Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комёбии "Регар -ТадАЗ" дар Катманду


Қаҳрамони футболи Тоҷикистон, тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода барои ширкат дар марҳилаи нимфиналии ҷоми раиси АFC ва ё Конфедератсияи футболи Осиё роҳ ёфт. Нахустин мусобиқа барои дарёфти ҷоми раиси AFC бо ширкати ҳашт дастаи қаҳрамони футболи кишварҳои Осиё, ки ба гурӯҳи «зуҳурёфта» шомиланд, дар пойтахти Непал - Катманду ҷараён дорад. Қаҳрамони футболи Тоҷикистон баъди пирӯзӣ дар нахустин дидори худ бар тими «Транспорт Юнайтед»-и Бутан бо натиҷаи 6 бар 1, тими «Тайван Пауэр Кампани»-и Тайванро бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб кард. Севвумин дидори футболбозони тоҷик бо тими «Три Стар Клуб»-и Непал бо натиҷаи мусовии сифр бар сифр анҷом ёфт.

Ба ин тартиб «Регар-ТадАЗ» бо 7 имтиёз дар гурӯҳи «А» мақоми аввалро ишғол карда, ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи дуввуми мусобиқа сазовор шуд. Рақиби «Регар-ТадАЗ» дар бозии ниманиҳоӣ тими «Блу Стар Спортс»-и Шри-Ланка мебошад, ки дар гурӯҳи «В» соҳиби мақоми дуввум гардид. Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар-ТадАЗ» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз бозии шогирдонаш дар рақобатҳои Катманду изҳори қаноатмандӣ карда гуфт, сарпарасти даста - корхонаи алюминсозии Тоҷикикистон барояшон тамоми шароитҳои заруриро фароҳам сохтааст ва онҳо мекӯшанд дар ин мусобиқа пирӯзӣ ба даст биёранд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи «Дордой - Динамо»-и Қирғизистон - ғолиби гурӯҳи «В» ва тими «Три Стар Клуб»-и Непал, ки дар гурӯҳи «А» соҳиби мақоми дуввум шуд, рақобат хоҳанд кард. Ҳарду бозии ниманиҳоии ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи панҷшанбе, 12 май баргузор мешавад.

Ва боз як хабари тоза ин аст, ки бино ба иттилоъи Шавкат Аҳмадов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби наврасони ин кишвар дар ҷашнвораи футболи кӯдакону наврасони мамолики Осиё дар шаҳри Тошканд соҳиби мақоми дуввум шудааст. Футболбозони навраси тоҷик аз 11 бозӣ 19 хол ба даст оварданд. Тими футболи наврасони Эрон бо 22 имтиёз мақоми аввал ва дастаи мизбонон - Узбакистон бо 15 имтиёз мақоми севвумро ишғол карданд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG