Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пойтахти Яман тазоҳуроти рақибон баргузор мешавад


Ҷонибдорони раиси ҷумҳур
Ҷонибдорони раиси ҷумҳур
Интизор меравад, ки имрӯз дар пойтахти Яман тазоҳуроти рақибон баргузор шавад. Хабаргузории давлатии Сабо гуфт, ҷонибдорони Алӣ Абдулло Солеҳ-раиси ҷумҳури Яман бо дархости вай ба сӯи Санъо-пойтахти кишвар мешитобанд, то аз раиси ҷумҳур тарафдорӣ кунанд. Мухолифони раиси ҷумҳур, ки дар миёни онҳо аслан ҷавонон мушоҳида мешаванд, дар майдоне бо номи “Майдони дигар” дар назди донишгоҳ гирдиҳам омадаанд. Ин майдонро мухолифон ҳамин тавр номгузорӣ кардаанд. Ҳомид ал Аҳмар-раҳбари Ҳизби Ислоҳ ба BBC гуфтааст, мухолифон ба нақша гирифтаанд, ки тазоҳуроти зиддидавлатиро густардатар кунанд.
XS
SM
MD
LG