Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати гурӯҳи тамос аз Муаммар Қаззофӣ


Гурӯҳи байналмилалии тамоси Либия гуфт, Муаммар Қаззофӣ бояд ҳарчӣ зудтар аз қудрат биравад ва ба шӯришиёне, ки алайҳи ӯ меҷанганд, бояд кӯмакҳои моддӣ дода шавад. Нишасти нахустини гурӯҳи тамос дар шаҳри Доҳа пойтахти Қатар рӯзи чаҳоршанбе дар ҳузури Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Миллал баргузор шуд. Дар баёнияи ниҳоии гурӯҳ гуфта шудааст, “Муаммар Қаззофӣ ва режими ӯ машрӯъияташонро аз даст додаанд” ва бояд бигзоранд то мардуми Либия дар бораи сарнавишти ояндаи худ тасмим бигирад”. Вазъи Либия имрӯз дар мулоқоти Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё ва Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса баррасӣ мешавад. Ҳарду кишвар аз НАТО хостаанд, барои кӯмак ба шӯришиёни Либия ҳамла ба нерӯҳои Қаззофиро тақвият диҳанд.
XS
SM
MD
LG