Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз, душанбе


Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе то наздикиҳои бегоҳ ҳавои боронӣ дар назар дошта шудааст. Ҳаво рӯзона то 15 дараҷа гарм мешавад. Ҳарорат шабона 8 дараҷа гарм хоҳад буд.
Дар вилояти Суғд тақрибан то нисфирӯзӣ ҳавои офтобӣ дар назар дошта шудааст. Баъд аз чошт то наздикии бегоҳ борон меборад. Ҳаво рӯзона 13 дараҷа гарм мешавад.
Дар водии Вахш бориши борон дар назар нест. Ҳарорати ҳаво то ба 19 дараҷа гармӣ мерасад.
Дар минтақаи Кӯлоб то наздикиҳои бегоҳ борон меборад. Ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад.
Дар Хоруғ то нисфирӯзӣ барф меборад ва баъд аз чошт барф ба борон табдил меёбад. Шабона бориш қатъ мегардад. Ҳаво рӯзона 3 дараҷа гарм, шабона 10 дараҷа хунук мешавад
XS
SM
MD
LG