Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон дар соли 2004

Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон бо баргузории як назархоҳӣ даҳ нафар беҳтарин варзишгари ин кишварро дар соли 2004 муайян кард. Фарид Солеҳов, дабири кулли ин анҷуман дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол инҳо шомил шуданд - тирандоз Сергей Бабиков, ки дар Бозиҳои олимпии Афина дар тирандозӣ аз туфанг миёни даҳ варзишгари беҳтарини ҷаҳон ҷой гирифтааст.
Каратечӣ Муҳаммад Бодаков, ӯ дар нахустин мусобиқоти қаҳрамонии каратечиёни Авруосиё дар Маскав ду медали биринҷӣ ба даст овардааст.
Даванда Гулсара Додобоева, байни варзишгарони Тоҷикистон ӯ нахуст дар дави марафонӣ соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Афина гардид. Вай ҳамчунин, ягона варзишгарест, ки се бор дар Бозиҳои олимпӣ Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст.
Муштзан Шералӣ Достиев, ӯ дар мусобиқоти интихобии олимпии муштзанҳо дар Чин дар вазни 48 кило ғолиб омада, барои ширкат дар Олимпиадаи Афина роҳ ёфт.
Гуштигир Карим Мерганов, вай дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Кишинёви Молдова дар вазни худ соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Гурзандоз Дилшод Назаров, вай имсол дар ду мусобиқоти байналмилалӣ дар шаҳрҳои Бишкек ва Алматӣ ҷойи аввалро ишғол кард ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Юнон гашт.
Вазнбардор Парвиз Одинаев, ӯ дар Бозиҳои 12-уми паралимпӣ ё худ Олимпиадаи маъюбон дар Юнон дар навъи пауэрлифтинг дар байни нӯҳ нафар беҳтарин варзишгари дунё мавқеъ гирифт.
Таеквондочӣ Дилшод Сайфиддинов, вай дар мусобиқоти байналмилалии «Ҷоми Пётри Кабир» дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни 63 кило ва ҳисоби умумӣ ду медали тилло ба даст овард.
Гуштигир Парвиз Собиров, ӯ дар мусобиқоти байналмилалӣ дар навъи гуштии дзюдо дар шаҳри Омски Русия дар вазни 90 кило соҳиби медали нуқра гашт ва дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ғолиби мутлақи мусобиқот эълон шуд.
Ва футболбоз Сӯҳроб Ҳамидов, ҳамлагари дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони имсолаи футболи Тоҷикистон. Вай дар бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии ин кишвар 33 гол зада, беҳтарин нишонзан эълон гашт.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Гурӯҳи депутатҳои маҳаллӣ бекор шудани натиҷаҳои интихоботи Русияро талаб карданд

Комиссиюни марказии интихоботҳои Русия, 19-уми сентябр

Дар Русия гурӯҳе аз депутатҳои мустақили маҷлисҳои маҳалливу вилоятӣ дар аризае талаб кардаанд, ки натиҷаҳои интихоботи парлумонии 17-19-уми сентябри имсол бо сабаби тақаллубу қонуншиканиҳои зиёдаш бекор карда шавад. Анҷумани вакилони мустақили маҳалливу вилоятӣ дар аризае ба номи раиси Комиссиюни марказии интихоботҳои Русия Элла Памфилова навиштанд, ки аз ӯ ташкили “интихоботи одилонаву шаффоф”-ро тақозо карда буданд, вале “дар асл амалҳои шумо натиҷаҳои баръакс дод”.

Дар аризае, ки ба интернет барои имзои бештари норозиёни натиҷаҳои интихобот роҳ ёфтааст, гуфта мешавад: “Сиёсатмадорони барҷастаи мухолифин бо баҳонаҳои ноодилона барои ширкат дар интихобот роҳ дода нашуданд” ва “овоздиҳии бисёррӯза имкони тақаллубҳои оммавиро афзоиш дод”.

Комиссиюни марказии интихоботҳо рӯзи 21-уми сентябр эълон кард, ки баъди ҳисоби ҳамаи баргаҳо ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” бо 49,82 дарсади овозҳо баранда эълон мешавад. Рақиби он ҳизби коммунист 18,93 дарсади овозҳоро ба даст овардааст. Бар асоси ин натиҷаҳо, “Русияи воҳид” дар Думаи давлатӣ 112 курсиро тавассути феҳристи ҳизбӣ ва 198 курсиро тавассути номзадҳои инфиродӣ ба даст овардааст. Дар маҷлиси иборат аз 450 курсӣ “Русияи воҳид” бароҳат аксари курсиҳоро дар ихтиёр дорад ва бидуни мушкил ба конститутсияи кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда метавонад.

Интихоботи гузашта барои тақвияти қудрати Владимир Путин ва ҳам ҳамвор кардани роҳи ӯ ба интихоботи президентии соли 2024 муҳим арзёбӣ мешавад.

Мунаққидони зиёд гуфтанд, ки Кремлин интихоботро аз оғоз хеле эҳтиёткорона идора кард, аксар мухолифони воқеӣ аз пешбарии номзадиву ширкат дар интихобот маҳрум шуданд ва ҳукумат аз саркӯби мухолифон кор гирифт.

Яке аз намунаҳои он рӯзи аввали овоздиҳӣ – 17-уми сентябр аз замимаҳои Apple ва Google нопадид шудани барномаи овоздиҳии ҳушманд буд. Ҷонибдорони Навалний ин кори мақомотро ҳамчун сензура интиқод ва ширкатҳои фанновариҳои азимро барои тоб овардан ба фишорҳои Путин маҳкум карданд.

Зери аризае, ки дар интернет чоп шуд, дар чанд соати аввали нашр 3700 нафар имзо гузоштааст. Муаллифон аз Элла Памфилова тақозо кардаанд, ки бо истифода аз салоҳиятҳояш “фазои қонунии интихоботиро барқарор кунад”.

Додгоҳи Русия писари Саидқиёмиддини Ғозиро озод кард. Ӯ бо дархости Душанбе дар боздошт буд

Баракатулло Ғозиев, писари Саидқиёмиддини Ғозӣ

Додгоҳи Русия писари Саидқиёмиддини Ғозӣ, як рӯҳонии шинохта дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистонро озод кардааст.

Баракатулло Ғозиеви 35-сола моҳи августи имсол бо талаби Тоҷикистон дар шаҳри Қазон дастгир шуд.

Хешовандони Баракатулло 22-юми сентябр гуфтанд, азбаски мақомоти Тоҷикистон бар асоси муқаррароти Русия дар муддати 40 рӯз дархости истирдодро нафиристоданд, ӯро аз боздошт раҳо кардаанд. Пештар онҳо аз имкони фиристода шудани ӯ ба Тоҷикистон ва эҳтимоли шиканҷа ва зиндонӣ шуданаш нигарон буданд.

Мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар қазияи Баракатулло Ғозиев маълум нест. Кӯшиши мо барои тамос бо намояндаи консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа то ин дам бенатиҷа буд.

Як манбаъ дар Додситонии кул бе зикри ном гуфт, "мақомот танҳо дар як ҳолат шахси мавриди ҷустуҷӯро суроғ намекунанд, агар қарори додгоҳ дар бораи кофтукоб ва ба ҳабс гирифтани ӯ бекор шуда бошад." Аммо мусоҳиби мо нагуфт, ки оё қарори ҷустуҷӯ ва ҳабси Баракатулло Ғозиев дар Тоҷикистон бекор шудааст ё не.

Ӯро мақомоти Тоҷикистон ба барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ муттаҳам карда, дар ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ қарор дода буданд. Мақомот ҳамчунин Баракатулло Ғозиевро ба хиёнат ба ватан муттаҳам карда, гуфта буданд, ӯ гуё дар шабакаи Инстаграм "ақидаҳои мазҳаби шиаро тарғиб мекард".

Пештар ду бародари Баракатулло Ғозиев бо гуноҳи тундгароӣ ва хиёнат ба давлат дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.

Худи Саидқиёмиддини Ғозӣ соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастгир ва дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда шуда, ба 25 сол зиндон маҳкум гардид. Ӯ дар ошӯби тобистони соли 2019 дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд.

Навалний: натиҷаҳои интихобот аз роҳи таҳдиду саркӯб дуздида шуд

Июни соли 2021, Алексей Навалний дар мурофиаи додгоҳие аз утоқи зиндон иштирок мекунад

Сиёсатмадори зиндонӣ Алексей Навалний Кремлинро дар истифодаи “таҳдиду саркӯб” барои "дуздидани натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ" интиқод кард. Бар асоси натиҷаҳои расмии интихоботи Думаи давлатии Русия, ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” дар овоздиҳие, ки ба қавли нозирони бетараф, пур аз тақаллубу сохтакорӣ гузашт, баранда эълон шудааст. Дар паёме, ки рӯзи 21-уми сентябр дар саҳифаи Инстаграми Навалний нашр шуд, сиёсатмадори мунаққиди Кремлин гуфт, шеваи овоздиҳии ӯ “як муваффақият буд”, чун тавонист мавқеи ҳизби Владимир Путинро заъиф кунад, вале мақомот боз ҳам аз роҳи “кӯҳнаву содда” натиҷаҳоро сохтакорӣ карданд. Ӯ навишт: “Қаллобон натиҷаҳоро иваз мекарданд, то ки пирӯзии онҳо бештар қобили эътимод бошад”. Ба гуфтааш: “Дар девор натиҷаҳои тақаллубӣ навишта шудаанд. Нозирони моро аз дохили ҳавзаҳои овоздиҳӣ берун карданд. Тарсдоданҳову саркӯбҳо ихтиёри бисёриҳоро кам кард ва мардум аз баромадан ба кӯчаҳо ҳарос доштанд”.

Чанд соат пеш аз ин изҳорот комиссиюни марказии интихоботҳо гуфт, бар асоси натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Думаи давлатии Русия, ҳизби “Русияи воҳид”, ки аз пуштибонии Кремлин бархурдор аст, аксари курсиҳои маҷлиси поёнии ин кишварро ба даст овардааст. Ғарб натиҷаҳои интихоботро интиқод ва як созмони нозири мустақил маъракаи серӯзаи овоздиҳиро “интихоботи ифлостарин” дар таърихи Русия унвон кард.

Байден гуфт, ба ҷои "ҷангҳои беохир" давраи "дипломатияи пойдор" расидааст

21-уми сентябр дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк Ҷо Байден аввалин бор дар мақоми президенти ИМА суханронӣ кард

Президент Ҷо Байден зимни суханронии нахустинаш аз минбари Маҷмаи кулли СММ рӯзи 21-ми сентябр қарори хуруҷи нирӯҳои ИМА аз Афғонистонро дуруст номид ва гуфт, ки маъмурияти ӯ ҳамакнун дар фикри тақвияти дипломатия ба хотири муқобила бо чолишҳои ҷаҳонӣ мебошад. Байден дар СММ дар шаҳри Ню-Йорк гуфт, “мо ба даргириҳои 20-сола дар Афғонистон хотима дода, бо ҳамин давраи ҷангҳои беохирро анҷом медиҳем ва ба аҳди нави дипломатияи пойдор ворид мешавем”. Байден, ки барои хуруҷи бебандубори нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон мавриди интиқод мебошад, зоҳиран дар посух ба ин танқидҳо гуфт, ки низомиёни ИМА “набояд барои ҳар як мушкил дар нуқоти ҷаҳон истифода шаванд”. Байден гуфт, “рисолат бояд рӯшан ва қобили дастрасӣ бошад” ва, ба қавли Байден, ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми ИМА ва ҳам ҳадди аксар ҳамоҳангшуда бо муттафиқони ин кишвар бошад.

Ӯ гуфт, “ба ҷои идомаи ҷангҳои гузашта, мо дида ба” чолишҳои ҷаҳонии мисли пандемияи COVID-19, тағйироти иқлим ва поймолшавии ҳуқуқи инсон дӯхтаем. Ӯ гуфт, ки ҷаҳон дар як “нуқтаи чархиш” қарор дорад ва расидагӣ ба чолишҳо имтиҳони тавони “эътирофи башардӯстии мо” хоҳад буд.

СММ: Ихроҷи паноҳҷӯёни Ҳаитӣ аз ИМА метавонад хилофи қонунҳои байналмилалӣ бошад

Техас, 19 сентябр. Афсари нирӯҳои марзбонии ИМА куртаи як паноҳҷӯи ҳаитиро мекашад. Ин саҳнаҳо боиси интиқодҳо дар шабакаҳо ва матбуот шуд

Дар ҳоле, ки маъмурияти президент Ҷо Байден талош дорад бо мавҷи азими паноҳҷӯёни Ҳаити муқобила кунад, як мақоми СММ аз чунин амали мақомоти амрикоӣ интиқод кард. Филиппо Гранди, раиси оҷонсии СММ оид ба умури паноҳандагон гуфт, ки аз дидани навору шароити будубоши беш аз 14 ҳазор паноҳҷӯ, ки давоми чанд рӯзи гузашта аз як кишвари воқеъ дар соҳилҳои Карриб ба хоки ИМА ворид шуда, зери пули Дел Риои Техас хайма задаанд, “таконзада” шудааст. Грандӣ рӯзи 21-уми сентябр дар як изҳороташ инчунин Моддаи 42-и қарори соли 2020 содиршуда дар ИМА-ро интиқод кард, ки мегӯяд, аксар паноҳҷӯёне, ки ба марзҳои ҷанубии ИМА мерасанд, бо сабабҳои ин ки метавонанд боиси паҳншавии коронавирус гарданд, ба кишвар роҳ дода намешаванд. Ӯ гуфт, ки вазъи паноҳҷӯёнро носанҷидаву танҳо бар асоси Моддаи 42 аз кӯмакву пуштибонӣ маҳрум кардани онҳо бо қонунҳои байналмилалӣ дар ихтилоф аст.

Вазорати умури дохилии ИМА рӯзҳои истироҳати гузашта ба бозпас фиристодани шаҳрвандон ба кишвари Ҳаити шурӯъ кард. Баъди моҳи гузашта кушта шудани президенти Ҳаити ва зилзилаи пуршиддати моҳи августи имсол мавҷи азими паноҳҷӯён аз Ҳаитӣ ба ИМА ҳаракат кард. Вазъият баъди он пуршиддат шуд, ки дар шабакаҳо ва матбуот саҳнаҳои бо шеваи бераҳмонаву дағалона ба сӯи Рио Гранде тела кардани паноҳҷӯён аз ҷониби ходимони полиси аспсавор намоиш дода шуд.

Ҷинпин: Дар хориҷа дигар корхонаҳое, ки бо ангиштсанг кор кунанд, намесозем

Суханронии раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин дар Маҷмаи кулли СММ видеоӣ нашр шуд

Раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин дар суханрониаш дар Маҷмаи кулли СММ рӯзи 21-уми сентябр ваъда дод, ки ин кишвар дигар дар хориҷа корхонаҳое намесозад, ки бо ангиштсанг кор кунанд. Чин ба хотири сохтмони чунин корхонаҳо, ки хилоф бо талаботи созишномаи муҳитзистии Париж мебошад, мавриди интиқод буд. Сӯҳбатҳои видеоии Ҷинпин аз пеш сабтшуда буданд ва ҷузъиёти ин барномаҳо феълан маълум нест. Раҳбари Чин танҳо гуфт, ки ин кишвар “ба давлатҳои дар ҳоли рушд барои истеҳсоли энергияи сабзу орӣ аз карбон ёрӣ мекунад ва аз сохтмони тарҳҳое, ки бар асоси истифодаи ангиштсанг бунёд шудааст, даст мекашад”. Ин паёми Ҷинпинро фиристодаи ИМА дар масоили иқлим Ҷон Керрӣ хуш пазируфт ва гуфт, чунин оғози хуб бояд дар конфронси тағйироти иқлим, ки СММ моҳи ноябр дар шаҳри Глазгоуи Швейсария ташкил мекунад, такмил шавад.

Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ ҳам аз ин иқдоми раҳбари Чин ва ҳам аз ваъдаи президенти ИМА Ҷо Байден, ки каме пештар дар Конгресс гуфт, барои тарҳҳои марбут ба тағйироти иқлим то соли 2024 дар як сол то 11,4 миллиард доллар ихтисос медиҳад, истиқбол кард. Айни замон Гутерреш гуфт, барои он ки конфронси Глазгоу муваффақиятомез бошад, ҳанӯз “роҳи дарозе дар пеш аст”.

Озодии садҳо кас аз зиндонҳои Тоҷикистон. Қонуни нави афв ба иҷро даромад

Раҳоии зиндониён. Акс аз ноябри соли 2019

Гуруҳи аввалини маҳбусон бар асоси қонуни афв рӯзи 21-уми сентябр аз зиндони Ёвон ва маҳбаси занони Норак озод шудаанд. Қонун дар бораи афв бахшида ба 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон қабул шуд. Дар назар аст, то ду моҳи оянда беш аз 10 ҳазор нафар аз зиндону боздоштгоҳҳо озод шуда, ҷазои қариб 6 ҳазор каси дигар кам карда шавад.

Масъулони ҳукумати ноҳияи Ёвон 22-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, як рӯз пеш 605 нафарро аз зиндон раҳо карданд.

Як маҳбуси зиндони занонаи Норак гуфт, рӯзи гузашта ӯ ва даҳҳо зани дигарро бар асоси қонуни афв озод карда, дар шаҳри Душанбе ба дасти пайвандонаш супурданд.

Масъулони зиндони шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, гуфтанд, рӯзи гузашта чанд нафар аз маҳбусонро озод карданд, вале шумораи онҳо дақиқ нест.

Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ ё Идораи зиндонҳои Вазорати адлия ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, то ду рӯзи оянда озод кардани зиндониён аз маҳбаси маъруф ба "Якум Советский"-и Душанбе ҳам оғоз мешавад.

Қонун дар бораи афв 6-уми сентябри имсол аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон қабул шуд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон, 22-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, қонуни афв 8-уми сентябр аз сӯи раиси ҷумҳурӣ имзо шуда, 9-уми сентябр дар матуботи давлатӣ нашр ва аз он замон ба иҷро даромадааст.

Қонуни афв нисбат ба 16 ҳазор кас татбиқ хоҳад шуд. Аз ҷумла, беш аз 10 ҳазор нафар аз зиндону боздоштгоҳҳо озод шуда, гуноҳи қариб 6 ҳазори дигарро кам мекунанд.

Бар асоси қонуни афв, занон, шахсони ноболиғ, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гуруҳҳои 1, 2, 3, шахсони дорои гирифтори бемориҳои вазнин, афроде, ки мукофоти давлатӣ доранд ва шахсони хориҷӣ аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Вале дар ин миён онҳое, ки ҷурмҳои сангин содир кардаанд, аз ҷумла “хиёнат ба давлат” ва ё “бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият”, шомили қонуни афв нахоҳанд шуд.

Шарҳи пурраро дар бораи қонуни афв инҷо пайдо кунед

Соли 2019 ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон низ қонуни афв қабул шуда, 20 ҳазор нафарро фаро гирифта буд. Он замон иддае аз вуҷуди мавридҳои фасод ҳангоми татбиқи қонуни афв ва бархе аз зиндониёни озодшуда аз набудани ҷойи кор шикоят доштанд.

Байден нақшаҳои нави муқобила бо COVID-19-ро муаррифӣ хоҳад кард

Ҷо Байден, президенти ИМА

Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 22-юми сентябр як ҷаласаи маҷозии бахшида ба масъалаи муқобила бо COVID-19-ро гардонандагӣ мекунад. Интизор меравад, ки раҳбари ИМА дар ин ҷаласа дар бораи ироаи воксинаҳои бештар ба кишварҳои дигари ҷаҳон ва ҳам ёриҳои иловагӣ хабар бидиҳад. Байден дар суханрониаш аз минбари Маҷмаи кулли СММ рӯзи 21-уми сентябр гуфт, ки ИМА ба барномаи ҷаҳонии мубориза бо COVID-19 - 15 миллиард доллари иловагӣ ҷудо мекунад, то ки ба кишварҳои дигар 160 миллион дона воксинаи дигар тақсим шавад. Ҷаласаи маҷозии зери раҳбарии Байден дар ҳоле ташкил мешавад, ки дар ИМА ҳолатҳои афзоиши олудашавӣ ба COVID-19 мушоҳида мешавад.

Мавзӯи дастрасии одилона ба воксина дар саросари ҷаҳон яке аз масъалаҳои калидии ҷаласаи сарони кишварҳои Гурӯҳи Ҳафтгона хоҳад буд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои қабулкунандаи воксинаҳои хайрияи ИМА мебошад. Рӯзи 20-уми сентябр сафорати ИМА дар Душанбе гуфт, тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) 115 ҳазор воя ваксинаи Pfizer-ро ба Тоҷикистон ворид кард. Қарор аст дар фурсати кӯтоҳ шумори умумии воксинаи навъи Pfizer-и аз ҷониби ИМА тақдимшуда ба Душанбе 325 ҳазор 260 вояро ташкил диҳад. Ин воксина бахше аз кӯмакҳое мебошад, ки тавассути барномаи Маркази дастрасии глобалӣ ба ваксинаҳои зидди COVID-19 (COVAX) фиристода шудааст. Моҳи июли соли ҷорӣ ИМА 1,5 миллион вояи ваксинаҳои Moderna-ро ба Тоҷикистон фиристода буд.

Вазорат: То 40 дарсади тоҷикистониҳо бар зидди COVID эм шудаанд

10-уми сентябр тавассути СММ ба Тоҷикистон бастаҳои навбатии воксинаи AstraZeneca ворид шуд

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, дар ин кишвар то 40 дарсади афроди аз 18-сола боло бар зидди COVID-19 эм шудаанд. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 20 -уми сентябр беш аз 2 миллиону 307 ҳазор нафарро эм кардаанд. Аз ин миён, ба қавли мақомоти, тақрибан нисфашон вояи дуввуми ваксинаро ҳам гирифтаанд. Санҷидани дурустии ин омор тавассути манобеи мустақил имкон надорад, вале бино ба иттилои матбуот, дар миёни бархе сокинони ин кишвар шубҳа ва ҳарос аз гирифтани воксина эҳсос мешавад ва на ҳар калонсол омода аст, ки пурра эм карда шавад.

Барои моякубии сокинон дар муқобили коронвирус аз ваксинаҳо CoronoVac, AstraZeneca, Moderna, Pfaizer ва "Спутник-V" истифода мешавад.

Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба воксинаҳо асосан бо ёрии барномаи COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустии СММ имконазир шудааст.

Дар Ёвон аввалин гурӯҳи зиндониҳо бар асоси қонуни афв озод шуданд

Октябри соли 2019. Аввалин гурӯҳи зиндониҳо бар асоси қонуни афв ба озодӣ мебароянд

Тибқи ахбори расида, рӯзи 21-юми сентябр гурӯҳи аввалини зиндониёни афвшуда аз маҳбаси шаҳри Ёвон ба озодӣ баромаданд. Манбаъҳои Радиои Озодӣ аз мақомоти интизомӣ ва ҳукумати ноҳияи Ёвон бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки шумори озодшудаҳо аз ин зиндон 605 нафар мебошанд. Ба қавли шоҳидон, рӯзи гузашта аз маҳбаси шаҳри Бохтар низ теъдоде аз зиндониён раҳо гардиданд. Дар Хатлон чор муассисаи ислоҳӣ фаъолият мекунад ва интизор меравад, ки аз ҳамаи ин зиндонҳо миқдори муайяни маҳбусон тиқби қонуни афв озод мегарданд. Парлумон қонуни афвро рӯзи 6-уми сентябр қабул кард ва бар асоси он қарор аст 16 ҳазор нафар афв шаванд. Аз ин шумор беш аз 10 ҳазор нафарашон аз зиндону боздоштгоҳҳои Тоҷикистон озод гардида муҳлати ҷазои қариб 6 ҳазор каси дигарро кам мекунанд. Афви имсолаи зиндониҳо ба 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шудааст.

Вазири тоҷик дар нишасти Ню-Йорк хост, пеши "зулму шиканҷа дар Панҷшер"-ро бигиранд. АКС

Нерӯҳои "Толибон" дар Бозораки Панҷшер, 15-уми сентябри 2021

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз созмону кишварҳои таъсиргузор хостааст, ҳарчи зуд пеши роҳи, ба гуфтаи ӯ, "зулму шиканҷа ва беқонуниву беназмӣ"-ро дар Панҷшер, минтақаи тоҷикнишини Афғонистон, бигиранд.

Сироҷиддин Муҳриддин 21-уми сентябр дар нишасте дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк гуфт: "Толибон" дар он ҷо на танҳо ба ҳуқуқвайронкунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон, балки ба зулму шиканҷаи мардум машғуланд."

Сироҷиддини Муҳриддин
Сироҷиддини Муҳриддин

Гуруҳи "Толибон" баъд аз тақрибан се ҳафтаи ишғоли Кобул гуфт, ки вилояти Панҷшерро ҳам зери назорат даровардааст.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддао дорад, Панҷшер пурра вожгун нашудааст ва мубориза байни размандагони онҳо ва нерӯҳои "Толибон" ҳанӯз идома дорад.

Дар ҳафтаҳои охир нигарониҳо аз бад шудани вазъ дар вилояти Панҷшери Афғонистон афзудааст.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон 17-уми сентябри имсол дар ҳузури роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) дар Душанбе гуфт, Панҷшер дар муҳосира аст ва "Толибон" дастрасии ёриҳои башардӯстонаро ба онҷо қатъ кардааст.

Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 21-уми сентябр дар Ню-Йорк аз кишварҳои таъсиргузор ва созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки "ба кушодани роҳҳо ҷиҳати расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Панҷшер ва минтақаҳои дигари Афғонистон" мусоидат кунанд.

Гуруҳи "Толибон" ҳамагуна фишорро болои мардуми Панҷшер рад мекунанд. Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши чанде аз блогерони афғон аз дараи Панҷшер, дари бозорҳо дар онҷо баста ва сокинон аз набудани хӯроку дору, гаронӣ ва бекориву беназмӣ нигаронанд.

Нашрияи бритониёии Guardian дар оғози моҳи сентябр аз эҳтимоли фоҷиаи башарӣ дар дараи Панҷшер ҳушдор дода, навишт, ба иллати идомаи муҳосира аҳолии он ба камбуди хӯрок ва дору рӯбарӯ шудаанд.

Маҳбуба Ровӣ, раҳбари созмони хайрияи австралиягии "Ваъдаи Маҳбуба" ба нашрия гуфтааст, ҳазорон нафар дар тарсу бим ва номуайянӣ ба сар мебаранд. "Одамон дар дохили водӣ дармондаанд, на ғизо доранд, на барқ, на алоқа. Ин як буҳрони башарӣ аст ва хатари наслкушӣ вуҷуд дорад," - гуфтааст Ровӣ.

Таэквондочиёни афғон дар Австралия маскан гирифтанд

Ҳирот, соли 2019. Тими духтаронаи таэквондочӣ машқ мекунад

Ҳафт варзишгари таэквондочии афғон баъди фирор аз Афғонистони зери назари «Толибон» дар Австралия маскан гирифтанд. Дар як изҳороташ мақомоти таэквондои Австралия рӯзи 22-юми сентябр гуфтанд, ки ҳафт варзишкорзани таэквандочӣ роҳи пурхатари эвакуатсия аз Афғонистон тавассути Покистонро пуштисар карда дар Австралия паноҳ ёфтанд ва ҳоло марҳилаи ҳатмии карантинро ҳам гузаштанд. Гурӯҳи варзишгарон дар шаҳри Мелбурн, ки дар ҷанубушарқи Австралия аст, ҷой дода шуда ният доранд дар ҳамин ҷо таҳсилу кор ва машқи таэквондоро идома диҳанд. Ба онҳо визаҳои башарӣ дода шудааст.

Мақомоти таэквондои Австралия гуфтанд, барои берун бурдани варзишгари ҳаштум, ки ҳоло дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон аст, кор мекунанд.

Ҷудо аз таэквондочиёни афғон, Австралия ба даҳҳо варзишгари дигар, аз ҷумла даҳҳо футболбозон ҳам визаи зиндагӣ дар ин кишварро тақдим кардааст. Варзишгарон бахше аз даҳҳо ҳазор сокини дигари Афғонистонанд, ки аз тарси интиқомҷӯии Толибон бо сари қудрат омадани онҳо дар миёнаҳои моҳи август аз ин кишвар берун рафтанд. «Толибон» дар давраи аввали ҳукмрониашон дар солҳои 1996-2001 духтарону занонро аз ҳақи таҳсилу кор ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ маҳрум карданд.

Туркманистон овозаҳоро дар бораи ба "кома" афтодани Бердимуҳаммадов рад кард

Қурбонгулӣ Берҳимуҳаммадов.

Сафорати Туркманистон дар Русия овозаҳоро дар бораи бад шудани сиҳатии президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов рад кард.

"Иттилои баъзе аз расонаҳо дар бораи он ки гуё сиҳатии президенти Туркманистон бад шудааст, комилан беасос аст", -- хабар додааст сафорат.

Овозаи бад шудани вазъи саломати Бердимуҳаммадовро рӯзи сешанбе баъзе аз саҳифаҳои марбут ба корбарони Русия дар паёмрасони Telegram паҳн карданд.

Рӯзи 20-уми сентябр расонаҳои давлатии Туркманистон ҷаласаеро бо иштироки Бердимуҳаммадов нишон доданд.

Овозаҳо дар бораи бадшавии сиҳатии Бердимуҳаммадов борҳост, ки дар расонаҳо паҳн мешаванд. Ҳар дафъа баъди кампайдо шудани президент дар пардаи телевизион чунин овозаҳо паҳн мегарданд.

Ба ин тартиб, моҳҳои июл-августи соли 2019 Бердимуҳаммадов қариб як моҳ дар расонаҳо зоҳир нашуд ва ба ин далел дар бораи бемории вай ва ҳатто маргаш овозаҳо паҳн шуданд.

Узбекистон тасмим дорад, равуои нақлиётро бо Афғонистон ба роҳ монад

Як қатора дар Ҳайратон, Афғонистон.

Узбекистон рафтуои мошинҳо ва қатораҳоро бо Афғонистон барқарор мекунад. Дар ин бора Исматтуло Иргашев, намояндаи махсуси президенти Узбекистон дар умури Афғонистон рӯзи душанбе хабар дод.

"Албатта, мо равуои мошинҳо ва қатораҳоро бо Афғонистон барқарор мекунем. Нақлиёт ба Афғонистон ғизо ва дору мебарад, ки афғонҳо ҳоло ба он ниёз доранд", - гуфт Иргашев.

Ба гуфтаи вай, Узбекистон марзашро бо Афғонистон ба далели паҳншавии КОВИД-19 бастааст, на ба сабабҳои дигар.

Ҳоло маълум нест, ки марзҳо то кай баста мемонанд. Зеро, Иргашев мегӯяд, бозшавии марз бо Афғонистон на танҳо аз беҳшавии вазъи беҳдоштӣ, балки аз ташкили ниҳодҳои нави давлатӣ дар он кишвар вобаста аст.

"Бояд вазоратҳо ва дигар ниҳодҳо ташкил шаванд, зеро ниҳодҳои наве, ки аз сӯи Толибон ташкил шудаанд, муваққат ҳастанд", - гуфт Исматулло Иргашев.

Равуои нақлиёт байни Узбекистон бо Афғонистон дар моҳи марти соли 2020 ба далели паҳншавии вабои коронавирус қатъ шуда буд.

"Туркманпочта" шикоятҳоро ба номи президент намефиристад

Акс аз соли 2018

Сокинони вилояти Лебапи Туркманистон шикоят доранд, ки идораи почтаи вилоят монеи фиристодани муроҷиати шаҳрвандон ба унвонии президент, вазорат ва идораҳои давлатии ин кишвар мешавад.

Як сокини Лебап бо шарти фош нашудани номаш ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти маҳаллӣ ба шикояти ӯ расидагӣ накарданд ва бинобар ин, маҷбур шуд ба "боло" муроҷиат кунад. Аммо баъди чанд рӯзи супурдани нома дар бахши вилоятии "Туркманпочта" вайро ба маъмурияти вилояти Лебап даъват карданд.

"Ду ҳафта пеш ба унвонии президенти Туркманистон шикоят навиштам, ки чанд сол мешавад, барои гузаронидани Wi-Fi ба хона дар навбат ҳастам. Номаро дар идораи почта қабул карданд, аммо баъди ду ҳафта маро ба ҳукумати вилоят даъват намуданд", - изҳор дошт вай.

"Мансабдоре, ки бо ман суҳбат кард, аз муҳтавои нома огаҳ буд. Маълум буд, ки нома ба Ишқобод фиристода нашудааст. Мансабдор аз ман пурсид, ки "чаро ба президент шикоят менависӣ? Нанавис! Ту метавонӣ ба мо нависӣ ва мо онро баррасӣ мекунем". Сипас маро аз идора берун карданд", - афзуд сокини Лебап.

Ба гуфтаи ӯ, бо гузашти се ҳафта аз суҳбат бо мансабдори мазкур ҳанӯз ҳам мушкилаш ҳал нашудааст.

Дар Идораи почтаи Лебап аз шарҳи ин қазия худдорӣ карданд.

Аз Салоҳуддин Раббонӣ хостаанд, дар ёдбуди падараш дар Душанбе ширкат кунад, "аммо наомад". ВИДЕО

Дар Душанбе ёди Раббониро гиромӣ доштанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Аз кушта шудани раисҷумҳури пешин ва раҳбари Шӯрои сулҳи Афғонистон, Бурҳонуддин Раббонӣ, 10 сол гузашт. Рӯзи 21-уми сентябр ба ин муносибат дар сафорати Афғонистон дар Душанбе аз ӯ ёд карданд ва аз корнамоиҳояш гуфтанд.

Қарор буд, дар маросим баъзе аз мансабдорони ҳукумати пешинаи Афғонистон, аз ҷумла Салоҳуддин Раббонӣ, писари Бурҳониддин Раббонӣ, иштирок кунанд. Дар сафорат гуфтанд, Раббонии хурдиро даъват карда буданд, вале далели наомаданашро шарҳ надоданд.

Салоҳиддин Раббонӣ
Салоҳиддин Раббонӣ

Бурҳониддин Раббониро, ки раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон буд, моҳи сентябри соли 2011 як узви "Толибон", ки худро қосиди сулҳи онҳо муаррифӣ карда буд, дар хонааш дар шаҳри Кобул кушт. Намояндаи гуруҳи ифротие, ки ҳоло Афғонистонро дар даст дорад.

Муҳаммадалам Эзидёр, муовини раиси Сенати Афғонистон, гуфт, кишварҳои минтақа ва ҳамсоягони Афғонистон бояд таҳдиду хатарҳои “Толибон”-ро ҷиддӣ бигиранд, “зеро онҳо бо ишғоли Афғонистон ором намеистанд.”

Саидҷаъфар Усмонзода, узви порлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, аз талошҳои Бурҳонуддин Раббонӣ дар барқарории сулҳи тоҷикон ситоиш кард ва аз афғонҳо даъват намуд, ки ноумед набошанд.

“Ҳеч кас бояд дилсард набошад, ки давлати Афғонистон бе ҳукумат аст. Ба таври расмӣ иҷрокунандаи президент ҳаст, ҷабҳаи муқовимат ҳаст”, -- афзуд ӯ.

Ҳукумати Тоҷикистон дар аввали сентябри имсол ба Бурҳонуддин Раббонӣ "Ордени Исмоили Сомонӣ" дод
Ҳукумати Тоҷикистон дар аввали сентябри имсол ба Бурҳонуддин Раббонӣ "Ордени Исмоили Сомонӣ" дод

Бурҳонуддин Раббонӣ соли 1993 президенти Афғонистон шуд. "Толибон" соли 1996 ҳукумати ӯро аз Кобул берун ронданд ва кишварро ба ҷанги давомдор кашонданд.

Раббонӣ дар Тоҷикистон ҳам аз маҳбубияти хос бархурдор аст. Ҳукумати Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябри имсол ба ӯ ва низ Қаҳрамони миллӣ ва вазири собиқи дифои Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд ордени дараҷаи аввали "Исмоили Сомонӣ" дод.

Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати "Толибон" рӯзи 20-уми сентябр номи Бурҳонуддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури пешини Афғонистонро аз унвони Донишгоҳи давлатии таълим ва тарбияи ин кишвар бардошт.

Се тоҷики қирғизистониро ба зиндон маҳкум карданд. Пайвандонашон розӣ нестанд

Бинои Додгоҳи ноҳияи Лайлак, 21-уми сентябри 2021

Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд рӯзи 21-уми сентябр се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистонро ба зиндон маҳкум кард. Онҳо ба содир кардани ҷиноят ҳангоми низои мусаллаҳонаи моҳи апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон гунаҳкор шудаанд.

Додгоҳ Акмалҷон Исоевро бо гуноҳи "убури ғайриқонунии марз", "қочоқи маводи мухаддир" ва "ғоратгарӣ" 15 сол ва Аюбҷону Амонҷонро бо гуноҳи "убури ғайриқонунии марз" ва "ғоратгарӣ" 8,5-солӣ ба зиндон маҳкум кард.

Пайвандони баъзе аз онҳо гуфтанд, бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинии он шикоят хоҳанд бурд. Дигарон гуфтанд, хулосаи худро баъд аз гирифтани матни ҳукм баён медоранд.

Бино ба санадҳое, ки пештар Радиои Озодӣ дастрас карда буд, ин афрод ба "хиёнат ба ватан" низ гумонбар буданд. Майсара Исоева, хоҳари Акмалҷон Исоев, ки дар додгоҳ ҳузур дошт, рӯзи 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин модда аз парвандаи бародараш ва ду нафари дигар бардошта шуд.

Пештар вакили мудофеъ пешниҳод карда буд, ки бо далели тасдиқ нашудан, моддаи қочоқи маводи мухаддир низ аз парвандаи Акмалҷон Исоев бардошта шавад, аммо намояндаи додситонӣ ва додгоҳ қабул накардаанд.

Майсара Исоева мегӯяд, "Акмалҷон дар сухани охирини худ гуфт, ғоратгарӣ ва қочоқи маводи мухаддир нисбат ба ӯ туҳмат аст ва бо сохтакорӣ ба гарданаш бор карда шудааст. Додрас таваҷҷуҳ накард. Бовар дорам, онҳоро барои тоҷик будан ҷазои сахт доданд. Аз рӯи ҳукм шикоят мебарем."

Комилҷон Урунов, падари Аюбҷон, яке аз маҳкумшудаҳо, гуфт, дар мурофиаи рӯзи сешанбе ҳузур дошт, вале пас аз гирифтани матни ҳукм назари худро баён медорад.

Ҳафтаи гузашта додгоҳи ноҳияи Лайлак ду шаҳрванди Тоҷикистон – Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусовро бо гуноҳи “ҷиноят алайҳи сулҳ” ва “ғоратгарӣ” ба ҳабси абад маҳкум намуд.

Дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф 55 кас кушта, даҳҳо нафар захмӣ ва даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон шуданд. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бар сари тақсими об, муноқиша сар мезанад.

Ҳизби "Русияи воҳид" иддаои пирӯзӣ кард

Ҳизби "Русияи воҳид", ки аз пуштибонии ҳукумати Путин бархӯрдор аст, назар ба интихоботи панҷ сол пеш ройи камтар ба даст овард, аммо аксар курсиҳоро дар палатаи поёнии порлумони Русия соҳиб шуд. Гуфта мешавад, ин интихобот бо тақаллуб ва сохтакорӣ ҳамроҳ будааст. Интихоботи порлумонии Русия аз 17 то 19-уми сентябр баргузор шуд.

Як ниҳоди мустақили нозир ройдиҳии серӯзаро "яке аз ношаффофтарин" интихобот дар таърихи Русия номид.

Олмон ҳам рӯзи 20-уми сентябр гуфт, иддао дар мавриди фиребкорӣ бояд "ҷиддӣ гирифта шавад". Иттиҳоди Аврупо дар остонаи ройдиҳӣ фазои "тарсондан"-ро маҳкум кард. Бритониё ва Амрико ҳам ба ин мавқеи Иттиҳоди Аврупо ҳамназар буданд.

Ин интихоботро бахши муҳиме аз талошҳои президент Владимир Путин барои тақвияти қудрати ӯ дар пешоруи интихоботи президентии соли 2024 мешуморанд, ки Думаи давлатиро зери назорат бигирад.

Интихобот ҳамчунин бе ҳузури мухолифон баргузор шуд ва ҳизби Алексей Навалний, пешвои зиндонии мухолифин, "тундгаро" эълон шуд ва аз ширкат дар интихобот маҳрум шуд.

Путин рӯзи 20-уми сентябр дар як паём тавассути телевизиони давлатӣ аз мардуми Русия барои "боварӣ"-ашон сипос гуфт.

"Толибон" номи чанд мансабдори ҳукумати худро эълон кард

Ҷавоне дар кӯчаҳои Кобул парчам ва аксаи раҳбарони "Толибон"-ро ммефурӯшад. 27-уми августи соли 2021

Гуруҳи "Толибон" рӯзи 21-уми сентябр иҷрокунандаҳои мансаби вазири тиҷорат ва тандурустӣ ва муовинони ҳафт вазири дигарро эълон кард. Ҳамаи онҳо аъзо ва шахсони наздик ба "Толибон" ҳастанд. Дар миёнашон ҳеч зане нест.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири иттилоот ва сухангӯи гуруҳи "Толибон", гуфт, "ин афрод бештар ба асоси тахассусу тавоноӣ таъин шуданд."

Ин дар ҳолест, ки қаблан эълони аъзои ҳукумати "Толибон" дар дохил ва хориҷи Афғонистон баҳси зиёдеро барангехт. Аксарият онро ба сабаби фарогир набудан танқид карданд, ҳарчанд "Толибон" бовар дорад, он ҳамашумул аст.

Набудани бонувон дар ҳукумати "Толибон" низ бо танқидҳои зиёде дучор шуд. Ҳафтаҳои гузашта бонувон дар Кобул бо нигаронӣ аз ояндаи худ роҳпаймоӣ карданд.

Талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои эҳёи музокироти ҳастаӣ бо Эрон

Вазирони корҳои хориҷии Бритониё, Чин, Фаронса, Олмон ва Русия ин ҳафта бо намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид мулоқот хоҳанд кард. Мавзӯи гуфтугӯи онҳо аз саргирии гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Теҳрон мебошад.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Фаронса, Ҷен Дриан, рӯзи 20-уми сентябр хабар дод. "Гуфтугӯҳо бояд аз сар гирифта шаванд", -- афзуд ӯ. "Мо бояд ин ҳафта пешравӣ дошта бошем, то ин гуфтугӯҳо аз сар гирифта шавад", -- гуфтааст ӯ дар идома.

Гуфтугӯҳо байни Эрон ва қудратҳои ҷаҳон дар бораи маҳдуд кардани барномаи ҳастаии Теҳрон бар ивази аз байн бурдани таҳримҳо нисбат ба Эрон, аз моҳи июн ба ин тараф аз замони интихоб шудани Иброҳим Раисӣ дигар баргузор нашуда буд.

Иттиҳоди Аврупо барои аз саргирии гуфтугӯҳо миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ миёнҷигарӣ мекунад, то созише, ки бинобар берун рафтани Амрико аз он дар соли 2018 аз миён рафт, дигарбора барқарор шавад. Бритониё ва Амрико аз музокироти қатъшуда ибрози ноумедӣ кардаанд.

Вазири корҳои хориҷии Бритониё қабл аз мулоқот бо ҳамтои эрониаш Амир Абдуллоҳиён дар Ню-Йорк бо нашри як баёния гуфт, дар ҳоле ки Бритониё, Амрико ва шарикони дигар мехоҳанд, ки гуфтугӯ кунанд, Эрон музокиротро ба таъхир меандозад ва барномаи ҳастаии худро суръат мебахшад. "Ин ба он маъно аст, ки фазои камтаре барои дипломатия вуҷуд дорад", -- гуфтааст ӯ.

Як мансабдори Русия гуфт, сафари Путин ба Тоҷикистон "дар нақша аст"

Владимир Путин дар нишастҳои минтақавӣ дар Душанбе ба таври онлайн иштирок дошт. 17-уми сентябри 2021

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки сафари президент Владимир Путин ба Тоҷикистон "дар ояндаи наздик" анҷом хоҳад шуд. Андрей Руденко дар як нишаст гуфт, "ҳарчанд сафари давлатии президент ба Тоҷикистон аз пеш тарҳрезӣ шуда буд, мутаассифона, сурат нагирифт. Аммо ин сафар ҳамоно дар нақша ҳаст." Владимир Путин мебоист, 15-уми сентябри имсол бо сафари давлатӣ ба Душанбе омада, беш аз 20 санади ҳамкориро бо раҳбарияти Тоҷикистон имзо мекард. Инчунин, иштироки ӯ дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар пойтахти Тоҷикистон дар назар буд. Вале ӯ як рӯз пеш аз сафар гуфт, бинобар ошкор шудани сирояти коронавирус дар атрофиёнаш ночор гӯшанишинӣ мекунад.

Мактаби хусусии "Файз"-ро дар Хуҷанд бастаанд, "чун иншооти ҷашниро насупорид"

Бинои мактаби хусусии "Файз" дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дари мактаби хусусии "Файз"-ро бастаанд. Ин тасмим дар охири моҳи сентябр волидонро нигарон кардааст, чун ба мактаби дигар бурдани фарзандонашон вақт мегирад. Мақомот мегӯянд, ҳанӯз дар замони таътили тобистона раҳбарияти мактабро огоҳ карда буданд.

Мактаби "Файз" пештар бо номи "Мактаби Сонмин" машҳур буд ва дар бинои кӯдакистони собиқ дар яке аз маҳаллаҳои Хуҷанд фаъолият дошт. Таълим дар он ба забони русӣ буд.

Маъмурияти мактаб гуфтанд, мақомот ду сол пеш иҷозаномаи фаъолияти онҳоро барои панҷ сол ва ба шарте дароз карда буданд, ки дар ҷойи дигар мактаби нав сохта, ба онҷо бикӯчанд. "Чун мактаб сохта нашуд, иҷозаномаро гирифтанд", -- мегӯяд Солиҷон Ашӯров, мудири мактаби хусусии "Файз".

Вай 21-уми сентябр гуфт: "Барои сохтани мактаби нав ба мо 0.8 гектар замин доданд. Шарт ин буд, ки мактаби нав ҳамчун иншооти ҷашнӣ то ҷашни Истиқлол сохта мешавад. Мутаассифона, мактаб сохта нашуд ва иҷозаномаи моро гирифтанд."

Ашӯров дар посух ба ин суол, ки чаро бино сохта нашуд, гуфт, "бунёди он оғоз шуда буд, аммо бо сабабҳои номаълум идома наёфт."

Дар мактаби "Файз" тақрибан 200 хонанда ва муаллим таҳсилу кор мекарданд.

Шаҳрдории Хуҷанд овозаҳоро дар мавриди сохтмони бинои истиқоматӣ дар ҷойи ин мактаб рад кард.

Ташкили мактаби "Файз"-ро дар Хуҷанд ба номи як шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ, Ли Ҷон Бун, вобаста медонанд. Хонум Бун соли 1994 намояндагии маркази созмони масеҳии "Сонмин Сунбогим"-ро дар Хуҷанд таъсис дода, ба камияш ду бор бо гумони "суистифода аз ному вазифа", "тақаллуби асноди расмӣ" ва "додани пора ба корманди мақомоти ҳукуматӣ" ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст.

Холо тақдири ӯ маълум нест.

Вале мудири мактаби "Файз" мегӯяд, муассиси ин мактаб Ҳусейн Абдураҳмонов, шаҳрванди Тоҷикистон аст ва иҷозаномаи фаъолиятро ду сол пеш ӯ гирифта буд.

Қирғизистон ба СММ пешниҳод кард, ба 1000 деҳаи кӯҳистонӣ ёрӣ расонад

Руслан Казакбоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, рӯзи 21-уми сентябр дар ҷаласаи 76-уми Маҷмааи умумии СММ бо ноиби дабири куллии ин созмон Кортнӣ Раттрей мулоқот кард.

Казакбоев дар ин мулоқот ба СММ пешниҳод кардааст, ки барои рушди 1000 деҳаи дурдасти кӯҳистонии Қирғизистон кумак расонад.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, чунин ташаббуси СММ дар оянда барои пуштибонӣ аз минтақаҳои куҳӣ дар тамоми дунё намунае хубе хоҳад шуд. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки Қирғизистон ташаббуси "Панҷсолаи амал барои рушди минтақаҳои куҳӣ"-ро рӯи даст мегирад.

“Қирғизистон ҳамчунин талош хоҳад кард, ки дар доираи СММ соли 2022 Соли байналмилалии кӯҳҳо эълом шавад”, - гуфтааст вазир.

Як ширкати русӣ парвози ҳавопаймоҳояшро ба Тоҷикистон бештар мекунад

Russia, S7 Airlines

Ширкати S7 ("Сибир") аз Томски Русия ба чаҳор минтақаи Тоҷикистон парвози изофии ҳавопаймоҳояшро ба роҳ мемонад. Аз 6-уми ноябр, ҳар шанбе, аз Томск ба Душанбеву Кӯлоб ва аз 7-уми ноябр ба Хуҷанду Бохтар парвози ҳавопаймоҳо дар назар аст. Тибқи талаботи ҷорӣ, мусофирон пеш аз сафар бояд ташхиси манфии коронавирусро дошта бошанд. Бо вуҷуди бештар шудани парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия, то ҳанӯз нархи билет баҳсбарангез мемонад. Намояндагони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтаанд, ҳоло нархи билет бамаротиб арзон шуда, барои равуо 5600-5900 сомониро ташкил медиҳад. Вале тавре хабаргузорӣ аз мушоҳидаҳояш мегӯяд, нархи билет танҳо ба як самт, яъне аз Душанбе ба Маскав, аз 5000 то 6500 сомонӣ аст.

Дар Қазоқистон аз сабти навъи "Эта"-и коронавирус хабар доданд

Як мошини Ёрии таъҷилӣ дар Қазоқистон

Дар Қазоқистон навъи "Эта"-и коронавирус, ки дар матбуот бештар бо номи "навъи нигерӣ" ёд мешавад, сабт гардидааст.

Дар ин бора рӯзи 21-уми сентябр вазири ҳифзи тандурустии он кишвар Алексей Тсой хабар дод.

Ба иттилои вазир, навъи "Эта" дар чаҳор минтақа – вилоятҳои Қарағанда, Павлодар, Мангистау ва шаҳри Нурсултон – сабт шудааст.

Вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон гуфт, навъи "Эта"-и коронавирус ҳанӯз моҳи декабри соли 2020 дар Нигерия ва Бритониё ташхис шуда буд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG