Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин иҷлоси порлумони Тоҷикистон пас аз таътил


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар нахустин иҷлоси баъд аз таътили тобистонаи худ доктрина ва ё ойини низомии ин кишварро бо иттифоқи оро ба тасвиб расонд. Гуфта шуд, ки ҳадаф аз таҳия ва тасвиби ойини низомии кишвар таъмини амнияти миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва эъломи асосҳои сиёсати низомии Тоҷикистон мебошад. Мирзобек Ҳоҷиев - узви кумитаи Маҷлиси Намояндагон дар умури амният ва дифоъ гуфт, доктринаи мазкур вобаста ба марҳалаи гузариш ва бо дарназардошти шароити геополитикӣ, имконоти иқтисодӣ ва мавқеи ҷуғрофии кишвар таҳия шуда ва имкон дорад, бо мурури замон ба он тағйирот ва иловаҳо ворид шавад. Аммо дар ин санад қочоқ ва тиҷорати маводи мухаддир чун яке аз авомили таҳдидкунанда ба амнияти миллии Тоҷикистон таъкид шудааст. Ҳамзамон оқои Ҳоҷиев таъкид кард, ки дар санади мазкур бар зарурати афзоиши теъдоди нирӯҳои мусаллаҳ ва тахсиси бештари маблағ ба соҳаи низомӣ ишора нашудааст.
Ҳамчунин, дар иҷлоси имрӯзи Маҷлиси Намояндагон ду қарордод дар заминаи ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла дар бораи консепсияи таъсиси низоми муштараки алоқаи нирӯҳои мусаллаҳ ва қарор дар бораи тахсиси маблағ барои рушди низоми ягонаи мудофиаи зиддиҳавоии давлатҳои узви Иттиҳодро таъйид кард. Тибқи ин қарордод, Тоҷикистон ҳамасола барои рушди низоми ягонаи мудофиаи зиддиҳавоии давлатҳои муштаракулманофеъ ҳудуди чаҳорсад ҳазор сомонӣ ҳаққулузвият пардохт хоҳад кард.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG