Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳи Сангтӯдаи 1-ро Русия ва Сангтӯдаи 2-ро Эрон месозад


Мулоқоти сеҷониба миёни вузарои энержии Тоҷикистон ва Эрон ва раиси идораи шабакаи воҳиди барқи Русия бо номи РАО EЭС Русия дар шаҳри Душанбе ба манзури идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда доир шуд ва дар он мулоқот ду протоколи дуҷониба ва сеҷониба ба имзо расид. Қаблан тавофуқ шуда буд, ки бар асоси консорсиюм сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда 1 ба ӯҳдаи Эрон вогузор шавад. Аммо акнун гуфта мешавад, ки нерӯгоҳи Сангтӯда тавассути РАО ЕЭС-и Русия сохта шуда ва ҷониби Эрон дар ин сохтмон саҳме нахоҳад гузошт, балки сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда-2 бар дӯш гирифтааст.
Ҳабибуллои Бетараф - вазири энержии Эрон гуфт, тамоми созишномаҳои пешина тағйир ёфтаанд ва тавофуқи ниҳоӣ дар мавриди ба ихтиёри Эрон вогузор кардани сохтмони ин нирӯгоҳ ҳосил шуда ва қарор аст то ду илло се моҳи дигар сохтмони он оғоз шавад. Ба гуфтаи Ҷӯрабек Нурмаҳмадов - вазири энергетикаи Тоҷикистон, кишвараш дар сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯдаи 2 саҳме нахоҳад дошт ва то ҳоли ҳозир сохтмони ин нирӯгоҳ танҳо ҳудуди 2 дарсад анҷом шудааст. Арзиши умумии сохтмони Сангтӯда-2 аз 160 то 180 миллион долларро ташкил хоҳад дод, ки ба сурати куллӣ аз ҷониби Эрон пардохт хохад шуд.
Сангтӯдаи-1, ки гуфта мешавад се маротиба аз Сангтӯда-2 тавоноии бештар хоҳад дошт, мувофиқи лоиҳа 434 миллион арзиш дорад ва идомаи сохтмони он ба сурати куллӣ бар дӯши Русия хоҳад буд. Саҳми Тоҷикистон дар ин нирӯгоҳ танҳо мувофиқи арзиши корҳои анҷомшуда дар он баровард мешавад. Ва бар асоси ҳамин таносуб, ки бештар аз 100 миллион доллар, ё чаҳоряки арзиши сохтмонро ташкил медиҳад, Тоҷикистон дар тақсим ё истифодаи тавлидоти ин нирӯгоҳ саҳм хоҳад дошт.
Русия то кунун изҳор кардааст, ки омодааст дар эҳдоси Сангтӯда ҳудуди 250 миллион доллар маблаггузорӣ кунад. Анатолий Чубайс сардори РАО ЕЭС-и Русия низ гуфт: "Моро зарур аст, ки воситаҳои иловагиеро ба манзури таъмини молии барномаи мазкур ҷустӯҷу кунем. Мо пешниҳодоти кишварҳои дигар аз ҷумла Қазоқистонро низ, ки мехоҳад дар ин тарҳ саҳм гузоранд, баррасӣ мекунем. Вале бидуни ин ҳам қодирем, ин сохтмонро дар замони таъйиншуда ба иҷро бирасонем."
Вазири энержии Тоҷикистон низ гуфт, қарор аст, то чаҳор соли дигар сохтмони ҳар ду нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ва Сангтӯдаи 2 ба анҷом бирасад. Ва он гоҳ, яъне дар поёни соли 2008-ум аст, ки гуфт вазири энержии Тоҷикистон, сокинони ин кишвар хоҳанд тавонист бидуни меъёр аз нирӯи барқ истифода кунанд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG