Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як додрас бо ҷурми ришватситонӣ


Як додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ҷурми ришватситонӣ боздошт шудааст. Сӯҳроб Ҳаитов, корманди маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ва котиби ҳамин додгоҳ ҳангоми гирифтани 200 доллари амрикоӣ ришва аз сӯйи мақомоти додситонӣ ва вазорати амният ба даст афдотанд:

Оди ба ҳодисаи мазкур аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 319, қисми 4, бандҳои Б, В (гирифтани пора бо роҳи тамаъҷӯӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд. Тафтишоти ин парванда ба ӯҳдаи шӯъбаи тафтишоти парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳимми прокуратураи шаҳри Душанбе вогузор карда шудааст. Феълан санҷиши ҷузъиёти ин парванда идома дорад.
Дар ҳамин ҳол Маҳмадризо Халифаев, муовини раиси идораи мубориза бо фасоди Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи ришватситонии додрасони додгоҳ асосан худи шаҳрвандон ба додситонӣ маьлумот медиҳанд ва талаб мекунанд, ки нисбат ба ин тамаъҷӯён тадбирҳо андешида шаванд. Манбаъ афзуд, дар ин робита тайи ду соли ахир чанд додраси додгоҳҳои кишвар ба гумони тамаъҷӯӣ ва сӯиистифода аз мансаб боздошт шудаанд:

Теъдоди судяҳое, ки дар аснои гирифтани пора дастгир шудаанд, дар ду соли ахир ба панҷ нафар мерасад. Дар миёни онҳо ҳатто як муовини раиси суди яке аз вилоятҳо низ ҳаст. Мақоми судяҳо дар Тоҷикистон якхела аст, ҳамаи онҳо мартабаи баланд ва салоҳияти зиёд доранд.

Ба иттилоъи манобеи додситонӣ, тайи ҳашт моҳи соли равон аз сӯйи Додситонии кулли Тоҷикистон 125 парвандаи ҷиноӣ дар робита бо фасод боз шуда ва шумори афзуни онҳо ба кормандони мақомоти интизомӣ мутааллиқанд. Ва аммо нисбат ба кормандони мақомоти додситонӣ дар соли равон ягон парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG