Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон силоҳи кимиёӣ надорад


Ҷаббор Расулов, муовини вазири саноати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар як ҳамоиши байналмилалӣ оид ба манъи тавлид ва истифодаи силоҳи кимиёӣ гуфт, ин кишвар тавлидкунанда ва нигаҳдорандаи аслиҳаи кимиёӣ нест, аммо баъзе таркибҳои маҳсулоти кимиёвӣ дар қаламрави Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи ҷаноби Расулов, барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон чунин як ҳамоиши байналмилалии манъи тавлид ва нигаҳдории силоҳи кимиёӣ сурат мегирад, ки дар он 33 коршинос аз 15 давлати олам, бо шумули кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Амрико, Ирон ва Афғонистон ширкат меварзанд. Дувоздаҳ сол қабл дар шаҳри Порис намояндагони беш аз 130 давлати дунё аҳдномаеро ба тасвиб расониданд, ки тибқи он дар қаламрави ин кишварҳо истеҳсол, нигаҳдорӣ ва истифодаи силоҳи кимиёӣ манъ шудааст.Тоҷикистон ин конвенсияро соли 1997 имзо кардааст.
Ҳамзамон Ҳодии Фараҷванд, муовини дабири кумитаи назорати силоҳи кимиёии Ирон ва яке аз ширкатдорони ҳамоиши Душанбе мегӯяд, шиносоии Тоҷикистон ва Афғонистон бо мундариҷаи тааҳҳудоти манъи силоҳи кимиёӣ аз аҳдофи аслии иҷлоси мазкур аст. Вай гуфт, дар фарҷоми ҳамоиши мазкур қарор аст, бо баргузории як нишасти вижа дар рӯзҳои якум ва дуюми сентябр, иҷрои қарордоди манъи тавлид ва истифодаи силоҳи кимиёӣ ва интиқоли таҷрибаҳо ба Афғонистон ва Тоҷикистон дар ин замина баррасӣ шавад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG