Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба Покистон: Бо Афғонистон зӯргӯӣ накунед


Марзи Афғонистон ва Покистон.
Марзи Афғонистон ва Покистон.

Муовини фармондеҳи Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумати Толибон Покистонро таҳдид кардааст, ки дигар бо Афғонистон зӯргӯӣ накунад.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллии Афғонистон, Молихон Сиддиқ рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти мардумӣ дар вилояти Лугар гуфтааст, ки ҳукумати Толибон тавоноии онро дорад, ки ба Покистон ё ҳар ҳамсояи дигар посухи мутақобил бидиҳад.

"Ҳар ҳамсояе, ки моро бихоҳад маҷбур кунад, Покистон бошад ё дигаре, ба зӯргӯӣ ниёз нест. Дуруст аст, ки мо наметавонем аз инҷо ба Исломобод шиллик кунем ва ин рух нахоҳад дод. Аммо онҳое, ки дар садметрии мо қарор доранд, зинда нахоҳанд монд".

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳукумати Покистон рузи сешанбе эълон кард, ки ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар субҳи душанбе бархе қароргоҳҳои Толибони покистонӣ дар вилоятҳои Хуст ва Пактикои Афғонистонро ҳадаф қарор доданд.

Ҳукумати Толибон гуфт, ки дар ин ҳамлаҳо ба камиаш ҳашт ғайринизомӣ кушта шуданд. Аммо ҷониби Покистон мегӯяд, ки дар ин ҳамлаҳо махфигоҳҳои вобаста ба гурӯҳи тундрави Ҳофиз Гул Баҳодур аз Таҳрики Толибони Покистонро ҳадаф қарор додааст.

Ҳамзамон бо ҳамлаҳои Покистон бар хоки Афғонистон, вазорати дифои Толибон гуфт, ки дар вокуниш ба ин ҳамлаҳо, шуморе аз марказҳои низомии Покистонро дар наздикии хатти Дюранд ҳадаф қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG