Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон аҳолии бештарро аз маҳали радиатсия берун мебарад


Ҳукумати Ҷопон омодагӣ гирифтааст, ки аҳолиро аз маҳаллоти бештари атрофи ниругоҳи ҳастаии ин кишвар, ки аз зилзила ва сунамии фоҷеабори моҳи гузашта осеб дида буд, ба манотиқи дигар кӯч диҳад. Ҷопон минтақаи 20 километрии атрофи ин ниругоҳро баъд аз фоҷеаи 11 март минтақаи мамнӯъ эълон карда буд. Аммо Юкио Эдано-сухангӯи ҳукумати Ҷопон имрӯз гуфт, ҳукумат аз аҳолии баъзе маҳаллот дархост кардааст, ки аз минтақа кӯч банданд.

“Мо тасмими наве гирифтаем, ки маҳаллоти кӯч додани аҳолиро васеътар кунем, зеро мизони радиатсия дар баъзе маҳаллоти берун аз доираи 20 километрӣ бо назардошти вазъи обу ҳаво ва шароити ҷуғрофиёӣ бештар аст”.

Имрӯз низ дар Ҷопон зилзила рух дод ва Маркази таҳқиқоти ҷуғрофиёии Амрико гуфтааст, ки шиддати зилзила 7,1 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG