Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон чист ё куҷост? Ёде аз баҳори соли 1994


Паноҳҷӯёни тоҷик. Соли 1993. Акс аз Олег Власов/ТАСС
Паноҳҷӯёни тоҷик. Соли 1993. Акс аз Олег Власов/ТАСС

Бахшида ба солгарди 30-юми оғози музокироти сулҳи тоҷикон таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид

Сӣ сол пеш, қабл аз шурӯи музокироти сулҳи тоҷикон, ҳодисаҳои муҳим рӯй доданд. Даври аввали музокирот рӯзи 5-уми апрели соли 1994 дар Маскав баргузор шуд ва тақрибан баъд аз севуним сол дар ҳамон ҷо бо имзои Созишномаи сулҳ ба поён расид.

Муаллифи ин сатрҳо, ки нимаи аввали соли 1994 дар Вашингтон таҷрибаомӯзии илмӣ мегузаронид, шоҳиди он буд, ки чӣ гуна ҷаҳониён бори аввал дар бораи Тоҷикистон гап мезаданд. Албатта, далели ҳарф задани онҳо ғамангез, ҷанги шаҳрвандие буд, ки ба бунбаст ворид шуда буд. Муаллиф мехоҳад, таассуроти он давраи худро бо хонандагон дар миён гузорад.

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор

Қисми 1

“What is Tajikistan?”

Дере нагузашта маълум шуд, ки дар Амрико одамони хеле кам дар бораи кишваре бо номи Тоҷикистон ва умуман ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Миёна маълумот доранд. Бархе онҳоро танҳо “истонҳо” ё ҳатто “Whateverstan” (ҳарчи истон) меномиданд. Ин суханҳо аз таҳқир дида, бефарқиро нишон медоданд.

Бисёриҳо дар Ғарб моро ҷузъи Русия мешумурданд ва ҳатто рус мегуфтанд. Дар доираҳои илмӣ чанд олими шӯравишинос ва донишмандони давраи “Ҷанги сард” аз таърихи тоҷикон огоҳӣ доштанд. Дар Амрикои Шимолӣ ду нафар – Мюриел Эткин аз Донишгоҳи Вашингтони Амрико ва Тереза Раковска-Хармстоун аз Донишгоҳи Карлтони Канада – буданд. Ба ман муяссар шудааст, ки бо онҳо шинос шавам.

Ин бонувон, ҳарчанд боре дар Тоҷикистон набуданд, онро дӯст медоштанд. Ба монанди донишманде, ки соҳаи омӯзиши худро дӯст медорад. Аммо ташхису нуфузи онҳо барои рушди таҳқиқи тоҷикон дар Ғарб кофӣ набуд. Албатта, дар Ҳарвард як дӯсти бузурги Тоҷикистон, патриархи эроншиносии ҷаҳон Ричард Фрай буд, вале тахассуси ӯ ба омӯзиши таърихи қадим ва асри миёна равона шуда буд. Дар хори бисёровозӣ, ки ҷомеаи байнулмилал (international community) ном дошт, изи муайяни тоҷикӣ дида намешуд.

Камолуддин Абдуллоев
Камолуддин Абдуллоев

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико – кишвари сарватмандтарин ва нерӯмандтарини дунё – боз нашуда буд (Он дар соли 2002 боз шуд). Дипломат, таҳлилгар ва сиёсатмадорони маъруфи тоҷик ва ё номҳои шинохта набуданд. Дар бораи худи президенти Тоҷикистон ҳам кам медонистанд. Як намояндаи расмии Душанбе буд, ки ҳоло даргузаштааст ва намехоҳам номашро биёрам. Ӯ ҳамроҳи як марди сафедмӯй бо қаду басти низомӣ аз сафорати Русия, ки нақши тарҷумонро мебозид, ба ҷаласаҳои ниҳодҳои амрикоӣ ва байнулмилалӣ ҳозир мешуд.

Марди рус ба дипломати тоҷик баъзан мегуфт, ки вақте аз ӯ пурсиданд, бояд чӣ ҷавоб диҳад. Ин ширкатдорони ҷаласаро ба хашм меовард. Онҳо интизор доштанд, ки намояндаи Тоҷикистон аз номи худаш ҳарф бизанад. Дипломати тоҷик хайрхоҳӣ нишон медод ва ба рӯйи ҳама табассум мекард, вале наметавонист сухани қобили таваҷҷуҳе бигӯяд. Ин суханҳо ба муаллифи сатрҳо низ дахл дорад, ки дар аввал дар мубоҳисаҳои марбут ба Осиёи Марказӣ ба ҷойи ширкат кардан, гӯш андохтанро беҳтар мешуморид.

Дареғ, Тоҷикистон ба мустақил шудан омода набуд. Дар ҳоле ки ҳамсояҳои мо соҳибихтиёрии худро таҳким бахшида, аз пойгоҳҳои мавҷудаи байнулмилалӣ истифода мекарданд, дипломатияи худро рушд медоданд, кишвари сарбаланду соҳибистиқлоли худро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекарданд (ба монанди сардори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии Қазоқистон марҳум Умерсерик Касенов ё сафири вақти Узбекистон, ки ба иштирокдорони конфронси Донишгоҳи Йел оши палав дод), тоҷикон вориди як ҷанги хунине шуда буданд, ки моҳияти онро ҳатто худашон намедонистанд, чи расад ба дигарон.

Вазъи байнулмилалӣ дар остонаи музокирот

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо президенти пешини Амрико Бил Клинтон ва ҳамсараш Ҳилларӣ Клинтон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо президенти пешини Амрико Бил Клинтон ва ҳамсараш Ҳилларӣ Клинтон

Дастёбӣ ба сулҳ дар Тоҷикистон ба давраи президентии Билл Клинтон дар Амрико (1993-2001) рост омад. Ҳамсинф ва дӯсти ӯ, Строуб Тэлботт муовини котиби давлатии Амрико таъйин шуд. Вай бо масъалаҳои вобаста ба Русия ва кишварҳои пешини Шӯравӣ, бахусус коҳиши хатарҳои марбут ба пошхӯрии Иттиҳод машғул буд.

Муаллифи ин сатрҳо соли 2001 бо Тэлботт мулоқот кардааст. Гуфтугӯйи мо ба омодагӣ ба як конфронси бузург дар бораи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ пайванд дошт (Афсӯс, ягон намояндаи мақомоти тоҷик дар он ширкат накард).

Заминаи умумии байнулмилалие, ки то баҳори соли 1994 ба вуҷуд омад, барои Тоҷикистон мусоид буд. Ҷанги сард ба охир расид ва душманони собиқи Маскав ва Вашингтон давраи наздикшавиро пушти сар карданд. Яке аз китобҳои Тэлботт “Билл ва Борис” ном дорад. Билл Клинтон Борис Елтсинро “одами мо дар Кремл” меномид. Вай паст назадани нуфузи президенти Русияро беҳтар медонист ва мехост кишварро бо роҳи пеш бурдани демократия ва иқтисоди бозорӣ тағйир диҳад.

Амрикоиҳо Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистонро “саҳни дохилӣ”-и Русия медонистанд ва азми мустақими ворид шудан ба қазияи тоҷиконро надоштанд. Онҳо дар яке аз давраҳои аввали музокироти сулҳи тоҷикон ширкат карда буданд, вале он ҳам дар сатҳи ғайрирасмӣ. Онҳо ба зидди иштирок дар ҳама давраҳои музокирот набуданд, ба истиснои давраҳое, ки дар Эрон баргузор мешуданд.

Пажӯҳишгари англис Ширин Акинер бар ин буд, ки Русия ва Эрон ба ҳузури нозирони амрикоӣ дар музокирот мухолифат доштанд. Шояд назари ӯ дуруст буд, аммо ба фикри ман, амрикоиҳо дар ин бора аслан исрор наварзиданд. Онҳо ба Елтсин, ки ҳам ба Душанбеи расмӣ ва ҳам то андозае ба мухолифони тоҷик дар Маскав нуфуз дошт, бовар доштанд. Илова бар ин, сафирони нахустини Амрико дар Тоҷикистон Стэнли Т.Эскудеро ва Грант Смит (1992-1998) дар ҷойҳои гуногун бо намояндагони тарафҳои даргири ҷанги шаҳрвандии кишвар ғайрирасмӣ мулоқот ва бо Созмони Милал ҳамкорӣ карда, аз раванди музокирот огоҳ буданд.

Музокироти сулҳи тоҷикон
Музокироти сулҳи тоҷикон

Иёлоти Муттаҳида аз Муколамаи тоҷикон дар доираи “конфронси Дартмут”, ки дар омодагиҳои он дар солҳои 1992-1993 муаллифи ин сатрҳо иштирок дошт, пуштибонӣ мекард. “Дартмут” ҳанӯз дар соли 1960 ҳамчун як платформаи муколама миёни зиёиёни амрикоӣ ва Шӯравӣ (аз соли 1991 зиёиёни рус) таъсис ёфта буд. Ҳайати Амрикоро дар муколамаҳо Ҳаролд Сандерс, ёвари пешини котиби давлатии ИМА дар умури Шарқи Наздик дар маъмурияти президент Ҷиммӣ Картер раҳбарӣ мекард.

Ҳаролд раҳбари асосии назариявӣ ва амалии музокироти сулҳи тоҷикон буд. Ба ӯ шарқшиносони рус В. Наумкин ва И. Звягелская мадад кардаанд. "Дартмут" ба Тоҷикистон на барои дахолати мустақим ба муноқишаи тоҷикон бо мақсади миёнаравӣ, балки барои ташкили як гурӯҳи тоҷикон омада буд, ки тавонад ба коркарди раванди сулҳ оғоз бахшида, ба идома ёфтани он дар оянда мусоидат кунад.

Музокироти сулҳи тоҷикон пеш аз шуруи гуфтугӯҳои расмӣ таҳти сарпарастии Созмони Милал дар соли 1994 аллакай як сол пеш оғоз шуда, 6 ҷаласа баргузор карда буд. То охири соли 2000-ум, ки муколама ба поён расид, 29 мулоқот бо иштироки даҳҳо намояндаи тоҷикон асосан дар Маскав ва аз соли 1996 дар шаҳри Душанбе гузаштааст.

Дар муколама донишмандон, профессорон, соҳибкорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик ширкат кардаанд. Сокинони мулкие, ки дар даргириҳо иштирок надоштанд ва дар хидмати давлатӣ набуданд, аммо аз ин ё он ҷониб пуштибонӣ мекарданд. Бархе аз онҳо баъдан дар гуфтугӯҳои расмӣ таҳти сарпарастии СММ иштирок карданд. Таҷрибаи онҳо дар "Дартмут" барои омода кардани созишномаи сулҳ лозим омад. Ба ҷуз ин, ширкатдорони муколама ба Иёлоти Муттаҳида низ даъват шудаанд.

Эрони ҳамзабону ҳамфарҳанг, ки мухолифони тоҷик дар симои он ҳомии худро медиданд, аз лиҳози геополитикӣ дар канори Русия меистод, ҳамчун як нерӯи калидие, ки метавонад бо нуфузи афзояндаи Амрико дар минтақа муқовимат кунад. Аз ин рӯ, Эрон талош мекард, аз рӯҳияи русбадбинии мухолифони тоҷик пешгирӣ карда, ҳамзамон бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориҳои фарҳангиро густариш медод.

Русия, тавре дар боло гуфта шуд, дар муқовиматҳо бо мухолифон аз ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мекард ва ҳамзамон ба зидди музокироти сулҳ набуд. Барои дастёбӣ ба сулҳи тоҷикон як вазъи бисёр мусоиди геополитикӣ ба вуҷуд омада буд. Сиёсатҳои ҳам Русия ва ҳам Эрон дар робита ба тоҷикон яксон буд. Онҳо сулҳро беҳтар аз ҷанг мешумурданд.

Ин ду кишвар дар соли 1993 шарикии стратегиеро ташкил карданд, ки на танҳо барои расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон, балки барои ҳифзи субот дар тамоми Осиёи Марказӣ ва минтақаи Қафқоз нақши асосиро бозид.

Эрон ҳарчанд ба монанди Афғонистон исломист, вале бесарусомониҳоеро, ки муҷоҳидон пас аз рафтани нерӯҳои Шӯравӣ ба вуҷуд оварданд, қабул надошт. Ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд аз Русия ёрии низомӣ мегирифтанд ва ҳамаи он ба воситаи Тоҷикистон ба онҳо дастрас мешуд. Бинобар ин, барои тоҷикони шимоли Афғонистон субот дар Тоҷикистон ва ҳифзи нуфузи Русия дар он масъалаи ҳаётӣ буд.

Он замон дар доираҳои байнулмилалӣ бонги хатар мезаданд, ки мухолифони тоҷик, онҳое, ки соли 1993 ба Афғонистон фирор карда буданд, таҷрибаи хидмат дар сафи артиши нерӯмандтарин дар ҷаҳон – артиши Шӯравиро доранд ва метавонанд ба сафи ҷиҳодиён пайваста, тавонманди низомии онҳоро ба маротиб афзоянд ва ба тамоми ҷаҳон ҳамчун як гуруҳи террористӣ таҳдиде ба миён оваранд.

Толибон ҳамчун ҷунбиш дар соли 1992 дар Покистон ба вуҷуд омаданд. Эрониҳо аз ин ҷунбиши зидди шиаҳо нафрат доштанд. Толибон дар Амрико эҳсоси омехта бо ҳайрату тарсро ба вуҷуд оварда буданд.

Ғарб дар симои онҳо насли ғайрифасодзадаи муҷоҳидин – донишҷӯёни фақири мадрасаҳои Покистонро медид, ки аз ҷониби Арабистони Саудӣ, дӯсти Амрико сармоягузорӣ мешуданд. Коршиносони амрикоӣ муҷоҳидонро ҳамчун қурбониҳои маъюби ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ муаррифӣ карда, Толибонро ятимоне мегуфтанд, ки падарони худро дар ҷанги СССР бо Афғонистон дар солҳои 80-ум аз даст додаанд. Интернет, ки қадамҳои нахустини худро мегузошт, дар миёнаҳои солҳои 1990 акси ришдорони ҷасурро бо саллаҳои сиёҳ ҳамчун қаҳрамонҳое, ки Иттиҳоди Шӯравиро шикаст дода, тартиботро дар Афғонистон ҷорӣ карданианд, нашр мекард.

Баҳори соли 1994 буд. То ҷанги якуми Чеченистон 9 моҳ ва то ҳамлаи калонтарини террористӣ дар таърихи ҷаҳонӣ, ки 9-уми сентябри соли 2001 дар ИМА рух дод, 7 сол монда буд. Ҳеч яке аз бозигарони ҷаҳонӣ ва минтақаӣ намехостанд, ки дар як кишвари кӯҳистонии форсизабон бо номи Тоҷикистон, воқеъ дар дарвозаи Осиёи Ҷанубӣ (Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон), ки мушкилоти кам надошт, ҷанг идома ёбад.

Чин танҳо мунтазир буд, ки дар Помири ҳамсояаш кӣ ғолиб меояд. Барои Пекин кӣ будани баранда, коммунист аст ё исломгаро ва ё демократ фарқ надошт. Он ғолибро барои он мунтазир буд, ки муносибатҳоро барқарор кунад. Ҳиндустон аз робитаҳои Покистон бо мухолифони тоҷик хушнуд набуд, вале барои таъсир гузоштан дар сиёсатҳои Тоҷикистон низ фишанги кофӣ надошт.

Бинобар ин, таҳдидҳо барои кумак ба яке аз тарафҳои даргир дар Тоҷикистон хеле кам буданд. Дар Тоҷикистон имкони сар задани “ҷанги ниёбатӣ”, яъне муноқишаи кишварҳои бузург тавассути амалиёти низомӣ дар қаламрави як кишвари дигар барои расидан ба ҳадафҳои худ вуҷуд надошт.

Идомааш рӯзи панҷшанбе, 11-уми апрел, нашр мешавад

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
XS
SM
MD
LG