Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотимаи сабти асноди номзадҳо ба парлумони Тоҷикистон


Мирзоалӣ Болтуев - раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар рӯзи ниҳоии пешниҳоди асноди номзадҳо ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ҳамаи шаш ҳизби сиёсии кишвар асноди худро ҷиҳати ширкат дар интихоботи парлумонии моҳи феврал пешниҳод карданд.
Ба гуфтаи ӯ, Ҳизби халқӣ-демократӣ таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмонов 21, Ҳизби наҳзат 15, Ҳизби коммунистӣ 9, Ҳизби Сотсиал- демократӣ 7, Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби демократ 4 нафарро ба ҳайси муддаии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешниҳод карданд.
Раиси Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон афзуд, аз ҳавзаҳои инфиродӣ дар 41 ҳавза 206 довталаб, аз ҷумла 13 зан асноди худро ироа доштааст. Қарор аст интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ҳудуди 400 нафар нозирони хориҷӣ, аз ҷумла 130 нафар аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо назорат кунанд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз феҳристи Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон зери раҳбарии Абдуғаффор Ҳалимов исми Маҳмуд Болтаевро ба далели надоштани таҳсилоти олӣ аз феҳристи Ҳизби демократии Тоҷикистон номи раиси ин ҳизб Муҳамадрӯзӣ Искандаровро бо пешниҳоди додситонии кулл ихроҷ кард.
Раҳматулло Валиев муовини аввали раиси ҳизб мегӯяд, ҳадаф аз боздошти Искандаров ва эъломи иттиҳомот алайҳи ӯ маҳз ҷилавгирӣ аз ширкати ӯ дар интихобот будааст. Валиев бар хилофи изҳороти қаблӣ, ки дар сурати раҳо накардани Маҳмадрузӣ Искандаров ин ҳизб интихоботро таҳрим хоҳад кард, гуфт бо мувофақаи оқои Искандаров Ҳизби демократ интихоботро таҳрим намекунад.
Комиссияи марказии интихобот гуфт, дар Амрико, Олмон, Чин, Эрон, Туркия, Покистон, Афғонистон ва бархе аз кишварҳои собиқи шӯравӣ шароитро барои ширкати шаҳрвандони тоҷик дар интихобот фароҳам хоҳад кард. Ба гуфтаи масъулони комиссия, дар Русия беш аз 400 ҳазор атбои тоҷик ба сар мебарад ва барои онҳо дар нӯҳ шаҳри ин кишвар сандуқҳои раъй гузошта хоҳад шуд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG