Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаст сомонӣ барои аълохонҳо


Шурӯъ аз якуми ноябри соли ҷорӣ 300 хонандаи беҳтарини макотиби миёна, литсей, гимназия ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳои Тоҷикистон стипендияи президентӣ хоҳанд гирифт. Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, рӯзи сешанбе, нӯздаҳуми июл Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон як амреро имзо кардааст, ки мувофиқи он ба сесад хонандаи беҳтарини макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва вижа, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат мекардаанд, ба андозаи шаст сомонӣ кӯмакпулӣ хоҳанд гирифт. Фаррух Ашӯров, як масъул аз кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати Тоҷикистон ба www.ozodi.org гуфт, қаблан, сад хонанда чунин кӯмакпулӣ мегирифтанд ва акнун, тибқи ин қарор, теъдоди гирандаҳои кӯмакпулӣ ду баробар афзудааст.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG