Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти хабари ҳамлаи Толибон ба Қандаҳор


Бомбгузори маргталабе имрӯз шаш маъмури амниятии Афғонистонро кушт. Ин ҷангҷӯи Толиб худро ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ вонамуд карда ва бо ин мошин ба қароргоҳи пулис дар наздикии шаҳри Қандаҳор ворид шудааст. Хон Муҳаммад Муҷоҳид, раиси пулиси вилоят гуфт, маргталаб баъди ба мошин бор кардани афсарони маҷрӯҳ худро мунфаҷир кардааст. Мошини ёрии таъҷилӣ баъди ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба қароргоҳи пулис ворид шудааст. Чархболҳо ва мошинҳои зиреҳпӯши амрикоӣ барои кӯмак ба нерӯҳои афғон ба маҳалли ҳодиса шитофтаанд. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд, ки як соат идома кардааст.
XS
SM
MD
LG