Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон дар Қирғизистон биноҳои давлатиро ишғол карданд


Эътирозкунандагони қирғиз биноҳои асосии ҳукуматҳои маҳаллиро дар се шаҳри Қирғизистон ишғол карданд ва президент Аскар Оқоев дастур дод, шикоятҳои марбут ба фиребгариҳои эҳтимолӣ дар интихоботи 27-уми феврал мавриди пажӯҳиш қарор гиранд.
Сарони мухолифини Қирғизистон, ки ин намоишҳои эътирозиро дар аввали моҳи гузашта шурӯъ карда буданд, мегӯянд, интихоботи ахири порлумонӣ дар ин кишвар одилона ва қонунӣ набуд. Вале мақомоти расмӣ аз пажӯҳиши ин шикоят худдорӣ карда, интихоботро озод, шаффоф ва одилона номиданд. Хабарнигорон мегӯянд, эътирозгарон, ки шумораи онҳо рӯ ба афзоиш аст, идораҳои асосии ҳокимияти маҳаллиро дар шаҳрҳои ҷанубии Ҷалолободу Ӯш ва ғарбии Талас ишғол намуданд.
Яке аз сарони оппозисюн, сарвазири пешини Қирғизистон Курманбек Боқиев гуфт, тарси инро дорад, ки мумкин аст, нирӯҳои ҳукумат хушунатҳоро бар зидди намоишгарон ангезиш диҳанд. Аммо шабакаҳои телевизионии ғарбӣ намоиш доданд, ки худи эътирозгарон дар баробари нирӯҳои интизомӣ даст ба зӯроварӣ задаанд. Бархе аз кормандони полиси Қирғизистон бетарафӣ эълон карда, бархи дигар бо намоишгарон пайвастанд. Раҳбари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Дмитрий Рупел аз ҳукумат ва оппозисюн даъват кард, ки шиддати вазъиятро бо василаи муколама паст кунанд.
Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG