Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Қаззофӣ ба Обама пайғом фиристод


Italy -- US President Barack Obama stands with Libyan leader Muammar Qaddafi at the G8 summit in L'Aquila, 09Jul2009
Italy -- US President Barack Obama stands with Libyan leader Muammar Qaddafi at the G8 summit in L'Aquila, 09Jul2009
Хабаргузориҳо мегӯянд, ки раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ рӯзи чоршанбе ба номи президенти Амрико Барак Обама номае фиристод.

Хабаргузории расмии JANA-и Либия таъкид мекунад, ки пайғоми Қаззофӣ “баъди берун шудани Амрико аз эътилофи мустаъмираи салибӣ зидди Либия” ирсол шудааст.

Вале бештар аз ин дар хабари Триполӣ чизе гуфта намешавад.
ИМА нақши калидиро дар ҳамоҳангсозии ҳамлаҳои ҳавоиву мушакӣ болои Либия баъди гирифтани иҷозаи СММ рӯзи 17 март бозӣ кардааст.

Рӯзи 31 март НАТО масъулияти комили фармондеҳии амалиёти низомии зидди Либияро аз дасти ИМА, Бритониё ва Фаронса ба ихтиёри худ даровард.
XS
SM
MD
LG