Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи пурқурбонии се қатори роҳи оҳан дар Покистон


Мақомоти Покистон мегӯянд, шумори қурбониёни ёфтшудаи садамаи се қатори пуриздиҳоми мусофирбар дар Ғоткӣ ба тақрибан 150 нафар баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои наҷотдиҳанда то ҳол натавонистаанд ҳамаи кушташудаҳоро аз зери овори қаторҳои роҳи оҳан берун кашанд. Шумори маҷрӯҳон дар натиҷаи ин садама беш аз 1 000 нафар ҳисоб шуда, бино ба хабарҳо, ҳамаи бемористонҳои минтақа аз ин маҷрӯҳон пур шудаанд.
Ба гуфтаи мақомоти масъули роҳи оҳани Покистон, ронандаи қатори тезгарди Карочӣ паёми кормандони роҳи оҳанро нодуруст қабул кардааст, ки дар натиҷа ба қатори самти Кветта бархӯрд. Дар натиҷаи садама чандин мошине, ки мунтазири гузаштани қаторҳои роҳи оҳан буданд, низ зери овори ин ду қатор монданд. Баъди чанд лаҳза қатори севвум - экспресси Тезгом ба ду қатори аввал тасодум кардааст.

Садамаи субҳи чоршанбе, 13 июл аз пурқурбонитарин садамот дар роҳҳои оҳани Покистон ба шумор меравад. Соли 1991 дар як фалокати дигари қатори роҳи оҳан дар наздикии Ғоткӣ дасти кам 50 кас кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG