Имрӯз дар Қазоқистон интихоботи пеш аз вақти раёсати ин ҷумҳурӣ доир мешавад. Зоҳиран ин навбат ҳам дар раъйгирӣ раҳбари кунунии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баранда хоҳад шуд. Интихоботи имрӯза ба ин тартиб бештар ба як расмият мемонад, ки ҳадафаш ба дасти Назарбоев супурдани боз як давраи панҷсолаи раҳбарист. Назарбоеви 70-сола, ки аз соли 1989,инак 22 сол боз бар Қазоқистон ҳукумат меронад, имрӯз баъди райъдиҳӣ гуфт, ин маърака ваҳдати Қазоқистон ва азми мардум барои суботу дӯстиро таҳким хоҳад бахшид.
Се номзади дигар ҳам ба интихобот рафтаанд, вале тавони бо Назарбоев сабқат кардани онҳо хеле баъид менамояд. Яке аз онҳо – Мелс Елеусизов ҳатто эътироф кард, ки худи ӯ ҳам ба Назарбоев раъй додааст. Мухолифини қазоқ ба таҳрими интихоботи имрӯза даъват кардаанд.