Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Масдуд шудани роҳҳои Бадахшон

Боришоти барфи чанд рӯзи ахир ва фаромадани тарма ҳама роҳҳо ба маркази вилояти Бадахшонро масдуд карда ва шаҳри Хоруғро дар инҳисораи барфин гузоштааст. Дӯстмурод Забиров, масъули дафтари матбуоти вазорати ҳолатҳои изтирории кишвар мегӯяд, баландии барф дар қаламрави Бадахшон аз 60 то 80 сантиметр буда дар шаҳри Хоруғ се манзили истиқоматӣ хароб шудааст. Дӯстмурод Забиров гуфт, масъулини вилоятии вазорати ҳолатҳои изтирорӣ дар пайи тоза кардани роҳҳо мебошанд. Боришоти барф дар Тоҷикистон идома дорад. Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, бегоҳи рӯзи бисту ҳафтуми январ, дар як рустое дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон 12 нафар зери тарма мондаанд. 11 нафар наҷот дода шуда ва як сокини 45 солаи ноҳияи Ванҷ ҳалок шудааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Сухангӯи телевизиони Русия президенти Тоҷикистонро саҳван "Эммануэл" ном бурд

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, Маскав, 9-уми майи 2021

Баранда ё сухангӯи Шабакаи аввали телевизиони Русия рӯзи 9-уми май ҳангоми муаррифии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар Майдони Сурх саҳван ӯро "Эммануэл Раҳмон" ном бурд, вале дафъатан хатои худро ислоҳ кард.

Иштибоҳи сухангӯ ҳангоми пахши зинда аз гашти низомӣ дар Маскав садо дод. Чанде аз расонаҳо ин қисмати муаррифии раиси ҷумҳури Тоҷикистонро буридаанд ва ё бо садои дигаре пӯшондаанд.

Ширкати алюминийи тоҷик ё Талко низ лаҳзаи муаррифии Эмомалӣ Раҳмонро дар Майдони Сурх дар саҳифаи расмии худ дар Ютуб ҷой дода, аммо лаҳзаи хатои барандаро бо садои дигар иваз кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон танҳо раҳбари кишваре буд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро рӯзи 9-уми май дар Иди Ғалаба дар Маскав ҳамроҳӣ кард. Имсол ба пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳон 76 сол пур шуд.

Дар гашти низомӣ дар Маскав беш аз 12 ҳазор низомӣ иштирок карданд. Дар ин маросим ҳамчунин аз 190 техника ва 76 ҳавопаймои низомӣ истифода шуд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин пас аз анҷоми гашти низомӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузоштанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 8-уми май ба Маскав рафт ва дар мавриди ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистону вазъи сарҳади Афғонистон бо Владимир Путин суҳбат кард. Ӯ гуфт, ки Тоҷикистон масоили марзиро бо Қирғизистон танҳо бо роҳи музокирот ҳал хоҳад кард. Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дод ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шудаанд. Душанбеву Бишкек якдигарро ба сар задани муноқиша айбдор мекунанд.

Раиси ҷумҳури Русия дар навбати худ дар бораи пурқувват кардани пойгоҳи 201-ум ва нерӯҳои мусаллаҳои Тоҷикистон гуфт. Пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон макони ҷойгиршавии 7 ҳазор низомии Русия аст. Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ҳузури ҳарбии Русияро замонати ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мешуморанд.

Русияву Тоҷикистон худро шарикони стратегӣ медонанд ва мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухаддир аз муҳимтарин бахшҳои ҳамкории низомии ин ду кишвар ба шумор меравад.

Дар Амрико суҳбатҳои телефонии хабарнигоронро "гӯш кардаанд"

Владимир Путин ва Доналд Трамп, соли 2017 

Кормандони Вазорати адлияи Амрико дар давраи президент Доналд Трамп суҳбатҳои телефонии рӯзноманигорони нашрияи Washington Post-ро пинҳонӣ гӯш кардаанд. Дар тӯли се моҳи соли 2017 гуфтугӯҳои се хабарнигор сабт шудааст. Дар мақолаи Washington Post омадааст, ки сабти ғайриқонунии суҳбатҳо ба гузоришҳо дар бораи нақши Русия дар маъракаи интихоботи президентии соли 2016 рабт дошт. Дар он интихобот Доналд Трамп бар рақиби демократаш Ҳиллари Клинтон пирӯз шуд. Рӯзнома аз ин гуна истифодаи ваколатҳои ҳукумат изҳори нигаронӣ кардааст. Вазорати адлияи Амрико амали кормандони худро дар соли 2017 “сафед” намуд. Бори аввал нест, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба гӯш кардани суҳбатҳои гуфтугӯҳои телефонии хабарнигорон муттаҳам мешавад. Барак Обама, президенти пешини Амрико, низ барои чунин амал алайҳи хабарнигорони “Ассошиэйтед Пресс” мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд.

Як бахши мушаки Чин дар Баҳри Араб афтодааст

Акс аз бойгонӣ

Идораи фазонавардии Чин тасдиқ кард, ки як бахши бузурги мушак (ракета)-и ин кишвар дар Баҳри Араб афтода, вале ҳеч зиёне наовардааст. Ин мушак аз назорат хориҷ шуда, нигарониҳоро ба бор оварда буд, ки шояд дар ягон минтақаи аҳолинишин биафтад. Идораи фазонавардии Чин рӯзи 9-уми май гуфт, ин бахши мушак дар наздикии Малдив, дар Баҳри Араб бархӯрд карда, вайрон шудааст. Мушаки LongB March-ро рӯзи 29-уми апрел ба фазо партоб карда буданд.

Задухӯрди нав байни нерӯҳои исроилӣ ва норозиёни фаластинӣ

Задухӯрд рӯзи шанбе ва дар остонаи шаби Қадр шиддат гирифтааст

Шаби 8 ба 9-уми май ба сабаби таниш дар назди Масҷид-ул-Ақсо, макони севуми муқаддас барои мусулмонон, миёни нерӯҳои амниятии Исроил ва фаластиниён даргирии нав рӯй дод.

Ихроҷи эҳтимолии фаластиниҳо аз хонаҳояшон дар сарзаминҳое, ки яҳудиён иддаои соҳибӣ ба онро доранд, низ иллати даргирӣ будааст.

Ин бархӯрдҳо ҳангоме рух доданд, ки шаби 8-уми май ҳудуди 90 ҳазор фаластинӣ ба муносибати шаби Қадр дар Масҷид-ул-Ақсо гирдиҳам омаданд. Беш аз 60 фаластинӣ захмӣ шуда, ёздаҳ нафар дар шифохона бистарӣ гардидаанд.

Нерӯҳои амниятии Исроил аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода кардаанд.

Дар бархӯрдҳои як рӯз пеш аз он 205 фаластинӣ ва 18 нерӯи амниятии Исроил захмӣ шуда буданд.

Русия қудрати низомии худро намоиш дод

Майдони Сурх, Маскав

Русия рӯзи 9-уми май бо баргузории паради бахшида ба пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳон қудрати ҳарбии худро намоиш дод.

Паради асосии Рӯзи Ғалаба дар Майдони Сурхи Маскав гузашт. Дар он тақрибан 12 ҳазор сарбозу қариб 200 таҷҳизоти низомӣ ва ҳавопаймову чархболҳо иштирок карданд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, маросимро якҷоя бо собиқадорони ҷанг тамошо кард. Ӯ аз замони ба қудрат расиданаш, ё ба ҳайси президент ва ё нахуствазир, кӯшиш кардааст, ки рамзҳои гузаштаи Шӯравиро барои рушди ватандӯстӣ дар Русия барқарор кунад.

Путин ҳангоми суханронияш бахшида ба 76-умин солгарди пирӯзӣ ба Олмони фашистӣ қавл дод, ки Русия манфиатҳои миллии худро дифоъ хоҳад кард, вале он чиро, ки ба иддаои ӯ, бозгашти "Русофобия" буд, маҳкум кард.

"Мо манфиатҳои миллии худро барои таъмини амнияти мардумамон қотеъона ҳимоя хоҳем кард", -- гуфт раиси ҷумҳури Русия.

Паради имсола дар ҳоле баргузор шуд, ки ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" дар моҳи сентябр дар интихоботи порлумонӣ иштирок мекунад, вале бино бар назарсанҷиҳо ҳимояти мардум аз он то 27 дарсад кам шудааст.

Муносибатҳои Русияву Ғарб низ бар сари муноқиша дар Украина ва сарнавишти раҳбари зиндонии мухолифин Алексей Навалний бад шудааст.

Лукашенко маълум кард, ки баъди ӯ қудрат ба дасти кӣ мегузарад

Александр Лукашенко

Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, фармонеро имзо кард, ки дар сурати кушта шудан ва ё иҷро карда натавонистани вазифаҳояш, ваколатҳои президент ба уҳдаи Шӯрои амнияти ин кишвар мегузарад.

Бисёре аз ҳукуматҳо раёсати Лукашенкоро пас аз интихоби баҳсбарангези ӯ дар моҳи августи соли 2020 ва саркӯби бераҳмонаи мухолифин ғайриқонунӣ мешуморанд.

Пештар агар мансаби президент холӣ мемонд ва ё ӯ наметавонист вазифаҳои худро иҷро кунад, то замони савганд ёд кардани раиси ҷумҳури нав қудрат ба дасти сарвазир мегузашт. Аммо бар асоси фармоне, ки рӯзи 9-уми май имзо шуд, салоҳият ба зиммаи Шӯрои Амният гузошта хоҳад шуд.

Ин Шӯроро нахуствазир раҳбарӣ мекунад.

Лукашенко дар моҳи апрел гуфта буд, ки фармони фавқулодаеро дар бораи салоҳиятҳои президент имзо хоҳад кард.

Дар Аврупои Ғарбӣ рӯзи хатми Ҷанги дуввуми ҷаҳонро ҷашн гирифтанд

Садри аъзами Олмон хонум Ангела Меркел

Владимир Путин раисҷумҳури Русия ба ҳамтоёни худ, сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати Иди Ғалаба паёми табрикотӣ фиристода бар нақши ин кишварҳо дар пирӯзи ба Олмони нозӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон таъкид кард. Ӯ ҳамчунон ба "дӯстии бародарвор ва кӯмаки ҳамдигарӣ» даъват кардааст, ки метавонад муносиботи кишварҳоро дар оянда бипайвандад.

Ин паёми Путин, ки рӯзи 8-уми май ироа шуд, дар ҳоле садо дод, ки Аврупои Ғарбӣ 76-умин солгарди хатми Ҷанги Дуввуми ҷаҳониро қабл аз гашти низомии Рӯзи Ғалабаи Маскав, ки 9-уми май баргузор мешавад, таҷлил кард.

Садри аъзами Олмон хонум Ангела Меркел дар як паёме дар саҳифааш дар Твиттер дар ин робита навишт, ки " пос доштани хотираи миллионҳо одамоне, ки дар солҳои истибдоди сотсиал-натсионалисм ҷони худро аз даст доданд, масъулияти ҳамешагии мо боқӣ мемонад".

Рӯзи 7-уми май президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер низ аз ҷиноятҳои фошистон ёдовар шуда гуфт: "муқобилат бо натсионал- сотсиализм ва дар ёд доштани беадолатиҳо ва эҳсоси гунаҳгорӣ демократияи моро заиф намекунад. Баръакс, он нерӯи муқовимат ва устувории деморактияи моро қавтиар мекунад».

Фурӯрезии 15 хона ва 100 гектар замин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. ВИДЕО

Макони фурӯрезии замин дар Абдураҳмони Ҷомӣ. Акс аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар пайи боронҳои шадид замин фурӯ рафта, 15 хонаи сокинон ва 100 гектар киштаи кишоварзон хароб шудааст.

Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 8-уми май хабар дод, ки ҳодиса деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ рух додааст. Кумита ба хотири пешгирӣ аз фалокат ва марги одамон, тасмим гирифтааст аъзои 167 оиларо «ба маконҳои амн» кӯчонанд.

Майор Мурод Муйиддинов, масъули бахши иттилооти Раёсати Куимитаи ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Хатлон рӯзи 8-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «дар мактаби №5 дар деҳаи Навобод 20 хайма задем. Ҳоло сокинон ба ин хаймаҳо омада истодаанд. Ба ин шарҳчаи хаймаҳо хати барқ гузаронида шуд, нуқтаи тиббӣ ҳам фаъол гашт. Кормандони шӯъбаи корҳои дохила ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода шабонарӯзи навбатдорӣ хоҳанд кард»,

Ба гуфтаи Муйиддинов, дар пайи ин ҳодисаи табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва чорвои мардум ҳам ба ҷойи амну бехатар кӯчонида шуд. Ба иддаои мақомот зарардидагон бо се вақт ғизо ва оби нӯшокӣ таъмин шудаанд.

Навор аз корбарони Радиои Озодӣ аз ҷойи ҳодиса:

Фурӯрезии 100 гектар замин ва 15 хона дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Барои бартараф кардани оқибатҳои ин офати табиӣ ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил ва Давлатшо Гулмаҳмадзода, муовини нахуствазир раиси он таъин шудааст.

Ҷаласаи нахустини ситод дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имрӯз доир шудааст, Рустам Назарзода раиси Кумитаи ҳолатҳои фақулода ва мансабдорони дигар ширкат доштаанд. Ситод қарор кардааст, барои бунёди як шаҳрак барои сокинони осебдида дар минтақаи бехатар замин ҷудо кунад. Мақомот мегӯянд, мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва заминшиносон вазъи ба амаломадаро шабонарӯзӣ назорат доранд.

Боронгарии зиёд ва селхезӣ дар чанд рӯзи ахир, дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла Ашту Деваштич боиси тахриби хонаву роҳ ва пулҳои одамгузар шудааст. Селоби рӯзи 6-уми май, дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт, ба сокинони ин русто хисороти ҷиддӣ расонидааст.

Корбарони Озодӣ бо ирсоли навору акс мегӯянд, дар пайи омадани сел, роҳу хонаҳои мардум тахриб шудааст. Бинобар иттилои расмӣ, селоб беш аз 8 километр роҳ ва 10 пулро дар ноҳияи Аштр хароб кардааст. Сокинон мегӯянд, селоби зиёновар, онҳоро аз оби нӯшокӣ ҳам маҳрум сохт. Ба далели вайрону пур аз лойу санг шудани роҳҳои пиёдагарду мошингард бархе сокинони деҳ аз хонаи худ баромада наметавонистаанд.

Дар ноҳияи Деваштич ҳам борони шадид ва селоба дар 3 рӯзи ахир роҳу заминҳои кишти мардумро шуставу валангор кардааст. Сокинон мегӯянд, боғу заминдорӣ манбаи аслии пешбурди зиндагияшон буд, ҳоло намедонанд аз кадом ҳисоб рӯзгори худро пеш мебаранд. Харобкориҳои сел дар минтақаҳои дигари кишвар ҳам идома дорад. Аз ҷумла дар деҳаи Кӯлчашмаи вилояти Хатлон сел 15 манзили зист ва ду пулро вайрон кардааст. Ҳамин тавр дар деҳаи Бобониёз Тошеви шаҳри Турсунзода селоб таҳхонаи 14 хонаи истиқоматӣ, ҳамчунин 4 гектар хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои кишти деҳононро хароб намудааст. Ҳаҷми умумии хисороти офати табии дар минтақаҳо ҳоло дақиқ нашудааст.

Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, аз соли 1992 то соли 2016 дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ иқтисоди Тоҷикистон тахминан 1 миллиарду 800 миллион доллар зиён дидааст ва ин фалокатҳо ба мисли обхезиву, заминларзаву ярч ва тарма, ба 7 миллион нафар асари манфӣ гузоштаанд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба ваксинаи сохтаи Чин иҷозаи истифода дод

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 7-уми май ба таври изтирорӣ ба ваксинаи тавлидкардаи ширкати давлатии Sinopharm-и Чин иҷозаи истифода дод.

Ин нахустин ваксинаи сохти кишвари ғайри ғарбӣ аст, ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ иҷозаи истифода дод. Ин ваксина аллакай ба бадани миллионҳо сокини Чин ва 45 кишвари дигари ҷаҳон тазриқ шудааст.

Гуруҳи мушовирони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ самарабахшии ин ваксинаро дар ҳолати ду дафъа гузаронида шудани он ба бадани инсон, 79 дарсад арёзбӣ карданд. Ин ваксина барои афроди аз 18 сола боло бехатар гуфта мешавад.

То кунун Сомзони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба таври изтирорӣ ба истифодаи ваксинаҳои зидди COVID-19 аз ширкати Pfizer-BioNTech, AstraZeneca, Johnson & Johnson ва Moderna ризоият додааст.

Феҳристи вакcинаҳои изтирории Сомзони Ҷаҳонии Тандурустӣ дастуруламале барои мақомоти тандурустии кишварҳост, ки бехатарӣ ва самаранокии саксинаро тасдиқ мекунад. Ваксинаҳои шомилшуда ба ин феҳрист ҳамчунон тавассути барномаи COVAX харидорӣ ва ба кишварҳои фақири дунё тақдим карда мешавад.

Тедрос Адҳаном Гебрейсус, дабири кулли Сомзони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, “бештар шудани ваксинаҳои тасдиқшудаи зидди COVID-19, ки ҳамакнун барномаи COVAX метавонад аз он харидорӣ кунад, ба мақомоти тандурустии кишварҳо имкон фароҳам меорад, ки зудтар онро тадиқ карда ворид кунанд ва ба тавзеи он ба сокинон шурӯъ намоянд”.

Барномаи COVAX ҳадаф дорад кишварҳои фақири дунёро бо 2 миллирад вояи ваксина таъмин кунанд. Мақомоти тандурустии Иттиҳоди Аврупо, Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ваксинаи Sinopharm, ки дар заминаи технологияҳои куҳна офарида шудааст, насанҷидаанд.

Дар ҳамин ҳол, ваксинаи дуввуми сохти Чин ҳам дар баробари ваксинаи Sputnik-V-и Русия дар баррасии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ қарор дорад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба. 08.05.2021

Имрӯз 8-уми май президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кардааст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, ин сафар бо даъвати Владимир Путин раисҷумҳури Русия сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, дар рафти ин сафар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин доир мешавад. Президент Раҳмон рӯзи 9-уми май дар гашти низомии Иди Ғалаба дар Майдони сурхи Маскав ширкат мекунад.

Қабл аз ин сафар, субҳи 8-уми май раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Душанбе ширкат варзид. Қаблан Абдуфаттоҳ Шарифзода сухангӯи президент гуфта буд, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскав рӯзи 9-уми май, сурат мегирад.

Дар мулоқоти Раҳмон ва Путин мавзӯи ҷанҷолҳои охир дар марз бо Қирғизистон баррасӣ хоҳад шуд. Се рӯз қабл Абдуфаттоҳ Шарифзода, роҳбари хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд: "Тоҷикистону Қириғизистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ҳастанд ва, аз ин рӯ, ин мавзуъ дар мулоқот баррасӣ хоҳад шуд".

Дар ҳамин ҳол, сафари Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон ба Маскав дар назар нест. Дмитрий Песков, сухангӯи Путин дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, "ширкати президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар ҷашни Рӯзи ғалаба дар назар нест".

Қаблан Владимир Путин барои миёнравӣ дар ҳалли ҷанҷолҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ибрози омодагӣ карда буд. Дар ҷангу ҷидоле, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон пас аз чанд рӯзи муноқиша гуфтанд, дар задухӯрди мусаллаҳона дар марз 87 нафар сокинони Тоҷикистон захмӣ ва 19 нафар кушта шуданд. Ёздаҳ нафари кушташудаҳо низомӣ ҳастанд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохтаанд.

Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози даргирӣ муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд. Тоҷикистону Қирғизистон оташбаси доимӣ эълон карда, нерӯҳои худро аз минтақаҳои наздисарҳадӣ берун бурданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро мушаххасу аломатгузорӣ кардаанд. Минтақҳои боқимонда, иборат аз обу замину чарогоҳ, баҳсӣ ҳастанд ва сари чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинону нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

Дар Ҳиндустон ба ҷорӣ кардани реҷаи хонанишинӣ даъват доранд, дар Аврупо маҳдудиятҳо сабуктар мешавад

Маросими сӯзонидани ҷасадҳо дар Ҳинд. Мумбай

Нарендра Моди, нахуствазири Ҳиндустон зери фишори афзояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷиҳатӣ ҷорӣ кардани реҷаи шадиди хонанишинии (карантин) саросарӣ қарор дорад. Зеро гирифтории сокинони ин кишвар ба бемории COVID-19 ва маргу мир аз он, ҳоло ягон аломати камшавӣ надорад. Бисёре аз коршиносони соҳаи тиб, мухолифон ва додрасҳои Додгоҳи Олӣ ба ҷорӣ кардани реҷаи хонашинии умумимиллӣ даъват доранд. Зеро беморони COVID-19 бинобар ҷой набудан наметавонанд ба шифохона раванд, мурдахона ва крематорияҳо бо иқтидори пурраи худ талош доранд ҳама фавтидагонро фаро гиранд.

Ҳиндустон дар 7 рӯзи охир аз 3 миллион ҳолати нави гирифтории сокинон ба короновирус хабар дод ва дар 10 рӯзи охир, ҳар рӯз беш аз 3 ҳазор нафар дар ин кишвар аз бемории ҳамагир мефавтанд. Афзоиши ба шиддати сирояти короновирус дар Ҳиндустон рӯи умедвориҳо дар мавриди наздик шудани поёни пандемия таъсир гузошт. Аммо дар бисёре аз кишварҳои пешрафта мизони сироят ба бемории ҳамагир баробари афзоиши эмгузаронӣ коҳиш меёбад. Испания яке аз он кишварҳост ва охири ҳафтаи равон маҳудиятҳои саросарии марбут ба пандемияро сабук хоҳад кард, аз ҷумла маҳдудияти сафар карданро.

Як ҳафта қабл аз оғози расмии мавсими сайёҳӣ рӯзи 8-уми май, Юнон соҳилҳоро барои сайругашт ва оббозӣ боз мекунад. Дар шаҳри Бухарести Руминия бо ширкати 1200 нафар ризокорон, рӯзи 8-уми май маъракаи се шабонарӯзии эмгузаронӣ шурӯъ мешавад.

Вазири тоҷик доир ба низоъ дар марз бо дипломатҳои хориҷӣ гуфтугӯ кардааст

Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндагони Созмони Милал ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтугу кардааст.

Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 7-уми май бо ду дипломати баландпоя муноқиша дар марз бо Қирғизистонро баррасӣ карда ва гуфтааст, Душанбе музокиротро роҳи ягонаи ҳалли масъала медонад.

Вазорати умури хориҷӣ рӯзи 7-уми май бо нашри ду баёния гуфт, Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳелга Шмид, дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Сезин Синаноғлу, ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон суҳбатҳои алоҳида доштааст.

Аз дигар тараф Миргул Молдоисоева, намояндаи доимии Қирғизистон дар СММ дар гуфтугуи телефонӣ бо Антонио Гутерреш, дабири кулли ин созмон айни масъаларо баррасӣ кардааст.

Ба гуфтаи вазорат, Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷараёни гуфтугу бо Ҳелга Шмид дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Қирғизистон ва натиҷаи музокироти ду кишвар барои ба эътидол овардани вазъ иттило додааст. Дар баёния омадааст, дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз тавофуқоти ду тараф барои созиши оташбас ва ҳалли низои мусаллаҳона истиқбол карда ва онҳоро ба идомаи музокирот барои коҳиш додани танишҳо ташвиқ кардааст. Дар баёния омадааст: “Дабири кулли САҲА кумаки ҳамаҷонибаи созмонро барои мусоидат ба ҳалли мусолиматомези ҳолати ба вуҷудомада пешниҳод кард.”

Рӯзи 29-уми апрел дар натиҷаи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 50 нафар кушта шуданд ва садҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Низоъ барои як маркази тақсими об дар як минтақаи баҳсбарангези марз дар сарҳади вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканд сар зад. Дарғоти мазкур дар як маҳалли аломатгузоринашудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон қарор дорад. Ҳарду тараф якдигарро ба барангехтани иғво ва оғоз кардани тирандозӣ муттаҳам мекунанд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар баёнияи дигаре аз рӯзи 7-уми май хабар дод, ки Сироҷиддин Муҳриддин низоъ дар марзро бо Сезин Синаноғлу, ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар Душанбе баррасӣ кардааст. Дар баёния омадааст, ки ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар баёнияи омадааст, ки дар гуфтугуи рӯ ба рӯ бо Сезин Синаноғлу, вазири тоҷик таъкид кардааст, ки “Душанбе иродаи қавии сиёсӣ дорад, ки ҳамаи масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории марз бо Қирғизистонро танҳо аз тариқи музокирот ва бар пояи тавофуқоти қаблии тарафайн ҳаллуфасл кунад.”

Дипломати баландпояи Созмони Милал ба гуфтаи вазорат аз тавофуқоти Тоҷикистону Қирғизистон барои оташбас, имзои протоколҳо оид ба ҳалли низоъ ва азсаргирии гуфтушунидҳо оид ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳад истиқбол кардааст.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон рӯзи 7-уми май хабар дод, ки дар ҷараёни гуфтугуи телефонии Миргул Молдоисоева ба Антонио Гутерреш доир ба муноқишаи рӯзҳои 28 ва 30-уми апрел ва авзоъ дар минтақаҳои марзии Қирғизистон иттилоъ додааст. Дар баёнияи вазорат омадааст, ки дар ҷараёни муноқиша 36 шаҳрванди кишвари ҳамсоя кушта шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар натиҷаи даргириҳо 19 нафар ба ҳалокат расиданд ва бештар аз 80 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Пештар аз ин вазорати умури хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки Дониёр Мукашев, намояндаи доимии ин кишвар дар идораҳои Созмони Милал дар шаҳри Женева ба Мишел Бачелет, раиси Кумиссиёни Олии Ҳуқуқи Башари СММ доир ба муноқиша дар марз ва талафот дар он гуфтугу кардааст. Ӯ ба дипломати қирғиз гуфтааст, кумиссиёни мазкур аз оғоз вазъ дар марзи ду кишварро назорат мекунад ва хостори роҳ надодан ба шиддат гирифтани танишҳо шудааст.

Таҳқиқоти журналистӣ: Шиносномаи ҷосуси рус санади воқеии як шаҳрванди Молдова буд

Шиносномаи Молдова бо номи Николай Попа ва паспорти Тоҷикистон ба номи Руслан Табаров дода шудааст

Як хабарнигори таҳқиқгари вебсайти RISE Moldova маълум кардааст, ки шиносномаи шаҳрванди Молдова, ки онро ҷосуси рус Александр Мишкин (маъруф бо номи сохтаи “Александр Петров”) истифода кардаст, нусхаи шиносномаи воқеӣ будааст. Владимир Тхорик, корманди RISE Moldova дар шабакаи Фейсбук навишт, ки мушаххас кардани соҳиби воқеии шиносномаи сохта бо ёрии ҳамкорони хориҷиаш имконпазир шуд. Аз ин пеш вебсайти таҳқиқотии Bellingcat нусхаи шиносномаи шаҳрванди Молдова ба номи Николай Попаро чоп кард. Моҳи апрел мақомоти Чех гуфтанд, ки дар таркиши як анбори силоҳе дар шаҳри Врбетитсеи ин кишвар дар соли 2014 ду ҷосуси рус гумонбар мешаванд.

Мақомоти тафтишотии чех гуфтанд, ки қабл аз даромадан ба анбор, нусхаҳои шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Молдова ба маъмурияти ин анбор ирсол шуд, то ки онҳо ба дохили он роҳ ёбанд. Айни замон, дар шиносномае ба номи Попа, акси Мишкин-“Петров” часпонида шуда буд. Маълум нест, ки оё ин шиноснома барои ба анбор дохил шудан истифода шудааст ё на, чунки ҷосусони рус ба Ҷумҳурии Чех бо шиносномаҳои сохташуда ба номи Александр Петров ва Руслан Боширов ворид шуданд.

Журналистони Молдова маълум кардаанд, ки барои таҳияи нусхаи шиноснома ба номи Николай Попа шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Молдова Виталий К. аз ноҳияи Дрокиевскии Молдова истифода шудааст. Ин шахс дар ИМА зиндагӣ мекунад. Соҳиби воқеии шиносномаро тавассути маълумот оид ба сафарҳои байналмилалӣ маълум кардаанд. Маълум шудааст, ки Виталий К. ин шиносномаро то соли 2015, яъне ҳатто баъди таркиш дар Врбетитсе истифода мекард. Худи Виталий К. ин хабарро тасдиқ карда гуфтааст, ки ба ҳангоми парвоз тавассути Маскав дар зонаи транзитӣ истода ҳеҷ гоҳ бо ин шиносномааш мушкиле надоштааст. Дар шиносномаи сохташудаи Мишкин-"Петров" аз шиносномаи воқеӣ танҳо рақам ва соли содир шудани ин санад боқӣ монда, санаи таваллуд сохтакорӣ шудааст. Дар Молдова таҳқиқи расмии ин қазия шурӯъ шудааст.

Маълум нест, ки оё мақомоти Тоҷикистон ҳам ин қазияро таҳқиқ мекунанд ё на. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-юми апрел гуфт, ба нафаре бо номи Руслан Табаров, ки дар таркиши анбори силоҳ дар Чехия муттаҳам аст, шиноснома надодааст. Мақомоти Чехия рӯзи 17-уми апрели имсол гуфтанд, шаҳрвандони Русия бо шиносномаҳои молдовӣ ва тоҷикӣ соли 2014 вориди Чехия шудаанд ва дар таркиши анбори силоҳе дар деҳаи Врбетитсе дар шарқи ин кишвар даст доранд. Ҳоло онҳо ба кофтукоби байналмилалӣ дода шудаанд.

Дар изҳороте, ки рӯзи 23-уми апрел Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш нашр кард, гуфта мешавад, ки бо чунин ном ва рақам Тоҷикистон ба касе шиноснома надодааст.

ВКД гуфтааст, ки мақомоти Чехия дар ин бора аз онҳо маълумот нахостаанд.

Полиси Ҷумҳурии Чех гуфт, Петров ва Боширов аз 11 то 16-уми октябри соли 2014 дар Чехия буданд ва аз шиносномаи Молдова ба номи Николай Попа (санаи таваллуд 18-уми июли соли 1979) ва аз шиносномаи Тоҷикистон ба номи Руслан Табаров (санаи таваллуд 23-юми октябри соли 1975) истифода кардаанд.

Боширов ва Петров гумонбарони асосии заҳролудкунии ҷосуси дугона Сергей Скрипал ва духтараш дар соли 2018 дар Бритониё ҳастанд ва иттиҳомоти охири мақомоти Чехия моҷарои нави дипломатии миёни Маскав ва Аврупоро барангехт. Аз ҷумла, баъди ин изҳорот 18 дипломати рус аз Прага ва 20 дипломати чех аз Маскав берун карда шуданд.

Баъди оташе ба сӯи пойгоҳи полис дар соҳили Ғарбӣ ду фаластинӣ кушта шуд

25-уми апрел, Каронаи Ғарбӣ. Эътирози зидди Исроил

Рӯзи 7-уми май дар соҳили Ғарбии рӯди Урдун дар паи оташе ба сӯи пойгоҳи низомии исроилӣ, ду фаластинӣ кушта ва сеюмӣ ҷароҳати вазнин бардошт. Полиси марзбонии Исроил гуфт, ки ин се нафар ба сӯи пойгоҳи полиси марзии “Салом” дар шаҳри Йенин оташ кушоданд. Муҳофизони пойгоҳ дар ҷавоб оташ кушода ду нафарро куштанд ва сеюмӣ бо ҷароҳатҳои сангин ба беморхона интиқол дода шуд. Дар ҳодисаи ҷудогонае полиси Исроил 15 ширкатдори задухӯрдҳо дар шарқи Байтулмуқаддасро боздошт кард. Ин нафарон барои сангандозӣ ба сӯи афсарон ва мошинҳои онҳо дар маҳаллаи Шайх Ҷарраҳи субҳи 7-уми май гумонбар мешаванд.

Ин ҳодисаҳо дар соҳилҳои Ғарбии рӯди Урдун дар ҳолест, ки ҳам исроилиҳо ва ҳам фаластиниҳо даъво доранд, ки ин қаламравҳо аз они онҳо мебошанд.

Додситони Панҷ барои афсари муттаҳам дар марги милиса 5-сол зиндон хост

Меҳроншоҳ Ҷумъаев, афсари милиса, ки моҳи феврал фавтид

Додситони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз додгоҳ хостааст, Насим Амирзода, донишҷӯи соли чоруми бахши ғоибонаи Академияи вазорати корҳои дохилиро ба 5 соли зиндон маҳкум кунад. Ӯ дар марги ҳамкораш Меҳроншоҳ Ҷумъаеви 25-сола, афсари милисае, гунаҳкор дониста мешавад, ки рузи 7-уми феврал дар бинои ШКД-и ноҳияи Панҷ ҷон бохт.

Мақомот гуфтанд, Насим Амирзода аз рӯи иттиҳоми "куштор аз беэҳтиётӣ" дар додгоҳ посух мегӯяд. Ин модда ба муҳлати аз ду то панҷ сол зиндон ва маҳрум намудан аз ишғоли мансабро пешбинӣ мекунад.

Як манбаъ аз додгоҳ бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 7-уми май зери раҳбарии додрас Бахтиёр Абдураҳмонзода баргузор шуд. “Дар ин мурофиа вакилони дифои ҳарду ҷониб баромад карда додситон барои Насим Амирзода аз додгоҳ панҷ соли зиндон талаб кард”,--гуфт ҳамсуҳбати мо. Манбаъ гуфт, додгоҳ ба хонаи машваратӣ рафт ва қарори ниҳоиро ҳафтаи оянда содир хоҳад кард.


Наздикони Меҳроншоҳ Ҷумъаев гуфтанд “ба одилона сурат гирифтани мурофиаи додгоҳӣ бовар доранд”. Аммо пайвандони Насим Амирзода аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд ва гуфтанд, “ҳамагуна маълумотро аз додгоҳ пурсед”.

Меҳроншо Ҷумъаев 7 -моҳ пештар аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун ба ноҳияи Панҷ ба кор гузашт ва унвони лейтенанти калони милисаро дошт. Ҳалокати кормандони милиса аз беэҳтиётии ҳамкорон кам ба назар мерасад, аммо чунин ҳолат дар миёни сарбозон бештар аст. Се сол пеш Додгоҳи вилояти Хатлон капитани милиса Алишер Давлатовро, ки норинҷакандози пайдокардааш боис ба марги муфаттиш Муҳиддин Зоҳидзода дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) шуд, ба мӯҳлати 2,5 сол зиндонӣ карда буд.

Дар як рӯз чор эътирозгари беларусӣ ҳукм гирифтанд

Минск, мурофиаи додгоҳии таҳқири намояндаи давлат

Дар Беларус чанд фаъоли ширкатдори намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои президенти Беларус Александр Лукашенко ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Дар Беларус баъди интихоботи президентии моҳи августи порсол эътирозҳои сартосарӣ сар зад ва мақомот даст ба саркӯбу боздошти фаъолон заданд. Рӯзи 6-уми май додгоҳи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Минск Сергей Сикорскии 45-соларо дар ширкат дар “беназмиҳои ҷамъиятӣ ва нигаҳдории нашъа” гунаҳкор карда ба 9 соли зиндон маҳкум намуд. Сикорски яке аз эътирозгароне буд, ки рӯзи 9-уми август ба нишони норизоият аз натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 9-уми август дар раҳпаймоиҳо иштирок кард. Лукашенко аз соли 1994 ба ин сӯ дар қудрат аст. Мухолифонаш мегӯянд, ки натиҷаҳои интихоботи ахир ҳам тақапллуб шуд ва барандаи воқеӣ намояндаи мухолифон Светлана Тихановская мебошад. Вақте полис барои пароканда кардани эътирозгарон омад, онҳо ба сӯи ходимони полис сангу дигар чизҳо партофтанд. Сикорски дар додгоҳ гуфт, ки воқеан ҳам дар намоишҳои эътирозӣ иштирок кард, вале ҳеҷ кори баде накарда, баръакс, ба онҳое, ки аз ҷониби полис ҳамла шуданд, ёрӣ расонидааст. Маълум нест, ки дар заминаи доштани маводи мухаддир ӯ чӣ посух додааст. Муфаттишон мегӯянд, ки вақте моҳи сентябр ба хонаи Сикорский барои боздошти ӯ рафтанд, диданд, ки ӯ таҳти таъсири маводи мухаддир буд ва инро санҷиши тиббӣ ҳам тасдиқ кардааст ва гӯё баъдан маълум карданд, ки ӯ як тоҷири нашъа будааст.

Додгоҳи Первомайский рӯзи 6-уми май Евгений Рапин, эътирозгари дигарро ба се соли зиндон маҳкум кард ва гуфт, ки ӯ моҳи октябр дар як намоиши эътирозӣ дастгоҳи наворбардории амниятии насбшуда дар девори бездоштгоҳи шаҳри Минскро шикастааст. Рапин, падари се фарзанд, дар додгоҳ ба гуноҳаш иқрор шуд ва бо ҳамин сабаб муҷозоти сабуктар гирифт. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Рапин ба корҳои маҷбурӣ фиристода шуда, айни замон дар маҳалли начандон дур аз хонааш қарор хоҳад дошт.

Инчунин дар шаҳри Брест рӯзи панҷшанбе сокини маҳаллӣ Сергей Зубович ба 18 моҳи маҳдудияти озодӣ маҳкум карда шуд. Зубович бо иттиҳоми нашри таҳқир дар ҳақи сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва фасод Михаил Карпянков, ки ҳоло муовини вазир аст, гунаҳгор дониста шуд. Нафари чоруме, ки ҳамчунин дирӯз ба 18 моҳи маҳдудияти озодӣ ва пахши иттилои дурӯғин дар бораи полис маҳкум шуд, Людмила Тсарану мебошад. Тсарану гуфт, ки худро гунаҳгор намеҳисобад.

Комроншоҳ низ дар мусобиқаи ҷудо "Kazan Grand Slam 2021” ноком шуд

Комроншоҳ Устопириён, варзишгари тоҷик

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Kazan Grand Slam 2021” дар пойтахти Тотористон – шаҳри Қазон рақобатҳои худро бебарор анҷом доданд.

Дар рӯзи охирини мусобиқа – 7-уми май -Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило дар аввалин рақобаташ аз Санширо Мураои ҷопонӣ мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи мазкур қаблан Абумуслим Қаюмзода ва Шаҳбоз Саидаброров - ҳарду дар вазни то 60 кило, Алиҷон Сафаралиев ва Баҳром Суфиев - ҳарду дар вазни то 66 кило, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило ва Акмал Муродов дар вазни то 81 кило шикаст хӯрда буданд.

Ба ин тартиб, ҳамаи ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шомил буданд, дар ин мусобиқа ноком шуданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи «Kazan Grand Slam 2021” беш аз 400 варзишгар аз 79 кишвари панҷ қораи ҷаҳон ширкат карданд.

Варзишгарон ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ ва ҷоизаҳои молӣ шуданд. Ин охирин мусобиқа пеш аз қаҳрамонии ҷаҳон ва Олимпиадаи Токио буд.

Ҳамакнун варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки аз 6-ум то 13-уми июн дар Будапешти Маҷористон доир мегардад, иштирок хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Kazan Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 5-7-уми май дар Қазон баргузор шуд, дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 4 медали тилло, 6 нуқра ва 5 биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб гашт. Мунтахаби Ҷопон бо касби 3 медали тилло ва 1 биринҷӣ мақоми дуюм ва мунтахаби Фаронса бо касби 2 медали тилло ва 1 нуқра мақоми сеюмро азони худ карданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Kazan Grand Slam 2021”:

Мардон

-60 кг
1. ЧХВИМИАНИ Лухуми (Гурҷистон)
2. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)
3. АБДУЛЛОЕВ Рамазоан (Русия)
3. СЮКЕНОВ Даурен (Қазоқистон)

-66 кг
1. ЧОПАНОВ Мурод (Русия)
2. МИНКУ Дмитрий (Беларус)
3. КУАНОВ Йессет (Қазоқистон)
3. ШАМИЛОВ Яъқуб (Русия)

-73 кг
1. МАҲМАДБЕКОВ МАҲМАДБЕК (Русия)
2. ХОҶАЛИЕВ Аюб (Русия)
3. СКВОРТСОВ Виктор (Имороти Муттаҳидаи Араб)
3. ТАТАЛАШВИЛИ Нугзарӣ (Гурҷистон)

-81 кг
1. УНГВАРИ Аттила (Маҷористон)
2. ХУБЕТСОВ Алан (Русия)
3. ФОТИЕВ Мурод (Озарбойҷон)
3. ЛИ Сунгҳо (Кореяи Ҷанубӣ)

-90 кг
1. МУРАО Санширо (Ҷопон)
2. ТРИППЕЛ Эдуард (Олмон)
3. МАЙСУРАДЗЕ Лука (Гурҷистон)
3. МАҶДОВ Неманҷа (Сербия)

-100 кг
1. КАТАРИНА Симеон (Ҳолланд)
2. АДАМЯН Арман (Русия)
3. БИЛОЛОВ Ниёз (Русия)
3. ЧО Гуҳам (Кореяи Ҷанубӣ)

+100 кг
1. АШАЕВ Тамерлан (Русия)
2. СИЛВА Рафаэл (Бразилия)
3. ФРЕЙ Ҷоҳаннес (Олмон)
3. МОУРА Давид (Бразилия)

Занон

-48 кг
1. ТОНАКИ Фуна (Ҷопон)
2. ДОЛГОВА Ирина (Русия)
3. ХУБУЛОВА Ирэна (Русия)
3. МИЛАНИ Франческа (Италия)

-52 кг
1. АБЕ Ута (Ҷопон)
2. ГНЕТО Астрид (Фаронса)
3. ПЕРЕС БОКС Ана (Испания)
3. СЧОП Евелин (Швейтсария)

-57 кг
1. РЕСЕВО Елена (Фаронса)
2. МЕЖЕТСКАЯ Даря (Русия)
3. ПЕРИСИК Марика (Сербия)
3. СТОЛЛ Тереза (Олмон)

-63 кг
1. ОЗДОБА-БЛАЧ Агата (Полша)
2. ҚУАДРОС Кетлейн (Бразилия)
3. ВОЛКОВА Екатерина (Русия)
3. ВЕРМЕЕР Санни (Ҳолланд)

-70 кг
1. ТАЙМАЗОВА Мадина (Русия)
2. СКОЧЧИМАРО Ҷованна (Олмон)
3. АРАИ Чизуру (Ҷопон)
3. БЕРНҲОЛМ Анна (Шведсия)

-78 кг
1. ВАГНЕР Анна Мария (Олмон)
2. АУСМА Наташа (Ҳолланд)
3. МАЛЗАҲН Луисе (Олмон)
3. ТУРЧИН Анастасия (Украина)

+78 кг
1. ДИСКО Романе (Фаронса)
2. ГЛУШКАЯ МАРИНА (Беларус)
3. АЛЗЕМАН Мария Суелен (Бразилия)
3. СОУЗА Беатриз (Бразилия)

Блинкен гуфт, ИМА ироаи кӯмакҳои бештари низомӣ ба Украинаро баррасӣ дорад

6-уми май, Киев. Президенти Украина Владимир Зеленский ва котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, дархости мақомоти Киевро баррасӣ мекунанд, ки гуфтааст, ба хотири боздоштани тавсеаи хашини нирӯҳои Русия дар марз бо Украина ба ёрии бештари низомӣ ниёз дорад. Киев аз ИМА системаҳои дифои зиддимушакӣ ва фанновариҳои зиддиснайперӣ, инчунин имкони ҷойгир крадани мушакҳои навъи Patriot-ро дар хоки Украина дархост кардааст. Блинкен, ки рӯзи 6-уми май дар Киев бо президенти Украина Владимир Зеленский дидор кард, дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт:

«Пентагон – вазорати дифои мо як шарики аслии Украина мебошад. Ҳоло ин ниҳод андеша дорад, ки ба иловаи ёриҳои қобили мулоҳизае, ки то ҳол карда шудааст, аз ҷумла таҷҳизот, боз чӣ кӯмаке ба Украина карда метавонад. Баррасии ин масъала ба таври фаъолона идома дорад”.

То ҳол ИМА аз соли 2014 ба ин сӯ ба Украина дар ҳаҷми 5 миллиард доллар ёрии молӣ, башарӣ ва низомӣ, аз ҷумла силоҳи қавии зиддитонкӣ ироа кардааст. Соли 2014 Русия нимҷазираи Қримро ғасб ва аз ҷудоиталабон дар шарқи ин кишвар пуштибонӣ кард. Дар ҷангҳое, ки то ҳол идома доранд, беш аз 13 ҳазор нафар кушта шуданд. Ин нахустин сафари Энтони Блинкен ба Киев баъди ба мақоми котиби давлатии ИМА интисоб шудани ӯ ва дар марзҳои Украина мустақар шудани 100 ҳазор нирӯҳои русӣ мебошад. Блинкен гуфт, ки Русия ҳарчанд як қисми нирӯву техникаи низомиро берун кашидааст, боз ҳам бисёр чизҳо дар ҷояш мемонад ва ин чиз барои Украина хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

ИМА барои таъмини амнияти хуруҷи нирӯҳояш аз Афғонистон ҳавопаймоҳои ҷангӣ фиристод

Бомбафкани амрикоии B-52

Вазири дифои ИМА Ллойд Остин рӯзи 6-уми май ба хабарнигорон гуфт, ки ИМА барои таъмини амнияти хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ ва эътилофӣ аз Афғонистон бомбафкан ва ҳавопаймоҳои ҷангии қавии бештарро сафарбар кардааст. Вазир гуфт, ки дар як ҳафтаи шурӯи хуруҷи нирӯҳо “ҳама чиз аз рӯи нақша пеш меравад” ва ҳеҷ як ҳамлаи мустақиме зидди ин нирӯҳо анҷом нашудааст. Раиси ситоди муштараки Пентагон фармондеҳ Марк Милли гуфт, ки барои таъмини амнияти нирӯҳо шаш ҳавопаймои бомбафкани B-52 ва 12 ҳавопаймои ҷангии F-18 фиристода шуданд.

Изҳороти Остин ва Милли дар ҳоле садо дод, ки дар саросари Афғонистон ҳамлаҳои Толибон ба нирӯҳои ҳукуматӣ афзоиш меёбад. Милли гуфт, дар ҳоле, ки Толибон рӯзона алайҳи ҳадафҳои ҳукуматии Афғонистон 80 то 120 ҳамла анҷом медиҳанд, то ҳол ҳеҷ чунин ҳамлае алайҳи нирӯҳои амрикоӣ ва эътилофӣ сурат нагирифтааст.

Ҳафтаи гузашта президенти ИМА Ҷо Байден амр дод, ки то 11-уми сентябр, яъне санаи 20-солагии ҳамлаи Ал-Қоида ба ИМА – берункашии 2500 сарбози амрикоӣ ва 16 ҳазор корманди мадании қарордодӣ анҷом ёбад.

Раҳбарони аврупоӣ аввалин ҷаласаи ҳузурии имсоларо барпо мекунанд

Намози Иди Пок дар як калисои шаҳри Портои Португалия

Дар шаҳри Портои Португалия рӯзи 7-уми май раҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар нахустин ҷаласаи ҳузурии худ дар соли ҷорӣ роҳҳои муқобила бо пандемияи коронавирусро баррасӣ мекунанд. Як масъалае, ки қарор аст дар миёни дигар мавзӯъҳо баррасӣ шавад, ин бо шарикони аврупоӣ дар миён гузоштани технологияи таҳияи воксинаҳои зидди COVID-19-и амрикоӣ мебошад. Рӯзи дуюми нишаст 8-уми май қарор аст бо нахуствазири Ҳинд Нарендра Моди, ки кишвараш дар як бӯҳрони бисёр сахти пандемия қарор дорад, ироаи кӯмакҳои изтирории байналмилалӣ баррасӣ шавад. Бори охир раҳбарони аврупоӣ дар як нишасти истисноӣ декабри порсол рӯбарӯ ҷаласа карданд. Моҳи май инчунин дар Брюссел ҷаласаи дигари ҳузурии раҳбарон барпо хоҳад шуд.

Ҳоло дар Аврупо беш аз 150 миллион ҳолати эмкунӣ анҷом шудааст ва бо вуҷуди нигаронӣ аз он ки суръати тақсими воксинаҳо суст аст, ҳоло умедворӣ пайдо шудааст, ки дар ду моҳи оянда барномаи эмкунии аврупоиҳо пешрафт хоҳад кард. Комиссиюни Аврупо аллакай пешниҳод кардааст, ки тобистони имсол қоидаҳои сафар дар доираҳи Иттиҳоди Аврупо сабуктар шавад.

Гуфтугӯҳои Вена: Эрону ИМА ба созиш даст меёбанд ё на?

Муассисаи ҳастаии Натанзи Эрон

Дар остонаи даври чоруми музокираҳои ҳастаии миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ як мақомдори калони амрикоӣ гуфт, ки ИМА ба ҳама гузаштҳои имконпазири бозгашт ба созишномаи соли 2015 омода шудааст. Ин мақомдор, ки дар як нишасти хабарии рӯзи 6-уми май сӯҳбат мекард, гуфт, Эрон набояд ба гузаштҳои азимтаре умедвор шавад ва ҳоло комёбӣ ё шикасти ин гуфтугӯҳо аз Эрон вобаста аст, ки то куыо як қарори сиёсӣ қабул карда ба ин созиш бармегардад ё на. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ҳам дар як сӯҳбат гуфт, ки маълум нест оё Эрон барои бозгашти пурра ба ин созиш омода шудааст ё на. Блинкен рӯзи 6-уми май бо NBC гуфт, “онҳо, мутаассифона, барои азсаргирии бархе қисматҳои хатарноки барномаи ҳастаӣ, ки аз рӯи созиш хотима ёфта буданд, шурӯъ карданд. Ҳанӯз маълум нест, ки онҳо барои анҷоми корҳои зарурӣ омода ҳастанд ё на”. Гуфтугӯҳое, ки дар Вена ҷараён доранд, ба хотири эҷоди харитаи роҳи Вашингтон дар амри бекор кардани таҳримҳои Теҳрон ва ҳам ба иҷрои шартҳои созиш водор кардани Эрон барпо мешаванд.

Дар як шабонарӯз дар обҳои Тоҷикистон ду кӯдак ғарқ шудааст

Акс аз бойгонӣ

Дар як шабонарӯзи гузашта дар обҳои Душанбе ду кӯдак ғарқ шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, шоми дирӯз писарбачаи 12-солае дар обанбори боғи истироҳатии Фирдавсӣ, ки барои оббозӣ пешбинӣ нашудааст, ғарқ шуд ва дӯстонаш барои наҷоти ӯ коре кардан натавонистаанд. Ҳамин тариқ як кӯдаки 7-солаи дигар дар дарёи Кофарниҳон дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ҳангоми бозӣ дар соҳил ба об афтод ва маҷро дар як они воҳид ӯро бурд. Наҷотбахшон ҷустуҷӯи ҷасади кӯдакро идома медиҳанд. Тибқи омори расмӣ, танҳо дар 4 моҳи соли ҷорӣ 19 нафар дар кӯлу дарёҳои кишвар ҳалок шуданд, ки аксарияташон кӯдакон мебошанд.

Пешниҳоди тамдиди вазъи фавқулодда дар Япония

Япония, мавсими шукуфтани дарахти гелос. Соли 2020

Ҳукумати Япония пешниҳод кардааст, ки вазъи фавқулода дар пойтахт - шаҳри Токио ва се минтақаи дигари ин кишвар то охири моҳи май тамдид ёбад. Коршиносон онро талоше барои коҳиши сирояти коронавирус дар арафаи бозиҳои олимпии тобистони соли равон арзёбӣ мекунанд ва пешбинӣ мекунанд, ки ин иқдом дастгирӣ хоҳад ёфт. Бозиҳои олимпӣ баъди таъхири яксолаи марбут бо пандемияи коронавирус 23-уми июл дар Токио ифтитоҳ меёбанд. Интизор меравад, ки дар ин мусобиқа беш аз 11 ҳазор варзишгари кишварҳои мухталифи олам ширкат меварзад. Фақат сокинони ҳамин кишвар барои тамошои бозиҳои олимпӣ ба варзишгоҳҳо роҳ дода мешаванд.

Полиси озордодаи як ҷавони узбектабор дар пеши қонун ҷавоб медиҳад

Акс аз бойгонӣ

Кумитаи тафтишотии вилояти Томск барои баромадан аз ҳадди ваколат нисбати корманди бахши муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии ин минтақа парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Тафтишот мегӯяд, корманди пулис бидуни ягон асос дар дохили бинои хадамоти муҳоҷират шаҳрванди Узбекистонро зери мушту лагад гирифта телефони мобилашро шикастааст. Лаҳзаи латтукӯб аз ҷониби худи ҷабрдида сабт шуда, навори он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Ҳоло ба ин пулиси муштзӯр то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Муҳоҷирони тоҷик низ пайваста аз нақзи ҳуқуқ ва бадрафтории кормандони интизомии рус гила мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ба муҳоҷирон машварат медиҳанд, ки ин лаҳзаҳоро наворбардорӣ кунанд, то ин ки исботи чунин далелҳо ва дифоъ аз ҳаққи онҳо осонтар шавад.

Офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон идома дорад

Деҳаи Зинг баъди офатҳои табиӣ. Соли 2016

Бедодгариҳои офатҳои табиӣ ба мисли резиши сангу фаромадани сел бар асари бориши рӯзҳои ахир дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон идома дорад. Аз ҷумла дар деҳаи Кӯлчашмаи вилояти Хатлон сел 15 манзили зист ва ду пулро вайрон кардааст. Ҳамчунин дар шимоли Тоҷикистон сокинон бо фиристодани навор аз хисороти сел хабар медиҳанд. Муаллифони ин навор мегӯянд, дирӯз дар ноҳияи Ашт селоб роҳу боғҳоро шустааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид ва боронҳои шадиду селовар имрӯз низ идома мекунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG