Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев дар интихоботи бидуни рақиб пирӯз мешавад


Он гуна, ки интизор мерафт, зоҳиран Нурсултон Назарбоев-дар интихоботи раёсати ҷумҳурии бидуни рақиб ба таври густарда пирӯз мешавад. Назархоҳиҳои рӯзи якшанбе нишон медиҳад, ки Назарбоеви 70 сола беш аз 90 дарсад рай ба даст меорад. Мақомоти интихоботӣ мегӯянд, ки ширкати аҳолии қобили рай дар райдиҳӣ 90 дарсадро ташкил додааст. Натиҷаҳои муқаддамотии интихобот дар поёни рӯзи душанбе эълон мешавад. Се номзади дигар низ дар интихобот ширкат доштанд, вале ҳамаи онҳо аз хати маши Назарбоев ҷонибдорӣ карданд ва ширкати онҳо дар интихобот рамзӣ буд. Нируҳои сиёсии мухолиф интихоботро байкот карданд ва дар он ширкат наҷустанд. Онҳо интихоботро навъе саҳнасозӣ номиданд, ки заминаи панҷ соли дигари ҳокимияти Назарбоевро фароҳам меорад. Назарбоев аз солҳои фурӯпошии Шӯравӣ ҳамакнун 20 сол дар сари қудрат қарор дорад. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс дар бораи баъзе шикоятҳо роҷеъ ба тақаллуб дар интихобот гузориш додааст. Интизор меравад, ки нозирони интихоботии САҲА имрӯз дар бораи наҳваи баргузории интихобот гузориши худро имрӯз мунташир созанд.
XS
SM
MD
LG