Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Наметавонем ба Узбекистон гузарем." Навбатпойии тӯлонӣ дар "Ойбек"


Чанд ронандаи мошини боркаш мегӯянд, убур аз гузаргоҳи марзии “Фотеҳобод-Ойбек” дар рӯзҳои ахир мушкилтар шудааст. Ба гуфтаи ронандагон, мошинҳои зиёд дар ин гузаргоҳ ҷамъ шудааст ва наметавонанд аз Тоҷикистон ба Узбекистон гузаранд. Мақомот расман масъаларо шарҳ надодаанд.

Як ронандаи мошини боркаш 31-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, чор рӯз пеш ба гузаргоҳи “Фотеҳобод-Ойбек” расида, аммо барои гузаштан иҷозат намедиҳанд.

"Мо меваи хушк дорем ва бояд аз тариқи Узбекистон ва Қазоқистон ба Русия барем. Аммо мошинҳо бисёр оҳиста мегузаранд ва навбат хеле зиёд аст",-гуфт ин ронанда.

Корбари дигари Радиои Озодӣ навишт, даҳҳо мошини боркаш дар гузаргоҳи "Фотеҳобод-Ойбек" ҷамъ шуда, интизори вуруд ба Узбекистон ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон то ҳол масъаларо расман шарҳ надодаанд. Як масъули идораи гумруки Тоҷикистон дар гузаргоҳи "Фотеҳобод" дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ҳолати пешомадаро тасдиқ кард.

Ин масъул гуфт, мақомоти Узбекистон тафтиши мошинҳоро сахттар кардаанд ва дар як соат фақат 1-2 мошинро иҷозаи гузаштан медиҳанд. Барои ҳамин ба гуфтаи ин масъул, қатори тулонии мошинҳо дар тарафи Тоҷикистон пайдо шудааст.

Гузаргоҳҳои Фотеҳобод-Ойбек дар ноҳияи Мастчоҳи нав ҷойгир буда, яке гузаргоҳҳои асосӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон аст. Қаблан мақомоти Узбекистон хабар дода буданд, ки аз дохили баъзе мошинҳое, ки аз Тоҷикистон гузаштаанд, маводи мухаддир пайдо карданд.

Маъмурони гумруки Узбекистон рӯзи 12-уми сентябри соли гузашта аз пайдо шудани қариб 70 кило маводи мухаддир дар гузаргоҳи "Сариосиё" хабар доданд. Дар навори мақомот гуфта шуд, ки мошини боркаши "Волво" аз Тоҷикистон омадааст.

Як моҳ пеш аз ин дар гузаргоҳи "Ойбек" дар марзи Узбекистону Тоҷикистон аз чунин ҳолат пешгирӣ шуд. Он замон марзбонон аз дохили зарфи газ қариб 53 кило ҳашиш ва бештар аз 3 кило ҳероинро дарёфту омилонашро боздошт карда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон ба ин хабарҳо вокуниш накардаанд. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пурсидаанд, ки ин мошинҳо чӣ гуна аз гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон гузаштанд?

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG