Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд мулоқоти "ИА-Осиёи Марказӣ" баргузор мешавад


7-ӯми апрел дар Тошканд мулоқоти навбатии “Иттиҳодияи Аврупо-Осиёи Марказӣ” баргузор мешавад. Дар он вазирони корҳои хориҷӣ ширкат меҷӯянд. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Узбакистон ба матбуот хабар додааст. Дар ин мулоқот аз Туркманистону Қирғизистон вазирони корҳои хориҷӣ ва аз Тоҷикистону Қазоқистон муовинони вазири хориҷӣ ширкат мекунанд. Тоҷикистонро дар ин мулоқот Маҳмудҷон Собиров-муовини вазир намояндагӣ мекунад. Аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо Янош Мартонӣ-вазири корҳои хориҷии Венгрия дар мулоқот ширкат хоҳад ҷуст. Ширкаткунандагон вазъ дар Афғонистон ва соири масъалаҳои муҳими минтақаиро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG