Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия дар ду ҳафта 123 нафар кушта шудаанд


Дар Сурия дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ аз 18-ӯми март то 1-ӯми апрел 123 нафар кушта шудаанд. Ин маълумотро Федератсияи Байнамиллалии Ҳуқуқи Башар ба табъ расондааст. Ин ниҳоди ҳуқуқи башар ҳамчунин номи 23 нафар кушташударо чоп кардааст. Фаъолони ҳуқуқи башари худи Сурия тахмин мезананд, ки аз оғози тазоҳуроти эътирозии зидди давлатӣ дар ин кишвар бештар аз 130 нафар кушта шудаанд. Онҳо аслан дар даргирӣ бо нируҳои давлатӣ дар шаҳраки Даръо ва дар шаҳри бандарии Латакия ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG