳо ва роҳҳои рафтуомади муҳоҷирон сангар гирифта, онҳоро латукӯб ва ғорат мекардаанд. Дар қиболи боздоштшудагон бо иттиҳомоте ба мисли барангехтани адовати миллӣ ва ҳуҷуми мусаллаҳонаи роҳзанона парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар курсии ҷиноят ҳоло 8 нафар нишастаанд, аммо роҳбари онҳо Родошкевич дар бемористони маризиҳои равонӣ таҳти табобат қарор дорад." Ба гуфтаи додситон, боздоштудагон 3 октябри соли 2002 ба як ҷавони бинокори тоҷик 18 корд задаанд ва як марди 40 -солаи узбакро дар пеши чашми зани рус ва духтари хурдсолаш сахт захмӣ кардаанд.

Дар ҳошияи ин мурофиъаи додгоҳӣ дар Новосибирск хабарнигории РЕГНУМ навиштааст: "Дар ҷараёни мурофиъаи додгоҳӣ аз 7 октябри соли 2003 садҳо шоҳидон -- ҳамсояҳо, шиносҳо ва ҳамсабақҳои боздоштшудагон дар бораи гурӯҳи муташаккили сартарошидаҳо ва ё скинхедҳо ва амалҳои бегонаситезии онҳо гувоҳӣ додаанд ва аммо мурофиъа ахиран ҷараёни дигар касб кард -- шоҳидон ғайриинтизор эълом карданд, ки онҳо зери фишор гувоҳӣ додаанд.

Дар ҳамин ҳол, вакилони додгоҳии муттаҳамон, бо иддаъои ин ки парванда супоришӣ аст, аз додгоҳ тақозо кардаанд, боздоштшудагонро озод кунад. Дар ин бора рӯзномаи "Коммерсант", чопи Новосибирск хабар дода, бо танз навиштааст, "вакилони додгоҳӣ хостори эътирофи бегуноҳии скинхедҳо шудаанд". Ба гуфтаи додситон Василий Мусаткин, додгоҳи вилояти Новосибирск ҳукми худро дар қиболи 8 муттаҳам ба анҷоми ҳамалот болои атбоъиТоҷикистон ва Узбакистон пас аз як моҳи дигар эълом хоҳад кард.
Муҳаммадраҳими Сайдар, шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG