Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди боло бурдани як навъи хадамот дар Тоҷикистон


Масъулони "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ хостаанд, ки ҳаққи хидматрасонии ин идораро аз 15 то 20 дарсад боло барад.

Усмон Давлатзода, мудири "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", рӯзи 29-уми январ гуфт: "Вақте нархи барқ гарон шуд, бояд арзиши об ва тоза кардани партовҳо ҳам боло бурда шавад."

Ҳоло ҳаққи хидматрасонӣ барои тоза кардани партов ба сари як нафар дар Душанбе моҳе 3,5 сомонӣ ва барои корхонаҳо ба як метри 1 мукааб то 54 сомонӣ муайян шудааст.

Кӯшиши боло бурдани нархи хидматрасонии коммуналӣ дар ҳолест, ки сокинони Душанбе пайваста аз саривақт тоза нашудани партов шикоят мекунанд.

Фирӯза, як сокини Душанбе, гуфт: "Дар бинои навбунёди 13-ошёна зиндагӣ дорем. Ҷойи партофтани партов нест. Сокинон маҷбур партовҳоро чанд километр дуртар баранд. Ё аз ночорӣ дар қади роҳ мепартоянд ва моҳҳо касе онро намегирад."

Усмон Давлатзода бовар дорад, ки сокинон на ҳамеша қоидаҳоро риоя мекунанд.

Дар гузашта мақомоти милиса нисбат ба зане барои аз тирезаи хонааш ба берун партофтани партов дар Душанбе парванда боз карда буданд.

Ба қавли сокинон, онҳо ҳаққи партовҳоро ҳар моҳ медиҳанд, аммо намедонанд, ки пули додаашон барои чӣ харҷ мешавад. Аксари қуттиҳои партов дар шаҳр лабрез асту дар атрофи онҳо низ "теппаҳои партов" пайдо шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG