Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори журналистон бо ҳамкасби боздоштшудаашон


Ҳайати коршиносон ва хабарнигорон аз расонаҳои гурӯҳӣ ва иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо рӯзноманигор Ҷумъа Толибов дар боздоштгоҳи муваққати ноҳияи Айнӣ мулоқот анҷом додааст. Ин ҳайат бо ҳадафи тадқиқи қазияи боздошти Ҷумъа Толибов - рӯзноманигор ва мудири бахши ҳуқуқи ноҳияи Айнӣ аз Душанбе ба ин ноҳия сафар карда буд ва тайи се рӯз бо додситон дар дафтари кории ӯ ва бо рӯзноманигор ҳудуди сӣ дақиқа дар боздоштгоҳ сӯҳбат доштааст. Абдуфаттоҳ Воҳидов - коршиноси иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва роҳбари ҳайати мазкур гуфт, қазияи Ҷумъа Толибовро марбут ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ медонад. Ҷаноби Воҳидов гуфт, рӯзноманигори боздоштшуда хостааст, тавассути навиштаҳои худ ба ҳалли масоили мубрами сокинони ноҳияаш мусоидат намояд. Абдуфаттоҳ Воҳидов афзуд, додситони ноҳияи Айнӣ ҳарчанд дар оғоз бо ҳайат як мулоқот анҷом дода аз мавқеи худ пуштибонӣ кардааст, аммо ба дархости мулоқоти такрории ҳайат баъди дидор бо рӯзноманигори боздоштшуда посухи рад додааст. Додситони ноҳия аз ин ҳайат дубора фақат бо Самандари Искандар - хабарнигори «Минбари халқ» - нашрияи ҳизби халқӣ -демократӣ сӯҳбат кардааст, аммо аз ҷузъиёти он чизе маълум нашудааст. Коршиноси иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, боздошти Ҷумъа Толибов боиси бурузи ихтилоф дар миёни ҳукумат ва додситонии ноҳия шудааст. Ба таъйиди Абдуфаттоҳ Воҳидов, Мавҷуда Бобоева- раиси ноҳияи Айнӣ, ки узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон низ мебошад, дар мулоқот аз Ҷумъа Толибов пуштибонӣ карда гузашта аз ин чопи матолиби интиқодии ӯро дар робита ба фаъолияти додситонии ноҳяи дуруст арзёбӣ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Зоҳир Зокиров -раҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Айнӣ дар сӯҳбати телефонӣ тасдиқ кард, ки сокинони бештари деҳоти ноҳия ҳамарӯза аз сарнавишти Ҷумъа Толибов ҷӯё шуда ва дар мулоқоти ахирӣ бо намояндаи ҳукумати вилоят низ ҳарчи зудтар ҳал шудани масъалаи ӯро талаб кардаанд.
Абдуфаттоҳ Воҳидов - коршиноси иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, натоиҷи тадқиқоти ҳайати коршиносон ва рӯзноманигорон дар иртибот ба қазияи Ҷумъа Толибов рӯзноманигор ва мудири бахши ҳуқуқи ноҳияи Айнӣ,ки аз авохири апрели соли ҷорӣ дар боздошт ба сар мебарад, дар ду рӯзи дигар расман интишор хоҳад шуд.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG