Тибқи иттилоъи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) раиси даврии он, вазири корҳои хориҷии Словения Дмитрий Рупел ҳафтаи оянда ба се кишвари Осиёи Марказӣ -- Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар мекунад.
Сафари ӯ ба ин минтақа рӯзи душанбе аз Қирғизистон сар шуда, рӯзи сешанбе Рупел дар пойтахти Тоҷикистон бо президент Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Маҷлиси миллӣ Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Намояндагон Сайдулло Хайруллоев ва ноиби аввали вазири корҳои берунаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дидору гуфтушунидҳо хоҳад дошт.
Дафтари матбуоти САҲА хабар додааст, ки дар ин музокирот ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди минбаъдаи равандҳои демократӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Рупел дар моҳи феврали соли равон ба Қазоқистон ва Ӯзбакистон сафар карда буд, аммо ин бори дуюм мешавад, ки вай вориди Бишкек мегардад. Дар охири моҳи март, ҳангоми рӯйдодҳои Қирғизистон Рупел дар Бишкек бо сарони ҳукумати нави ин кишвар мулоқот карда буд.