Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон


Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, 3 феврал бо судури як қарор Зокир Вазиров - муовини нахуствазири Тоҷикистон аз мансабаш сабукдӯш карда ва вазири шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон таъйин намуд. Тибқи қарори дигари ҳукумати ин кишвар Мамадшоҳ Илолов -вазири шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон таъйин гардид. Ҳукумат ҳамчунин дар раҳбарияти вазорати дохила тағйирот ба амал овард, дар ин вазорат Абдусаттор Раҷабов аз мақоми муовинат сабукдӯш шуд. Бо фармони дигари ҳукумат Виктор Болтов ва Раҷабалӣ Туранов, ки муовинони вазири тиҷорат ва иқтисоди Тоҷикистон буданд, аз мансабҳои хеш сабукдӯш шуданд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG