Рӯзи 17-уми ноябр дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи амфитеатр баргузор гашт. Дар маросими ифтитоҳи театри мазкур аҳли илму фарҳанг, шоирон, олимон, намояндагони сафоратхонаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, ширкат доштанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов кушоиши ин саҳнаи ҳунарро дар пойтахти Тоҷикистон ба сокинони пойтахт табрик гуфт ва афзуд, дар роҳи ободии Душанбе барномаҳои муҳим рӯи даст гирифта шудаанд.
Вале оқои Раҳмонов нисбати як ширкати туркӣ изҳори норозигӣ намуд, ки маблағи шаҳрдориро барои бунёди бинои ҳавзи шиноварӣ аз худ намуда, аз Тоҷикистон фирор кардааст: "Мо бисёр мехостем, дар паҳлӯи ин театр барои ҷавонон як ҳавзи шиноварӣ низ бунёд кунем, аммо як фирмаи туркӣ як қисмати пули шаҳрдориро аз худ карда фирор кард."
Гулрухсор Сафиева - шоири саршиноси тоҷик, ки дар маросими ифтитоҳи амфитеатр ширкат дошт, бар ин назар аст, бунёди иншооти фарҳангӣ дар пойтахти кишвар хидмати бузург аст, дар роҳи гиромидошти фарҳангу адабиёт: "Ба фикри ман, мо дигар метавонем, аз тамоми ҷаҳон ҳунармандонро ба ин ҷо даъват кунем, чунки театри нозанин дорем."
Тибқи иттиллои шаҳрдорӣ, маҷмаъаи фарҳангиву фароғатии Пойтахт-80, аз ҷумла бинои амфитеатр аз ҳисоби буҷаи шаҳрдорӣ ва президенти кишвар бунёд гаштааст, аммо дар ҳоли ҳозир ин театр, ки бояд 1600 нафар тамошобинро фаро бигирад, бо сабаби камбуди маблағ дар он танҳо барои 400 нафар тамошобин курсӣ гузошта шудаасту бас. Дар ҳамин ҳол Мирзошоҳрух Асроров - мудири бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе доир ба сохтмонҳои оянда дар Душанбе гуфт, ҳамчунин дар маҷмаъаи фарҳангиву фароғатии Пойтахт-80 бунёди ҳавзи олимпӣ ва тарабхонаҳои шарқиву ғарбӣ дар назар аст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе