Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони "далла" дар курсии муҳокима


Панҷ зани сокини шаҳри Душанбе ба иттиҳоми даллагӣ, қочоқи инсон ва ҷалби иҷбории духтарон ба танфурӯши боздошт ва дар қиболи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ҷалолиддин Садриддинов - сухангӯи Раёсати умури дохилаи Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин занҳо умдатан бо роҳи фиреб, ваъдаи дарёфти ҷойи кор ва маоши муносиб духтарони ноболиғ ва ҳатто хурдсоли тоҷикро ба кишварҳои арабӣ интиқол дода, водор ба танфурӯшӣ мекардаанд.
Сухангӯи идораи дохилаи пойтахт афзуд, парвандаи як нафар зани туркмантабори муқими Душанбе Ҷаҳон Ҳилоловаи 30-сола, ки солиёни зиёд дар Дубай танфурӯшӣ мекардааст, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст: "Худ, ки дар он ҷо ба фоҳишагӣ машғул буду хӯҷаинҳои худро дошт, бо маслиҳати онҳо ба Душанбе омада баъди чанд муддат як нафар духтари сенздаҳсоларо аз хонаи кӯдакони шаҳри Душанбе ба фарзандӣ хонда, баъдан ӯро ба хотири истифодаи ҷинсӣ ва ё муносибатхои фоҳишагӣ ба Дубай мебарад."
Оқои Садриддинов доир ба идомаи сарнавишти талхи духтари ноболиғи тоҷик гуфт, Ҷаҳон Ҳилолова ӯро дубора ба Туркия бурда, дар онҷо низ ба танфурӯшӣ машғул медорад. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ҳангоми бозрасии манзили зисти ин хонум наздики ҳафт ҳазор доллари амрикоӣ ва ба микдори зиёд ороишоти гаронбаҳои занона аз тилло кашф ва мусодира шудааст.
Ҳодисаи ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани сокини Душанбе ягона нест ва тибқи итиллоъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳаводиси интиқоли духтарону занони тоҷик ба манзури танфурӯшӣ ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Туркия ва Аморати Муттаҳидаи Араб рӯ ба инкишоф ниҳодааст.
Бино ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, феълан чаҳор зани дигар бо иттиҳоми мушобеҳ - даллагӣ, даст задан ба фаҳш ва ҷалби иҷбории духтарон ба танфурӯшӣ дар Аморати Мутаҳиддаи Араб ва Туркия боздошт шудаанд. Як манбаъ дар ин вазорат достони воқеъии нангин ва ваҳшатоварероро қисса кард, ки яке аз ин занҳо, ки қаблан дар Аморати Муттаҳидаи Араб танфурӯшӣ мекардааст, духтари ноболиғи худро ба Дубай оварда ва бар ивази як шаби ҳамхобӣ аз як шайхи араб 20 ҳазор доллар музд меситонад.
Ҷалолиддин Садриддинов - сухангӯи идораи дохилаи шаҳри Душанбе гуфт, теъдоди духтарони тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар бо танфурӯшӣ рӯз мегузаронанд назар ба омори мавҷуд ба маротиб зиёд аст.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG