Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис тазоҳуротро дар Боку пароканда кард


Пулиси Озарбойҷон рӯзи шанбе ба хотири пароканда кардани як раҳпаймоии бидуни иҷозат аз нирӯ истифода бурд. Пулис дар майдони Фаввораҳои Боку бо калтакҳову тирҳои резинӣ мусаллаҳ буд. Аммо ҳудуди 300 эътирозгар бо ин вуҷуд ба раҳпаймоии худ ба самти маркази пойтахт идома дода, истеъфои раҳбарони Озарбойҷонро талаб мекарданд. Хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ мегӯяд, пулис аз гази ашковар кор бурда, тазоҳургаронро боздошт ва иҷборан ба автобусҳо бор мекард. Тазоҳуроти ахир дар Боку бо ибтикори Палатаи мардумӣ, як гурӯҳи мухолифи давлат даъват шуд.
XS
SM
MD
LG