Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди мӯҳлати қабули асноди номзадҳо ба парлумон


Комиссияи марказии раъйпурсӣ ва интихоботи Тоҷикистон бо тақозои намояндагони ҳавзаҳои интихоботӣ ва аҳзоби сиёсии ин кишвар мӯҳлати қабули асноди номзад ба вакилони парлумонро то рӯзи 13 январ тамдид кард. Муҳибулло Додоҷонов, сардори дастгоҳи комиссияи интихоботӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, мӯҳлати қабули аснод ба он хотир тамдид шуд, ки баъзе аз ҳавзаҳои маҳалии интихоботӣ натавонистаанд, асноди номзадҳоро қабул кунанд ва ё номзадҳо фурсати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои хешро наёфтаанд.
Баъд аз шурӯъи пешниҳоди аснод ба 41 ҳавзаи интихоботӣ дар рӯзи 29 декабри соли гузашта то кунун 190 нафар аз роҳи худпешбарӣ ва ҳизбӣ ҳуҷҷатҳои худро ба Комиссияи марказии интихоботӣ пешниҳод кардаанд. Муҳибулло Додоҷонов гуфт, рақобат дар интихобот шадид хоҳад буд, зеро дар аксари ҳавзаҳои интихоботӣ на камтар аз се нафарӣ номзадии худро гузоштаанд. Қарор аст Комиссияи марказии интихобот рӯзи ҷумъа 14-уми январ ҷаласа баргузор карда, асноди номзадҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳад ва эълон намояд, ки дақиқан чанд номзад ба вакилӣ дар интихобот ширкат хоҳад кард.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG