Фармондеҳи нируҳои шӯришии Либия аз НАТО интиқод кардааст, ки дар ҳамла ба нируҳои Муаммар Қаззофӣ саҳлангорӣ мекунанд. Абдулфаттоҳ Юнус-вазири пешини корҳои дохилии ҳукумати Қаззофӣ, ки ба шӯришиён пайвастааст, таҳдид кардааст, ки агар нируҳои НАТО вазоифи худро беҳтар иҷро накунанд, ба Шӯрои Амнияти СММ шикоят мебарад. Шӯрои Амнияти СММ моҳи гузашта ба нируҳои ҳавоии хориҷӣ иҷоза дод, ки аз ҳамлаи нируҳои Қаззофӣ бар зидди шӯришиён пешгирӣ кунанд. Юнус ин нуктаро дар шаҳри Бенғозӣ изҳор доштааст ва гуфтааст, саҳлангории ниуҳои НАТО боис шудааст, ки нируҳои Қаззофӣ мардумро бикушанд ва шаҳри Мисратаро ба муҳосира гиранд. Пештар аз ин НАТО гуфта буд, барои дифоъ аз сокинони Мисрата ҳар кори имкондоштаро анҷом медиҳад.