Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Пешравии нируҳои Қаззофӣ боздошта шудаанд


Барак Обама
Барак Обама
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия баъд аз ҳамлаҳои ҳавоии Ғарб “хеле заиф” шудааст ва амалиёти низомии нируҳои Қаззофӣ бар зидди нируҳои шӯришиёнро нируҳои эътилофи байналмиллалӣ боздоштаанд. Обама зимни суханони худ гуфт, вай баъд аз таҳдиди Қаззофӣ тасмим гирифтааст, ки ба эътилофи байналмиллалӣ бипайвандад. Қаззофӣ таҳдид кард, ки мухолифони худро дар Либия аз байн хоҳад бурд, то умри режими худро дарозтар кунад. Обама гуфт:

“Мо медонем, ки агар як рӯзи дигар мунтазир мемондем, шаҳри Бенғозӣ ба хоку хун яксон мешуд ва дар саросари минтақа фиғон ба фалак мепечид ва он виҷдони ҷаҳониёнро ба дард меовард”.

Обама гуфт, Амрико бо муттаҳидони худ кор хоҳад кард, то Муаммар Қаззофиро ба истеъфо водор созад. Қаззофӣ аз 40 сол ба ин сӯ дар сари қудрат қарор дорад.
XS
SM
MD
LG