Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Баҳси ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳинд

Нишасти комиссияи муштараки иқтисодии Ҳиндустону Тоҷикистон дар Душанбе, бо имзои як тавофуқнома ва бо ваъдаи ҷониби Ҳиндустон ба Тоҷикистон додани 25 миллион доллари қарзи боимтиёз ба анҷом расид. Ғафурҷон Расулов, сухангӯи вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, ин маблағ қисман барои бунёди ширкати муштараки дорусозӣ ва корхонаи коркарди маҳсулоти мевагӣ дар Душанбе масраф хоҳанд шуд.
"Аз он маблағе, ки Ҳиндустон ба Тоҷикистон қарз ҷудо кардааст, дар назар аст, ки дар оянда барои бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ истифода гардад. Пештар аз ин ба маблағи ҳафт миллион доллари Иёлоти Муттаҳида низ ҳамчун маблағи бебозгашт ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон эҳдо гардид. Ғайр аз ин боз ба таври бебозгашт Ҳиндустон даҳ адад автобус тақдим кард, ки онҳо феълан дар хизмати мусофирони шаҳри Душанбе аст"


Ба қавли ҷаноби Расулов, бо дастгирии молии ҷониби Ҳиндустон, дар назди вазорати иқтисоди Тоҷикистон ифтитоҳи як маркази иттилооти технологӣ дар назар аст. Тоҷикистон дар иваз ба Ҳиндустон маҳсулоти кишоварзӣ ва алюминиум хоҳад дод. Ҳамчунин, дар ин нишасти ҳайатҳои иқтисодии ду тараф ҷониби Ҳиндустон тасмим гирифт, ҳудуди 5 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон кӯмаки бебозгашт ихтисос диҳад.
Дар ҳоли ҳозир, табодули мол байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон ба якуним миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст. Ҳар ду ҷониб таъкид карданд, аз чунин натиҷа қаноатманд нестанд ва бо такя ба имконоти иқтисодии ҳар ду кишвар метавонанд, ҳаҷми табодули молро ба маротиб афзоиш диҳанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Суръати Интернет дар Тоҷикистон сусттарин номбар шуд

Тоҷикистонро ба даҳгонаи кишварҳое дохил кардаанд, ки суръати Интернет дар онҷо суст аст. Сомонаи Cable.co.uk дар гузорише навишт, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон аз назари суръати Интернет дар ҷойи 211-ум қарор дорад.

Дар гузориш Туркманистон дар ҷойи охирин аст. Ин кишвар ҳамагӣ 0,50 мегабайт-сония интернет фароҳам мекардааст ва бо чунин суръат, масалан, боргириву тамошои филме имкон надорад. Барои боргирии филми иборат аз 5 гигабайт дар Туркманистон 22 соату 34 сония зарур будааст.

Муҳаққиқони байнулмилалии Интернет поин будани суръати онро бо вазъи сиёсии ин кишварҳо ва маҳдуд кардани озодии баён рабт медиҳанд.

Айни замон, аз миёни кишварҳои Шӯравии пешин, Русия, Украина ва Беларус ҳамчун давлатҳои дорои Интернети босуръат ёд шудаанд.

Раиси як идораи давлатӣ дар Тоҷикистон барои бе иҷоза даромадан ба хонаи зане ҷавобгар шудааст

Шаҳри Турсунзода

Раиси як идораи давлатиро дар шаҳри Турсунзода барои вайрон кардани қонуни "дахлнопазирии манзил" ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Додситонӣ Ҷаҳонгир Равшанов ва як зердасташро ба он муттаҳам медонад, ки ҳангоми "сарбозшикор" ба хонаи зане бе иҷоза ворид шудаанд. Зан мегӯяд, ҳодиса 18-уми ноябри имсол рӯй дод ва дар натиҷа фарзанди хурдсолаш тарсиду бемор шуд. Равшанов иддао дорад, ки даҳонӣ иҷоза гирифта буданд.

Як манбаъ дар Додситонӣ рӯзи 2-юми декабр бе зикри номаш гуфт, Ҷаҳонгир Равшанов, сардори Идораи хадамоти манзилию коммуналии шаҳри Турсунзода, дар хонаи зан писари ҳамсояро кофтукоб кардаанд, то ба артиш фиристанд. Ӯ гуфт, "дар пайи аризаи зан ва суҳбат бо шоҳидон, нисбати раиси идора парвандаи ҷиноӣ боз шуд."

Ин зан, ки хоҳиш кард, номаш зикр нашавад, гуфт, сардори Идораи хадамоти манзилию коммуналии шаҳр ва ҳамроҳонаш бе иҷозат дарро зада, хонаашро кофтанд. Вай гуфт, он ҳангом дар хона набуд ва аз ин амал духтари хурдсолаш тарсида, бемор шудааст.

Ҷаҳонгир Равшанов, сардори Идоари хадамоти манзилию коммуналии шаҳри Турсунзода, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан вориди хонаи ин зан шуда буданд, аммо аз фарзандаш иҷозат гирифтанд. "Ба мо хабар доданд, ки писари ҳамсоя дар он ҷо пинҳон шудааст ва барои ҳамин рафтем", -- гуфт ӯ.

Ин мақомдор афзуд, ӯ узви Кумисюни даъвати ҷавонон ба артиш аст ва ҷавонеро ҷустуҷӯ мекард, ки аз рафтан ба артиш сарпечӣ мекард. Дар ҳар сурат, додситонӣ ин амалро хилофи қонун донистааст.

Бе иҷозати соҳибхона ё додгоҳ ворид шудан ба хонаи мардум дар Тоҷикистон ҷиноят дониста мешавад, аммо маъмулан ин банди қонун хеле кам риоят мешавад.

Порлумони Тоҷикистон соли 2016 қонунеро қабул карда буд, ки ба ниҳодҳои амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолатҳои истисноӣ ҳақ медод, ба хонаҳои шаҳрвандон бе иҷоза дароянд. Мақомот он замон гуфта буданд, дар баъзе маврид маҳз ҷараёни гирифтани иҷозатнома барои ворид шудан ба манзили гумонбар фурсати сари вақт боздошт шудани муттаҳамро аз байн мебарад. Порлумон пас аз як сол онро бекор кард.

Дар Тоҷикистон тирамоҳу баҳор ҷавононро ба сафи артиш ҷалб мекунанд. Мақомот мегӯянд, сафи ихтиёриён афзудааст, вале дар айни замон бо зӯр ҷавононро ба артиш мебаранд.

Сокинон борҳо аз ворид шудани намояндагони мақомот ба хонаҳояшон шикоят кардаанд, аммо ҳодисаи охир аз мавридҳои хеле кам будааст, ки таҳқиқ мешавад.

Соҳибкори тоҷик барои ҳимоят аз ҳаққи се муҳоҷир 230 ҳазор рубл додааст

Зиндоне дар Иркутск, акс аз бойгонӣ

Як соҳибкори тоҷик дар Иркутск ба ду адвокате, ки аз ҳуқуқи се муҳоҷири боздоштшуда ҳимоя мекунанд, 230 ҳазор рубл додааст.

Ба гуфтаи масъулони ҷамъияти тоҷикони Иркутск, соҳибкор Мирзоҳаёт Соҳибов ба муҳоҷироне, ки дар сӯхтор осеб диданд, сару либос дода, ба ду муҳоҷире, ки дар беморхона бистарианд, ба харидани дору низ ёрӣ кардааст.

Шаби 12-уми ноябр дар деҳаи Заларии Иркутск вагони зисти ҳафт муҳоҷири тоҷик оташ зада шуд, ки дар натиҷаи он ду нафар ҷон бохтанд. Мақомоти Русия дар аввал гуфтанд, ки ин кор аз ҷониби сокинони маҳаллӣ анҷом шудааст, вале се муҳоҷири тоҷикро, ки пайвандонашон ҷабрдида медонанд, бо иттиҳоми қасди куштор боздошт карданд. Аз ҷониби сокинони маҳаллӣ як нафар дастгир шудааст.

Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск, рӯзи 3-юми декабр гуфт, кумаки асосиро ба муҳоҷирон сафорати Тоҷикистон мерасонад, вале ҳамзамон Мирзоҳаёт Соҳибов аз ибтидо дар канори муҳоҷирон буд.

Мирзоҳаёт Соҳибов зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия аст ва дар Иркутск тиҷорат дорад.

Мавзӯи марги муҳоҷирон ва боздошти онҳо вокуниши мақомоти тоҷикро ба бор овард. Сафорати Тоҷикистон барои пайгирии ҳодиса ҳайатеро ба ин вилоят фиристод. Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо ҳамтои русаш, Сергей Лавров, дар ин мавзуъ суҳбат кард ва хоҳиши таҳқиқи одилонаи ин ҳодисаро намуд.

Мақомоти тоҷик бар ин боваранд, ки се муҳоҷири боздоштшуда гуноҳ надоранд. Мақомоти Русия ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Падари Манора аз натиҷаи таҳқиқи марги ӯ норозӣ аст

Манораи Абдуфаттоҳ

Пайвандони зане, ки ҷасадаш моҳи июни имсол дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд пайдо шуд, мегӯянд, мақомот парвандаи духтарашонро дуруст таҳқиқ накарданд.

Додситонии ноҳияи Файзобод марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номид ва бар асоси хулосаи ташхиси тиббиву додгоҳӣ гуфт, "худи ӯ 26 кордро ба баданаш задааст". Наздикони зан ба худкушии ӯ бовар надоранд ва мегӯянд, "бо эҳтимоли зиёд ӯро куштаанд".

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд додситонӣ сабаби марги духтарашро худкушӣ номидааст, касеро то кунун ба ҷавобгарӣ накашидааст. Ин мард шавҳар ва хушдомани духтарашро дар марги Манора гумонбар медонад ва аз рӯйи онҳо ба мақомот шикоят кардааст.

Ӯ гуфт, мақомот шикояти ӯро баррасӣ накард, вале аризаи домодашро фавран баррасӣ карда, се тифли аз Манора мондаро ба тарбияи ӯ супурданд. Ин хонавода аз болои ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд, аммо ҳукм баррасӣ нашуда, мақомот ба хушдоман ва шавҳари духтари марҳумаш иҷозат додаанд, ки бо се кӯдак ба Русия бираванд.

Назари шавҳари Манора ва хушдоманаш ба даъво маълум нест. Радиои Озодӣ борҳо талош кард, то посухи онҳоро бигирад, аммо онҳо ҷавоб надоданд.

Маъмулан мақомот дар парвандаҳои дигари худкушӣ шахсонеро, ки боиси таҳрики ин амал шудаанд, ба ҷавобгарӣ мекашид, вале дар павандаи шубҳабарангези Манора бо гузашти беш аз ним сол касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора, мегӯяд, ҳайрон аст, ки чаро тафтиши парванда ба итмом нарасида, ба ду гумонбар иҷозат доданд, ки Тоҷикистонро тарк кунад.

Мақомот инро шарҳ надоданд.

Манора соли 2015 бо як сокини ноҳияи Файзобод оила барпо кард ва аз ӯ се фарзанд мондааст, ки ҳоло ба Русия бурда шудаанд.

Худкушӣ номидани марги ӯ, ки бо 26 зарби корд ҷасадаш пайдо шуда буд, вокунишҳои зиёде ба бор овард. Аксаран шубҳа доранд, ки як нафар тавонад бо 26 зарби корд худро бикушад.

Аз 8 то 16 сол. Ҳашт муҳоҷири тоҷикро дар Русия зиндонӣ карданд

Акс аз бойгонӣ

Ҳашт муҳоҷири тоҷикро бо гуноҳи ҳамлаи мусаллаҳона ба як тоҷир дар вилояти Маскав ба зиндон маҳкум кардаанд.

Хабаргузории русии ТАСС аз муҳоҷирон ва тоҷир ном набурда, аммо аз қавли мақомот навишт, "онҳо аз силоҳи оташфишон ва травматикӣ истифода намуданд." Назари вакили мудофеи онҳо маълум нест.

Додгоҳ гуфтааст, муҳоҷронро аз 8,6 то 16 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ба қавли масъулони додгоҳ, муҳоҷрон ба тоҷир ба маблағи 11,5 миллион рубл зарар расонидаанд.

Хабарҳои боздошту зиндонӣ шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия зиёд расонаӣ мешавад. Дар аксар ҳолат пайвандонашон мегӯянд, ба онҳо туҳмат шудааст.

Дар Русия садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд.

Наздики ҳазор зиндонӣ дар Қазоқистон афв мешавад

Яке аз зиндонҳои Қазоқистон.

Палатаи болоии порлумони Қазоқистон рӯзи 2 декабр тарҳи қонун "Дар бораи афви марбут ба сисолагии истиқлол"-ро қабул кард.

Ерлан Тургумбоев, вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, бар асоси ин қонун наздики ҳазор зиндоние, ки ҷиноятҳои сабук ва миёна содир кардаанд, озод мешаванд. Ҳамзамон, бар асоси ин қонун, муҳлати ҳабси қисми дигаре аз маҳбусон кам мегардад.

Пештар аз ин вазир гуфта буд, 2236 кас шомили афв ва ҳамзамон наздики 5 ҳазор парвандаи ҷиноӣ пӯшида мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон 34 ҳазор кас дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд.

Тарҳи қонуни афв барои имзо ба президенти Қазоқистон ирсол шудааст.

Ширкати дӯст ва хоҳарзодаи Путин VK-ро аз Алишер Усмонов харид

Владимир Путин ва Алишер Усмонов.

Алишер Усмонов, миллиардери узбектабори Русия саҳмияҳои ширкати VK (Mail.ru Group-и пешин)-ро ба ширкати "СОГАЗ" фурӯхт.

Соҳибони "СОГАЗ" - дӯсти Владимир Путин Юрий Ковалчук ва хонаводаи вай, хоҳарзодаи Путин Михаил Шеломов ҳастанд.

VK бузургтарин шабакаҳои иҷтимоии Русия "ВКонтакте", "Одноклассники", паёмрасони mail.ru ва чанд хидматрасонии дигарро дар ихтиёр дорад. Арзиши ширкат бештар аз 4,5 миллиард доллар тахмин зада мешавад. Аммо қимати ин хариду фурӯш ошкор нашудааст.

Дар соли 2020 VK, ки он замон Mail.ru group ном дошт, бино ба баҳогузории маҷаллаи Форбс, дар байни бузургтарин ширкатҳои Русия дар мақоми чаҳорум қарор гирифта буд.

Амрико аз Русия хост, нерӯҳояшро аз марзи Украина берун кашад

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико ба Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, ки Амрико мехоҳад Русия нерӯҳояшро аз наздикии марзи Украина берун кунад ва дар пайи ҳалли дипломатӣ барои коҳиши танишҳо бошад.

Энтони Блинкен ва Сергей Лавров рузи панҷшанбеи 2-юми декабр дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Стокҳолм мулоқот карданд.

Ин мулоқот дар пайи танишҳо бар сари афзоиши ҳузури низомии Русия дар наздикии марзи Украина сурат гирифтааст.

Блинкен дар нишасти хабарӣ ба Маскав ҳушдор дод, ки иқдоми низомии Русия алайҳи кишвари ҳамсояаш Украина "паёмадҳои вазнин" дар пай хоҳад дошт.

Ӯ афзуд, "дар мулоқот бо вазири хориҷии Русия бисёр рушан гуфтам, ки ҳамлаи Русия ба Украина паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт. Аз ҷумла, иқдомоти иқтисодӣ бо бо таъсиргузории бисёр сахт, ки мо дар гузашта аз анҷоми он худдорӣ карда будем".

Сергей Лавров ҳам ба Энтони Блинкен гуфтааст, ки Маскав ба "замонатҳои амниятии дарозмуддат" ниёз дорад, ки густариши доираи нуфузи НАТО ба тарафи шарқро мутаваққиф кунад.

Вазири хориҷии Русия дар нишасти хабарӣ пас аз мулоқоташ бо Блинкен гуфт, "мо мехоҳем мутмаин шавем, ки садои мо шунида шавад ва нуктаи аслӣ, амнияти мо аст".

Дар ҳоли ҳозир робитаи Маскав ва Вашингтон дар поинтарин сатҳ аз замони хатми Ҷанги Сард, қарор дорад. Ғасби нимҷазираи Қрим аз суи Русия дар соли 2014 ва ҳимояти Маскав аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина, дахолати гумоштагони Русия дар интихоботи Амрико ва заҳролуд ва сипас зиндонӣ кардани Алексей Навалний, яке аз мухолифони ҳукумати Путин, аз сабабҳои бад шудани муносибати ду кишвар аст.

Маълумот дар бораи дороиҳои хонаводаи Тоқаевро дар Русия махфӣ гардониданд

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Маълумот дар бораи иншооти гаронбаҳои хонаводаи президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаевро аз пойгоҳи маълумотии Росреестри Русия пок карданд. Дар ин бора тими сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний хабар дод.

Дар таҳқиқоти ин тим, ки рӯзи 2-юми декабр нашр шуд, омадааст, маълумот дар бораи манзили Тимур ва Надежда Тоқаева, писар ва ҳамсари пешини президенти Қазоқистон, ҳамроҳ бо иттилоъ дар бораи дороиҳои мансабдорону кормандони мақомоти махсус, дастнорас гардидааст.

Бино ба маълумоти мавҷуд, як манзили иборат аз 196 метри мураббаъ дар ноҳияи Хамовники Москва ба Тимур Тоқаев, писари Қосимҷомарт тааллуқ дорад. Ин манзил соли 2010 ба номи вай сабт шудааст. Тими Навалний манзили дигаре иборат аз 167 метри мураббаъро дар ноҳияи Мешани Москва пайдо кардаанд, ки соҳибаш Надежда Давидовна Тоқаева аст.

"Росреестр" кай ва ба чӣ далеле соҳибони ин манзилҳоро пинҳон кардааст, маълум нест.

Тоқаев дар соли 2019 ба сари қудрат омад. Он замон Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон аз мақом истеъфо дод.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз набудани КОВИД-19 дар Туркманистон шубҳа кард

Маъмурияти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) фаъолияташро дар Туркманистон ба поён расонида, аз мақомоти он кишвар даъват кард, "талошҳо барои пайдо кардани коронавирусро бештар кунанд".

Ба ин тартиб, СҶТ бори дигар изҳороти мақомоти Туркманистон дар мавриди мавҷуд набудани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирусро дар он кишвар зери шубҳа гузошт.

Бино ба иттилоияе, ки дар сомонаи намояндагии СММ дар Туркманистон нашр шудааст, гуруҳи коршиносони СҶТ маъмурияти якҳафтаинаашро дар Туркманистон ба поён расонидааст.

Маъмурияти СҶТ то ин замон изҳороти мақомоти Туркманистонро дар мавриди набуди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар ин кишвар зери шубҳа гузошта буданд.

"Коронавирус ду сол аст, ки дар дунё паҳн шудааст. Аз нуқтаи назари илмӣ, хеле эҳтимоли кам мавҷуд аст, ки он ба Туркманистон нарасида бошад", - гуфта буд пизишк Кетрин Смоллвуд, як мақомдори СҶТ дар мусоҳиба бо Бӣ-Бӣ-Сӣ.

Туркманистон аз оғози вабои коронавирус борҳо эълом доштааст, ки дар ин кишвар ҳеч ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Аммо расонаҳо ба нақл аз кормандони соҳаи тибби он кишвар борҳо аз бедодии коронавирус хабар додаанд.

Озмуни Раёсати корҳои дохилии Душанбе барои ошкор кардани ҷинояткориҳо

Шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе гуфт, бо мақсади тақвияти ҳамкории пулис бо аҳолӣ дар мавриди пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҳама гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, озмунеро эълом кардааст.

Иштирокдорони озмун метавонанд дилхоҳ кирдори зиддиҳуқуқӣ, ҳуқуқвайронкуниву ҳодисаҳои ҷиноӣ, аз қабили муноқиша, беназмӣ, озори лафзӣ ва паст задани шаъну шарафи инсон, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳро расм ва ё ба навор гирифта, тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмми ин ниҳод фиристанд.

"Махфӣ мондани шахсияти иштирокчиёни озмун кафолат дода шуда, барои ғолибони 3 ҷойи ифтихорӣ бо мукофотпулӣ - барои ҷои аввал 5 ҳазор сомонӣ, барои ҷои дувум 3 ҳазор сомонӣ, барои ҷои сеюм 2 ҳазор сомонӣ - муқаррар гардидааст", - омадааст дар иттилоияи раёсат.

Сокинони Душанбе ба ин озмуни Раёсати корҳои дохилии пойтахт назарҳои гуногун доранд. Сиёсатшинос Абдумалик Қодиров аз ин ташаббуси раёсат ҷонибдорӣ мекунад. "Вақте мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мехоҳанд, мушкили ҷинояткориро дар ҳамкорӣ бо сокинон ҳал кунанд, хеле хуб ва барои ман ҳам хеле ҷолиб мебошад".

Маводи пешниҳодиро дар озмун комиссия таҳлилу баррасӣ ва баҳогузорӣ карда, ба навору расм бартарӣ дода мешаванд, агар хусусияти пешгирикунанда ва ошкорнамоии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро дошта бошанд.

Муҳлати ахири қабули аксу наворҳо 25 декабри соли 2021 гуфта шудааст.

Қамчибек Тошиев: Вазъ дар марз бо Тоҷикистон "зери назорат аст"

Қамчибек Тошиев

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, гуфт, вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон "зери назорат аст". Вай дар ин бора рӯзи 2-юми декабр дар мусоҳиба бо шабакаи NUR-ТВ изҳори назар кард.

"Дар 3-4 рӯзи охир вазъ печида шуда, нигарониҳоро ба бор оварда буд. Рӯзи 1-уми декабр, нисфи шаб, музокироти дуҷониба дар деҳаи Куктош ба поён расид. Вазъ зери назорат аст, сарҳадҳо мустаҳкам карда шудаанд ва мо дар хидмат ҳастем," – афзудааст Тошиев.

Рӯзи якуми декабр сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара дар бораи рабуда ва латукӯб шудани як омӯзгори 59-сола дар марз бо Қирғизистон хабар доданд. Раиси деҳаи Куктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон баръакс иддао кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон як сокини ин деҳаро ҳангоми ҷустуҷӯи чорво задаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон шаби 1-уми декабр гуфт, дар сарҳад "аз самти Тоҷикистон аз туфанги шикорӣ 7-8 тир холӣ карда шудааст". Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар мавриди ҳарду ҳодиса ва ҷузъиёти музокирот шарҳе надодаанд.

Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар музокирот ҳокимони ноҳияҳои наздимарзӣ ва намояндагони ниҳодҳои қудратӣ иштирок доштанд ва ба ин натиҷа расиданд, ки аз 2-юми декабр минтақаҳои марзиро муштарак ё якҷоя посбонӣ мекунанд. Феълан вазъ дар сарҳад муътадил гуфта шудааст.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз ба далели номуайян будани бахше аз сарҳад доғ ва мояи ҷанҷолу задухӯрдҳост. Низои мусаллаҳонаи моҳи апрели имсол, ки аз ду ҷониб даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт, робитаи ду кишвари болооби Осиёи Марказиро сарду печида кард. Ҳарду тараф ҳамвора якдигарро ба сар задани муноқиша ва кӯшиши ноором кардани вазъ гунаҳкор мекунанд.

Сафири Афғонистон "не"-и СММ-ро "оғози поёни ҳукумати Толибон" донист. ВИДЕО

Сафир дар Душанбе: "Ин поёни ҳукумати Толибон аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:31 0:00

Гурӯҳе аз паноҳандагон ва сафиру мансабдорони ҳукумати барканоршудаи Афғонистон дар Тоҷикистон аз тасмими надодани курсии Кобул ба Толибон дар Созмони Милали Муттаҳид ситоиш карданд. Нишаст рӯзи 2-юми декабр дар Душанбе баргузор шуд.

Муҳаммад Заҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе, тасмими Созмони Милалро таърихӣ номид: "Ба ин бовар ҳастем, ки оғози шикасти Толибон аз ҳамин рӯзи таърихӣ шуруъ шуда. Мо як бори дигар аз тамоми ҳамкорон дар намояндагиҳои сиёсии Афғонистон ташаккур мекунем. Агар садое ҳам накашиданд, ақаллан парчами серанги Афғонистонро дар намояндагиҳои худ боло нигоҳ доштанд."

Сафири ҳукумати пешини Афғонистон аз посух додан ба суоли он ки шуморе аз паноҳандаггони афғонро аз Тоҷикистон ба Афғонистон бозпас фиристодаанд, худдорӣ кард. Ӯ гуфт: "Масоили баъдӣ шуда метавонад, ки як рӯзи дигар суҳбат кунем, салому алайкум."

Ҷаноби Ағбар дар робита ба даъвати СММ аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон, ки марзҳои худро барои паноҳандагон боз ва аз ихроҷи онҳо бозпас ба Афғонистон худдорӣ кунанд, чунин посух дод: "Ин тасмимгирии кишварҳост ва дар он кадом тарҳи мушаххас ва назари мушаххасе надорам."

Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон як рӯз пеш аз он ибрози нигаронӣ кард, ки бозпас фиристодани афғонҳо аз Покистону Эрон ва Тоҷикистон пас аз тасарруфи Толибон "афзоиш ёфтааст". Он аз мақомоти ҳамаи кишварҳо даъват кардааст, ки депорти паноҳҷӯёни афғонистониро бас кунанд.

"Spirit of America" ва Сафорати ИМА ба мактаби афғонии "Сомониён" дар Душанбе кӯмак мекунанд

Як созмони ҷамъиятии амрикоӣ дар якҷоягӣ бо Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар як соли оянда ба мактаби афғонии "Сомониён" дар Душанбе беш аз 80 ҳазор доллар кӯмак хоҳанд кард. Ҳадаф аз ин кӯмак, ҳифзи ин ягонаи мактаби афғонӣ дар Тоҷикистон ва идомаи фаъолияти он, гуфта шудаааст.

Дар пайи суқути ҳукумати пешини Афғонистон ва ба сари қудрат омадани Толибон, масъулини ин мактаб нигаронӣ карда буданд, ки бинобар мушкили молӣ, эҳтимол дорад ин мактаб аз фаъолият боз монад. Ин мактаб аз сӯи ҳукумати Афғонистон сармоягузорӣ мешуд. Мактаби "Сомониён" дар бинои хусусӣ ҷойгир буда, иҷораи моҳонаи он дувуним ҳазор доллар аст.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон рузи 2-юми декабр бо нашри як иттилоия гуфт, ки бо кӯмаки беш аз 80-ҳазордолларии Созмони хадамоти шаҳрвандии "Spirit of America" ва Сафорат, ин муассисаи таълимӣ барои донишомузони афғон муқими Тоҷикистон, боз хоҳад буд. Созмони хадамоти шаҳрвандии "Spirit of America хароҷоти иҷора, ҳамлу нақли донишомӯзон, харидории мебел, таъмири ҷузъӣ ва дастрасӣ ба интернети мактаби "Сомониён"-ро пардохт мекунад.

Ноҷия Зоҳир, мудири мактаби "Сомониён" бо қадрдонӣ аз ин кӯмаки "Spirit of America" гуфтааст, ки ин кӯмаки арзишманд воқеан зиндагии донишомузони онҳоро тағйир медиҳад.

Сафорати Амрико мегӯяд, ин кӯмаки молӣ илова ба ҳамкории "Spirit of America" ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ҳимоят аз се маркази ҷамъиятӣ дар Ваҳдат аст, ки бо забони англисӣ, фанноварӣ ва барномаҳои касбиро ба беш аз 2500 тоҷику афғон пешниҳод мекунанд.

Мактаби "Сомониён" ҳудуди 450 хонанда ва 30 омӯзгор дошта, пардохти ҳаққи хидмати коммуналӣ ва маоши муаллимон аз ҳисоби маблағи шартнома пешбинӣ шудааст. Таҳсил дар ин мактаб бо хат ва забони форсӣ, бар асоси барномаи таълими Афғонистон, сурат мегирад.

ФСБ-и Русия се украиниро ба ҷосусӣ муттаҳам кард, Киев рад намуд

Акс аз бойгонӣ

ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия мегӯяд, се шаҳрванди Украинаро, ки ба ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии ин кишвар гумонбаранд, дастгир кардааст.

Мақомоти Русия 2-юми декабр гуфтанд, ду нафар аз боздоштшудаҳо шаҳрвандони Украина, Зиновий Ковал ва писараш Игор, ҳастанд, ки гуё “маълумоти махфиро ба Хадамоти амнияти Украина ҷамъ меоварданд”.

Дар изҳорот аз шахси севум Александр Тсилик аз Киев ном бурдаанд. Ба иттилои мақомоти Русия, Тсилик иқрор шудааст, ки агент ё ҷосуси низомии Украина буд ва қасд дошт, дар қаламрави Русия бо истифода аз маводи тарканда “амали террористӣ” анҷом диҳад.

Дар изҳорот кай ва дар куҷо боздошт шудани шахсони гумонбар ба ҷосусӣ зикр нашудааст.

Хадамоти амниятии Украина рӯзи 2-юми декабр иддаои ФСБ-ро рад намуд.

Киев ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Русия аз замони тасарруфи Қрим дар соли 2014 ва пуштибонӣ аз ҷудоиталабони мусаллаҳ дар шарқи Украина, чанд украиниро бо иттиҳомҳои сохта ва дорои ангезаҳои сиёсӣ боздошту зиндонӣ кардааст. Дар ҷангҳо дар шарқи Украина беш аз 13 ҳазору 200 кас кушта шудаанд.

Нилуфар Раҷабоваро ба ифротгароӣ гумонбар кардаанд

Нилуфар Раҷабова. Акс аз бойгонӣ

Духтари як узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба ифротгароӣ гумонбар шудааст.

Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, гуфт, мақомоти Тоҷикистон ба зидди ӯ бар асоси моддаи "ифротгароӣ бо истифода аз Интернет" (қисми дуи моддаи 307(1)-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушодаанд. Ин банди қонун аз панҷ то даҳ сол ҷазоро дар назар дорад.

Хонум Раҷабова дар ҳоли ҳозир дар берун аз Тоҷикистон аст ва мегӯяд, мақомот пайвандонашро дар Душанбе бо парванда шинос кардаанд.

Мақомот барои шарҳи хабар то ин дам дастрас набуданд. Маълум нест, ки парванда дар робита ба кадом ҳодиса боз шудааст.

Нилуфар Раҷабова рӯзи 2-юми декабр гуфт, маъмурони амниятӣ ба бародару хоҳараш сабаби ифтитоҳи парвандаро ба суҳбатҳои ӯ дар шабакаҳои наздик ба мухолифин рабт додаанд. "Ба пайвандонам гуфтаанд, агар танҳо дар саҳифаи худаш навори суҳбатро мегузошт, гапе намешуд. Дар шабакаи "хоинҳо" баромад кардааст ва ин ҷиноят аст," – нақли қавл кард ӯ.

Хонум Раҷабова тасдиқ кард, ки рӯзи 18-уми ноябри имсол дар "Паём.нет", шабакаи марбут ба мухолифини тоҷик, дар бораи ба ШИЗО ё утоқи ҷаримавии маҳбас бурда шудани падараш, Раҳматуллои Раҷаб, суҳбат кардааст, аммо онро ғайриқонунӣ намедонад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон шаш сол пеш фаъолияти ҲНИТ ва шабакаҳои марбут ба онро дар кишвар мамнуъ карда, ҳизбро террористӣ номид. Паймони Миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифин, низ дар рӯйхати созмонҳои мамнуъст. Мухолифин дар хориҷа ин айбномаро ҳамвора сохтаву бепоя ва баҳонае барои рондани онҳо аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон медонанд.

Раҳматуллои Раҷабро соли 2015 боздошт ва ба 28 сол зиндон маҳкум карданд. Ӯ моҳҳои охир ба камияш ду бор аз мақомоти Тоҷикистон бозбинии ҳукмашро хостааст.

Номи Нилуфар Раҷабова бори аввал соли 2019, замоне расонаӣ шуд, ки барои доштани рӯсарӣ боздошт шуда, ҷарима пардохт. Ӯ се фарзанд дорад ва дуи онҳо ба бемории шикасти устухон гирифторанд.

Созмонҳои байнулмилалӣ борҳо аз таъқибу бозпурсии пайвандони фаъолони сиёсӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз мақомот хостаанд, фишор болои онҳоро бас кунанд. Мақомот ҳамвора фишор ба хонаводаҳои фаъолони сиёсиро инкор кардаанд.

WTA ҳамаи мусобиқаҳои худро дар Чин бас кард

Пэн Шуай

Иттиҳодияи тенниси занон (WTA) рӯзи 1-уми декабр эълон кард, ки баргузории ҳама гуна мусобиқаҳои ин созмонро дар Чин, бо шумули Ҳонгконг, ба хотири нигарониҳо аз амнияти варзишгари чинӣ Пэн Шуай боз доштааст.

Пэн Шуай баъди гунаҳкор кардани мансабдори чинӣ дар озори ҷинсӣ чанд ҳафта мешавад, дар мазҳари ом пайдо намешавад.

Раҳбари WTA Стив Саймон, ки борҳо аз тақдири теннисбози чинӣ изҳори нигаронӣ кардааст, гуфт, "ба Пэн Шуай иҷозат намедиҳанд, ки озодона гап занад. Зоҳиран ба вай фишор меоранд".

Ба гуфтаи ӯ, иттиҳодия ҳанӯз ҳам намедонад, ки варзишгари чинӣ дар куҷо қарор дорад. Саймон хост, иттиҳоме, ки Пэн Шуай гуфтааст, шаффоф таҳқиқ карда шавад.

Мақомоти Чин мегӯянд, Пэн Шуай, ки муовини сарвазир Чжан Гаолиро ба озори ҷинсӣ айбдор кардааст, дар ҷойи амн қарор дорад.

Рӯзи 21-уми ноябр видеое дар Интернет нашр шуд, ки нишон медиҳад, варзишгар дар мусобиқае дар Пекин теннис бозӣ мекунад, вале рӯзноманигорон ва мухлисон имкони суҳбат бо ӯро надоштанд.

Гумонбари ҳамла ба сиёсатмадори мухолифи қирғиз боздошт шуд

Омурбек Текебоев

Пулиси шаҳри Бишкек шоми 1-уми декабр хабар дод, ки мардеро бо гумони ҳамла ба Омурбек Текебоев, раҳбари Ҳизби мухолифи "Ота Макон"-и Қирғизистон боздошт кардааст.

Ба хабари пулис, гумонбар сокини 23-солаи вилояти Чӯйи Қирғизистон аст. Ӯ телефони мобилиеро, ки аз Текебоев дуздида буд, ихтиёрӣ баргардонида, дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Омурбек Текебоев гуфт, ҳамла 1-уми декабр дар тарабхонаи "Парк Отел"-и Бишкек сурат гирифт. Ба гуфтаи ӯ, тақрибан 70 марди ниқобпӯш ба онҷо рафта, се нафарашон ӯро задаанд.

Текебоев бовар дорад, ки ҳамла ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт мегирад. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) ба Вазорати корҳои дохилии ин кишвар дастур додааст, ки ҳодисаро ҳамаҷониба санҷанд. Муовини сарвазири Қирғизистон Эдил Байсалов дар Твиттер навишт, "дар Қирғизистон ба хушунати сиёсӣ ҷой нест".

Ҳамла дар замоне сурат гирифт, ки ҳудуди 300 ҷонибдори Ҳизби "Ота Макон" ва чанд ҳизби дигари мухолиф дар назди Кумисюни марказии интихобот дар Бишкек ҷамъ шуда, ин ниҳодро ба тақаллуб гунаҳкор карданд. Онҳо хостанд, интихоботи нав баргузор карда шавад.

Базанов ва ҳамсарашро аз Ҷумҳурии Чех рондаанд

Владимир Базанов

Мақомоти Ҷумҳурии Чех раиси Федератсияи Футболи Беларус Владимир Базанов ва ҳамсарашро ба хотири амали хилофи қонунҳои давраи пандемияи COVID-19 аз ин кишвар берун кардаанд.

Рӯзи якуми декабр полиси Чехия гуфт, 30-юми ноябр ду шаҳрванди хориҷӣ дастур гирифтанд, ки то охири рӯз аз қаламрави минтақаи Шенген берун шаванд.

Полис афзудааст, тафтиши макони зисти ин ду нафар собит намуд, ки онҳо ҳангоми вуруд ба Чехия хилофи дастурҳои Вазорати тандурустии ин кишвар амал кардаанд.

Расонаҳои чехӣ аз қавли вазири корҳои Чехия Якуб Кулҳанек нақл мекунанд, ки рӯзи якуми декабр раводиди сафари Базанов ва ҳамсараш ба минтақаи Шенген беэътибор дониста шуд ва онҳоро аз боздошт раҳо карданд.

Тибқи суханони вазир онҳо имкон ёфтанд, ки фавран аз хоки Чехия берун шаванд.

Хабаргузории русии ТАСС навиштааст, якуми декабр Вазорати корҳои хориҷии Беларус дипломатҳои чехии мустақар дар ин кишварро даъват намуда, ба онҳо нотаи эътирозӣ супурдааст.

Вазорат гуфт, мавсими ҷалби ҷавонон ба артиш поён ёфт, аммо даъват идома мекунад

Акс аз бойгонӣ

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки даъват ба артиш расман поён ёфтааст, аммо даъвати ҷавонон ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисташон давом хоҳад кард.

Сомонаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 1-уми декабр навишт, ҷавононро барои омӯзиш ва омодагӣ ба даъвати баҳорӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ даъват мекунанд.

Ҳар сол Вазорати мудофиа пеш аз муҳлат эълон мекард, ки даъвати ҷавонон ба артиш хотима ёфтааст. Ин бор нагуфт, ки нақша "сад дар сад иҷро шуд".

Пештар баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ низ тахмин зада буданд, ки эҳтимол даъвати ҷавонон ба артиш пурра иҷро нашудааст.

Ҳар сол тирамоҳу баҳор ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиши Тоҷикистон даъват мекунанд. Мавсими тирамоҳии даъват ба артиш якуми октябр сар шуда, якуми декабр ба анҷом мерасад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 1-уми декабр аз баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон хабар расид, ки “сарбозшикор” ё бо зӯр ба артиш бурдани ҷавонон идома дорад.

Бо вуҷуди қабули қонун дар бораи хидмати алтернативӣ, ки бо супурдани маблағ ҷавононро аз уҳдадории ҳарбӣ озод мекард, имсол низ шикоятҳо аз "сарбозшикор" ё “облава” зиёд буд.

Мақомот аз он нигаронанд, ки баъзе аз ҷавонон бо ҳар баҳона аз хидмат сарпечӣ мекунанд. Намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқ далелашро ба вазъи нохуби қисмҳои ҳарбӣ ваз арбу лати наваскарон дар онҷо пайванд медиҳанд.

Тоҷикистон як зани афғонистонӣ ва 13 узви хонаводаашро "ба Толибон супурдааст" ВИДЕО

Паноҳҷӯёни афғон дар марзи Эрону Афғонистон. Акс аз моҳи августи 2021

Як зани рӯзноманигор аз Афғонистон иддао дорад, ки мақомоти Тоҷикистон ӯ ва 13 узви хонаводаашро ба Толибон супурдаанд.

Марзбонҳои тоҷик ҳодисаро тасдиқ ё рад намекунанд. Зан рӯзи 2-юми декабр дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аввали моҳи ноябр ба воситаи Ишкошим вориди хоки Тоҷикистон гардида, "пас аз як ҳафта" дубора ба Афғонистон пас гардонда шуданд. Номи зан ба далели амниятӣ нашр намешавад.

Пештар мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар шароити нохуби иқтисодӣ тавоноии пазироӣ аз паноҳҷӯёни бештарро надоранд.

Ин зани афғонистонӣ нақл кард, ки бо ворид шудан ба хоки Тоҷикистон ҳамчун паноҳҷӯ худро ба Идораи пулиси маҳаллӣ таслим карданд. Марзбонон ва пулис гуфтаанд, сарнавишти онҳо дар Душанбе ҳал мешавад.

“Бо ҳафт тифли хурди хонавода ва тағоям, ки корманди ҳукумати собиқ буд, вориди Тоҷикистон шуда будем. Баъди як ҳафта моро маҷбуран ба марз бурданд ва ба дасти сарҳадбонони Толиб супурданд,” -- иддао кард ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Тоҷикистон як зан ва хонаводаашро "ба Толибон супурдааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Мақомот ҳанӯз вокуниш накардаанд. Дафтари Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон рӯзи 19-уми ноябр аз истирдоди паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон бонги изтироб зада буд. Дар изҳороти созмон гуфта мешуд, ки мақомоти Тоҷикистон 11-уми ноябр 11 марду зан ва кӯдаконро ба Афғонистон “зӯран баргардониданд”.

Рӯзноманигори афғон гуфт, замоне онҳоро ба Толибон месупурданд, “марзбонони тоҷик ашк мерехтанд, вале гуфтанд, агар ин коррро анҷом надиҳанд, худашон зиндонӣ мешаванд”. Ӯ гуфт, бо вуруд ба Афғонистон тағояшро Толибон боздошт карданд ва ду ҳафта аст, ки аз сарнавишташ хабаре надоранд.

Толибон дар нимаи моҳи августи имсол Афғонистонро тасарруф карданд. Рӯзноманигорон ва фаъолони дигар аз тарси гуруҳи тундгарои "Толибон" ин кишварро тарк карданд.

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон аз Тоҷикистон ва ҳамсояҳои дигари Афғонистон хостааст, марзҳои худро ба рӯйи паноҳҷӯёни афғон, ҳатто агар ҳуҷҷат ҳам надошта бошанд, бикушоянд. Ин ниҳод гуфт, марзҳои Покистону Эрон ба рӯйи афғонҳои соҳиби ҳуҷҷат ва раводид (виза) боз аст, вале сарҳади Тоҷикистону Узбекистон “комилан бастааст”.

Пештар мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки 15 ҳазор паноҳҷӯи афғонро қабул кардаанд. Намояндаи Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид ду ҳафта пеш ин шумораро тақрибан 12 ҳазор нафар гуфт.

Савдогарони қади роҳро низ ба "бозори бародари президент" бурдаанд

Бозори "Каёнуш" дар ноҳияи Данғара

Даҳҳо савдогари канори роҳ ва кӯчаҳои марказии ноҳияи Данғараро, ки тиҷорати хурд доштанд, маҷбурӣ ба бозори "Каёнуш" бурдаанд. Пештар мақомоти Данғара тоҷирони мева ва гӯштро аз бозори марказӣ ба онҷо кӯчонда буданд.

Ин бозор аз маркази ноҳия се километр дур аст ва савдогарон нигаронанд, ки муштариёни худро аз даст медиҳанд. Қаблан мақомоти ноҳия гуфта буданд, ки барои беҳтар кардани шароити тоҷирон ва харидорон онҳоро ба ин бозор мефиристанд.

Баъзе аз соҳибкорон ва мансабдорони ноҳияи Данғара бозори “Каёнуш”-ро ба хонаводаи Нуриддин Раҳмон, бародари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, марбут медонанд. Фармони кӯчондани соҳибкорон ба бозори “Каёнуш”-ро Исломиддин Раҳмон, раиси 38-солаи ноҳияи Данғара ва писари Нуриддин Раҳмон содир кардааст.

Ноҳияи Данғара дар маконе ҷойгир шудааст, ки мусофирон аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз ҳудуди он гузашта, ба шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар мерасанд.

Мақомоти ноҳияи Данғара мегӯянд, рӯзе аз 4 то 5 ҳазор нафар аз ҳудуди ин ноҳия мегузарад ва муштариёни аслии фурӯшандаҳо онҳо ҳастанд.

Саҳмияҳои Эрон, Тоҷикистон ва Лубнон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё мушаххас шуд

Бозиӣ миёни "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ. Акс аз бойгонӣ.

Конфедератсияи футболи Осиё меъёри ҳузури Тоҷикистон ва Лубнонро дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 тасдиқ кард. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш дар расонаҳо хабаре пахш шуда буд, ки саҳмияҳои Тоҷикистону Лубнон барои ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 ба далели дер фиристодани аснод лағв шудаанд.

Аммо торнамои "Рейтинги футбол" бо нашри як хабари фаврӣ эълом кард, ки Конфедератсияи футболи Осиё ба бошгоҳҳои Тоҷикистон ва Лубнон иҷозаи ширкат дар ин мусобиқотро додааст. Ҳамин тариқ, бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ҳузур хоҳад дошт. Инчунин дар Ҷоми AFC-2022 аз Тоҷикистон ва Лубнон дудастаӣ иштирок мекунанд.

Саҳмияҳои Эрон -- кишвари ҳамзабони Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 тибқи фасли пешин 2+2 мебошад. Аз ин рӯ, «Персеполис» ва «Фулод» ба далели пирӯзӣ мутаносибан дар Лигаи бартар ва Ҷоми Эрон ба сурати мустақим дар марҳилаи гурӯҳӣ ширкат хоҳанд кард. "Сипоҳон" ва "Истиқлол" бошанд, бояд дар марҳилаи плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 иштирок кунанд.

Бар асоси муқаррароти AFC, дар солҳои қаблӣ дар сурати лағви саҳмияҳои ин гуна кишварҳо, саҳмияҳои Эрон 3+1 буд, яъне “Сипоҳон” мустақиман дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 ширкат меварзад.

Бар асоси ин хабар, саҳмияҳои Эрон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 мисли пештара 2+2 боқӣ монд ва “Сипоҳон” аз шонси ширкат дар сабқати гурӯҳӣ маҳрум шуд. “Сипоҳон” ва бошгоҳи дигари эронӣ - “Истиқлол” - бояд дар даври плей-офф ширкат варзанд.

Мақомот: "Эътирозгарони Хоруғ ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд, агар..."

Хоруғ, 26-уми ноябри 2021

Ҳукумати Бадахшон ва Раёсати корҳои дохилии ин вилоят эълон карданд, шахсоне, ки дар тазоҳуроти чоррӯза дар Хоруғ ширкат карданд ва ҷинояти дигаре содир накарданд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Ин эълон шаби 1-уми декабр тавассути телевизиони маҳаллӣ пахш шуд.

Аз 25-ум то 28-уми ноябр дар шаҳри Хоруғ сокинон аз кушта шудани як сокини Роштқалъа эътироз карданд. Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми Роштқалъа, ки ба гаравгонгирӣ ва барангехтани маҳалгароӣ муттаҳам мешуд, рӯзи 25-уми ноябр дар натиҷаи як амалиёт кушта шуд.

Мақомоти маҳаллӣ бо эътирозгарон гуфтугӯ карданд ва талаби онҳоро пазируфтанд. Шарти эътирозгарон ин буд, ки парвандаи марги Гулбуддин одилона таҳқиқ шавад, эътирозгарон ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд ва интернет дубора дар Бадахшон дастрас шавад.

Дар изҳороти аввали мақомот аз ҳеч шарте ёд нашуда буд. Шаби гузашта бори аввал расман мақомот эълон карданд, ки онҳое дар эътироз ширкат кардаанд ва ҷинояти дигар содир накардаанд, аз ҷавобгарӣ озоданд.

Дар Тоҷикистон бе иҷозати ҳукумат баргузории эътироз ҷиноят дониста мешавад. Дар 20 соли охир мақомот ягон бор иҷозати чунин эътирозро ба сокинон надодаанд.

Дар Қирғизистон истеъфои раиси Комиссияи интихоботиро талаб доранд

Эътироз ба натиҷаҳои интихоботи порлумонии Қирғизистон.

Гуруҳе аз сокинони Қирғизистон дар пасманзари нашри натиҷаҳои баҳсбарангези интихоботи порлумонӣ истеъфои раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии он кишвар (КМИР) Нурҷон Шайлдабековаро талаб мекунанд.

Ба гуфтаи муаллифони муроҷиатнома, "мардум бо вуҷуди ваъдаҳо барои баргузор кардани интихоботи шаффоф, ин бор низ ноумед шуданд".

Онҳо мегӯянд, интихоботи ахири порлумонии Қирғизистон бо қонуншиканиҳои зиёд баргузор шуда, масъулони КМИР натиҷаҳои интихоботро ба таври густурда сохтакорӣ кардаанд.

Муаллифони муроҷиатнома гуфтанд, ягона роҳи ҳифзи боварии мардум ба низоми интихоботӣ ва роҳ надодан ба нақзи тартиботи ҷамъиятӣ тағйири комили ҳайат ва раҳбарияти КМИР Қирғизистон мебошад.

Дар Қирғизистон 28-уми ноябр интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. Ҳизбҳои мухолифи Қирғизистон натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии ин кишварро, ки рӯзи якшанбе барпо шуд, рад карда, Комиссияи марказии интихоботро дар тақаллуб айбдор намуданд.

Шоми 28-уми ноябр дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек раҳбарони чор ҳизби сиёсӣ – “Отамакон”, ҳизби “Озодӣ”, сотсиал-демократҳо ва ҳизби “Ваҳдати қавмҳо” аз мақомот талаб карданд, ки натиҷаҳои интихоботро бекор ва интихоботи навро барпо кунанд.

Мухолифон комиссияи интихоботро дар он муттаҳам карданд, ки дар 40 дақиқае, ки монитори ҳисобу китоби овозҳо аз кор монд, овозҳо “дуздидаву” “тақаллуб шудаанд”. Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки 122 ҳазор ё наздики 10 фоизи бюллетенҳо беэътибор дониста мешаванд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG