Полиси вилояти Пензаи Русия шаҳрванди Тоҷикистон Таввакалшоҳ Мировро, ки чанде пеш дастгир шуда буд, дар даст доштан дар амалҳои террористӣ ва куштори дасти кам 20 нафар дар Тоҷикистон муттаҳам мекунад. Ба гуфтаи сухангӯи вилояти Пенза Алексей Добел айни ҳол Миров дар боздошгоҳ дар интизори депортатсия ба сар мебарад, вале агар даст доштани вай дар анҷоми ҷиноятҳо дар вилояти Пенза ошкор шавад, онгоҳ аввал дар додгоҳи Русия ҷавоб мегӯяд ва сипас ба мақомоти марбутаи Тоҷикистон таслим дода мешавад.
Сухангуи полис афзуд, аз Таввакалшоҳ Миров, ки чанд соли ахир дар Русия пинҳонӣ ба сар мебурд, шиносномаи сохтаи русӣ ёфт шуд ва бозрасӣ тахмин мекунад, вай дар Чеченистон бар зидди нерӯҳои федералӣ ҷангидааст.
Ба гуфтаи сухангӯи полис, Миров ахиран вориди Пенза шуда, ҳамзамон бо ҳаммолӣ ба мардум назариёти ваҳҳобияро тарғиб мекард.
Ба гуфтаи полис, Таваккалшоҳ Миров солҳои 1994 то 1997 дар кампҳои созмонҳои террористии осиёӣ парварда шудааст. Миров дар куштори 21 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, Британия ва Ирон муттаҳам аст. Дар анҷоми амали террористии соли 2000-ум дар Хуҷанд, ки 9 кушта ва 50 тан захмӣ бар ҷой гузошт, шарик дониста мешавад ва аммо ҳоло иттиҳомоти эълоншударо рад мекунад.
Бино ба омори намояндагии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар Маскав, солҳои ахир Русия ба Тоҷикистон наздик ба 300 ва Тоҷикистон ба Русия беш аз 10 ҷинояткорро таслим додааст.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав