Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳомоти ҷадид алайҳи Жило Банияъқуб дар Эрон


Як маъракаи ду соли пеш дар Канада ба ҳимоят аз Банияъқуб
Як маъракаи ду соли пеш дар Канада ба ҳимоят аз Банияъқуб
Хабарнигор ва ҳомии маъруфи ҳуқуқи башари Эрон Жило Банияъқуб ба далели матолибе, ки дар торнамояш нашр мекард, ба иттиҳомоти наве рӯбарӯ шудааст. Фаридаи Ғайрат, вакили хонум Банияъқуб мегӯяд, як иттиҳоми аслии мақомот надоштани хатти муҷаввиз барои роҳандозии веблоги ӯст. Ҳуқуқдони эронӣ Муҳаммадҳусайни Оқосӣ мегӯяд, гушоиши веблог дар Эрон ба ягон навъ хатти муҷаввиз ниёз надорад.
Жило Банияъқуб соли 2009 ҷоизаи Шуҷоат ва соли гузашта ҷоизаи вижаи озодии баёнро ба даст овардааст. Аз замони интихоботи ду сол пеши раёсатҷумҳурии Эрон бори чорум аст, ки хонум Банияъқуб ба додгоҳ кашонида мешавад. Жило Банияъқуб қаблан бо ҷароими таҳқири раисиҷумҳур ва тавҳин ба низом ба як соли зиндон ва 30 соли маҳрумият аз кори хабарнигорӣ маҳкум шуда буд.
XS
SM
MD
LG