Дирӯз фиристодаи Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия вориди Афина-пойтахти Юнон шуд, то паёми Қаззофиро ба мақомоти Юнон расонад. Вазорати корҳои хориҷии Юнон гуфт, Абдул Атӣ Убайдӣ-кафили вазири хориҷаи Либия бо Ҷеорҷ Папанндреу-нахустҳвазири Юнон мулоқот анҷом додааст. Вале мақмоти Юнон аз додани ҷузъиёт дар бораи ин мулоқот худдорӣ кардаанд.