Давлати Тоҷикистон муҳосиботи яксолаи нерӯгоҳи барқи обии Роғунро нашр карда ва гуфт, соли 2010 барои сохтмони нерӯгоҳ тақрибан 710 миллион сомонӣ, бештар аз 159 миллион доллари амрикоӣ харҷ кардааст. Соли гузашта ҳамчунин барои хариди таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонии лозим барои нерӯгоҳи Роғун камтар аз 29 миллион доллар сарф шудааст. Дар варақаи муҳосиботии ширкати саҳҳомии навъи бози “Нерӯгоҳи Роғун”, ки вазорати молияи Тоҷикистон нашр кардааст, омадааст, то охири соли 2010 дар ҳисоби ширкат бештар аз 618 миллиону 500 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст. Аз замони фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз моҳи январи соли 2010 то якуми январи соли равон ба ҳисоби ин нерӯгоҳ 794 миллион сомонӣ ворид шудааст. Соли гузашта аз ҳисоби буҷаи давлат барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун бештар аз 641 миллион сомонӣ ихтисос додаанд. Сандуқи байналмилалии пул дар ивази ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аз давлати кишвар хостааст, ба хотири шаффофият муҳосиботи Роғунро ҳар се моҳ нашр кунад.