Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ақибнишинии чирикиҳо аз бандари Бурайқа


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Чирикиҳои Либия дар пайи набардҳои сангин бо нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ баъд аз пешрафтҳои қаблии худ акнун зоҳиран аз бандари нафтии Бурайқа ақиб менишинанд. Франс Пресс аз қавли чирикиҳо хабар дод, ки 300-400 чирикӣ таҳти фишори нирӯҳои Қаззофӣ маҷбур шудаанд, аз Бурайқа хориҷ шаванд. Дар Бурайқа садои парвози ҳавопаймоҳои НАТО низ шунида мешуд. Чирикиҳои Либия аммо мегӯянд, бо вуҷуди ҳалокати 13 чирикӣ бар асари ҳамлаи ҳавоии шаби ҷумъа ҳамчунон аз амалиёти таҳти фармони НАТО алайҳи Қаззофӣ пуштибонӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG