Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Axios: Виткофф ва Ароқчӣ роҳии Швейтсария шудаанд

Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Доналд Трамп ва Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон пас аз эълони оташбас миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, роҳии Швейтсария шудаанд. Ин оташбас умедҳо ба азсаргирии музокироти Эрон ва Амрикоро афзоиш додааст.

Исроил ва "Ҳизбуллоҳ" рӯзи ҷумъа пас аз чанд рӯзи даргириҳои сахт, бо оташбас мувофиқат карданд. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", ин танишҳо пештар боис шуда буд, барномаи сафари Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико ба Швейтсария бекор шавад ва норӯшаниҳое дар бораи ояндаи музокирот ба миён ояд.

Тибқи гузориши Axios, Стив Виткофф барои пайвастан ба Ҷеред Кушнер, ки ҳамакнун дар Шведсари ҳузур дорад, роҳии ин кишвар шуд ва Аббос Ароқчӣ низ қарор аст рӯзи шанбе ба Швейтсария сафар кунад.

Axios менависад, ки ин таҳаввулот нишонае аз омодагии ду тараф барои оғози музокираҳои фаннӣ бо ҳадафи даст ёфтан ба созиши пойдортар арзёбӣ мешавад.

Хабаргузории "Рейтерз" менависад, Кохи Сафед ба пурсиш дар бораи сафари Виткофф посух надод.

Як мақоми баландпояи амрикоӣ ба ин хабаргузорӣ гуфт, оташбаси Лубнон бо миёнҷигарии Амрико ва Қатар ва бо кӯмаки Эрон ба даст омадааст.

Ҷониби Эрон то кунун ба таври расмӣ дар бораи сафари Аббос Ароқчӣ ба Швейтсария чизе нагуфтааст.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бори дигар аз тафоҳумнома бо Эрон ҳимоят кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки давоми 60 рӯзи музокирот, ҳеч пуле ба Эрон пардохт нашудааст.

Раҳбарони Амрикову Эрон пас аз музокироти дарозу печидае рӯзи 18-уми июн ба эъломияи тафоҳумномаи сулҳ байни ду кишвар имзо гузоштанд, ки хатми тамоми даргириҳоро дар Халиҷи Форс дар назар дорад.

Ҷанг байни Амрикову Эрон ва Исроил 28 феврали имсол ва баъд аз ҳамлаҳои Амрико ба иншооти атомии Эрон оғоз шуд.

Бо идомаи даргириҳо, Эрон тангии Ҳурмуз, яке аз оброҳаҳои муҳими ҷаҳониро баст, ки 20 дарсади нафту гази моеи ҷаҳон аз он мегузарад.

Қатъи ҳаракати киштиҳо аз Ҳурмуз, боис ба болоравии нархи нафту газ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар худи Амрико шуд ва иқтисоди ҷаҳониро ҳам ба мушкилот гирифтор кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG