Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон нигарон аст


Созмони байнулмилалии Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch  дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард.

Ҳю Вилямсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар HRW, дар шабакаи иҷтимоии "Х" (Твиттер) навишт, ки созмон аз баррасии тарҳи қонун "Дар бораи намояндагони хориҷӣ" ва боздошти 11 рӯзноманигори пешину ҳозира тарҳи "Темиров LIVE" ҳам ташвиш дорад.

HRW қаблан аз вакилони порлумони Қирғизистон даъват карда буд, ки тарҳи қонуни "намояндагони хориҷӣ"-ро қабул накунанд. Қатъи таъқиби рӯзноманигорон аз хостҳои дигари созмон буд.

Ба назари масъулони созмон, қабули қонун роҳро барои дахолати беасос ба фаъолияти созмонҳои иҷтимоии Қирғизистон, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, ҳамвор мекунад.

Мақомоти Қирғизистон танҳо дар моҳи феврал ду рӯзноманигор - Батмакан Жолболдуева ва Эрмек Аттокуровро ба гумони тамаъҷӯӣ дастгир карданд. Пештар дар моҳи январи имсол якбора 11 рӯзноманигори қирғизистонӣ ҳабс шуда буд.

XS
SM
MD
LG